(Тоҷикӣ) ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪСИРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР БА ОЯНДАИ ИНСОН ВА ҶОМЕА
Дар замони муосир кишварҳои ҷаҳон бо суръати бесобиқа ба сӯйи рушди технологияҳои иттилоотии замонавӣ ҳаракат карда истодаанд ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ имконият фароҳам сохта истодаанд. Яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техника дар замони муосир “зеҳни сунъӣ” ба ҳисоб рафта, имрӯз ба тамоми соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварҳо, низоми идоракунии онҳо ва ҳаёти инсон ворид гардидааст.
Тазаккур бояд дод, ки зеҳни сунъӣ на танҳо тарзи кору фаъолият, балки тарзи фикрронӣ ва муносибати ҷомеаро ба таври зарурӣ тағйир дода истодааст ва ин метавонад ба фикронии ҷавонон ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ дошта бошад. Дар ин замина, ҷавонон метавонанд ҳамчун як қишри фаъолу пешбарандаи ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд, зеро онҳо бештар ба технологияҳои нав таваҷҷуҳ доранд ва аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Мушоҳида намудан мумкин аст, ки имрӯз ҷавонон тавассути интернет ва барномаҳои интеллектуалӣ метавонанд дониш омӯзанд, касб интихоб намоянд ва ҳатто бо ҷаҳониён ҳамкорӣ намоянд.
Боиси зикр аст, ки ин имкониятҳо барои рушди илм, иқтисод ва фарҳанг шароити нав фароҳам меоранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин имкониятҳои ба даст омада, рушди босуръати технология баъзе мушкилот ва хатарҳоро низ ба вуҷуд меорад, аз ҷумла вобастагии зиёд ба интернет, коҳиши муоширати зинда ва паҳншавии маълумоти бардурӯғ. Аз ҳамин сабаб, ҷомеа бояд ҷавононро ба истифодаи дуруст ва оқилонаи технологияҳо роҳнамоӣ намояд. Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонони он вобаста буда, ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд”. Зарур аст ҷавонон аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ самаранок истифода баранд, дар ин маврид метавонанд дар пешрафти ҷомеа ва рушди кишвар саҳми бузург дошта бошанд.
Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили таъсири технологияҳои нав ба ҳаёти ҷавонон ва ояндаи ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами замони имрӯз ба ҳисоб мешуморем.
Имрӯз зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат нишон медиҳад, ки ӯ аз инсон бартар аст, ҳарчанд худи ӯ маҳсули таффакури инсон мебошад. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани триллионҳо иттилоотро доро буда, дар як соня метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд. Агар қобилияти ӯро бо инсон муқоиса намоем, мебинем, ки зеҳни сунъӣ метавонад шароит фароҳам биоварад то дар оянда техналогия бар инсонҳо мусалат бигардад. Шояд дар ояндаи наздик, зеҳни сунъӣ нисбат ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим бигирад. Алббата бо натиҷагирии раванди рушди технология, ин фарзия дар ояндаи начандон дур ба ҳиқиқат табдил хоҳад ёфт. Зеро чанд даҳсолаи ахир аст, ки дар бозори меҳнат инсон ва технология дар рақобат бо ҳам қарор доранд. Технологияҳои муосир метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун инсонро иваз намоянд. Раванди худкоргардонии техналогия, мавқеъи инсонро дар бозори меҳнат танг менамояд, вале дар баробари ин боиси пайдоиши касбҳои нав мегардад. Аммо дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Ин ки дар оянда инсон тобеи техналогия мегардад ва ё на, инро раванди ташаккули техналогия ба мо нишон медиҳад. Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор бигирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар маркази таваҷҷуҳи он масъалаҳои соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар фаро гирифта, дастовардҳо ва камбудиҳои тарҳрезӣ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян менамояд. Ҳамзамон, зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди бонизоми «зеҳни сунъӣ», «иқтисоди рақамӣ», «иқтисоди сабз» ва «инноватсия»-ро таваҷҷуҳ намуда, барои татбиқи босамари онҳо дастуру ҳидоятҳои созандаро роҳандозӣ намуданд. Ҳадафҳои болозикрро мавриди омӯзишу хулосабарорӣ қарор дода, қайд намуданд, ки масъалаҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз» ва инноватсия дар шароити рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мубраммияти ба худ хосро касб намуда истодаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) дар ҷаҳони технологӣ падидаи нав буда, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, ворид ва истифода гардидани технологияҳои пешқадаму муосир дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меоваранд, ки дар солҳои наздик сохтори иқтисодӣ ва тарзи фаъолияти одамон ба куллӣ иваз гардад. Ин аст, ки бо мақсади расидан ба натиҷаҳои шоиста бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Дар ин замина, ҷавобгӯй ба талаботи муосири бозори ҷаҳонӣ, бахусус рушди муносибатҳои рақамӣ ва маҷозӣ, дар Стратегияи мазкур ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муайян карда шудааст.
Барои ҳар яки мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки дар партави ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро мавриди қабул қарор гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмааи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд. Аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул гардидани қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» нақши муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳаммияти таърихии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид менамояд.
Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳо ва рақамӣ шудани ҳаёт тамоми соҳаҳоро фаро гирифтааст, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи асосӣ дар рушди иқтисод ва ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ин технологияҳо қариб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, бонкдорӣ то самти мудофиа ворид шуда, кори инсонро ба маротиб беҳтар ва осон мегардонанд. Дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад.
Тазаккур бояд дод, ки имрӯзҳо зеҳни сунъӣ ба ояндаи инсон низ таъсир расонда истодааст. Таъсири зеҳни сунъӣ ба зиндагии ҳаррӯза, аз ҷумла табобат ва тандурустӣ хеле назаррас аст. Имрӯз он дар ташхиси бемориҳо, таҳлили натиҷаҳои тиббӣ ва ҳатто дар ҷарроҳӣ истифода мешавад. Бо кумаки зеҳни сунъӣ ташхиси бемориҳои гуногун аз ҷумла: саратон, қанд, бемориҳои дил зудтар ва саҳеҳтар мешавад. Ин усули муосир кори табибонро осонтар мекунад ва хатогиро коҳиш медиҳад.
Дар соҳаи таълим зеҳни сунъӣ барои сохтани платформаҳои таълими интерактивӣ истифода мешавад. Донишҷӯён метавонанд бо ёрии барномаҳои AI сари вақт савол диҳанд, супоришҳоро иҷро кунанд ва аз муаллимони сунъӣ истифода баранд.
Системаҳои роҳнамо, нақлиёти автоматӣ масалан, мошинҳои бидуни ронанда ва хизматрасонии «ҳушманд» дар соҳаи нақлиёт, самараи зеҳни сунъӣ мебошанд. Онҳо барои кам кардани садамаҳо, роҳандозии ҳаракати самаранок ва коҳиши ифлосшавӣ мусоидат мекунанд.
Дар марказҳои савдо барои тавсияи маҳсулот, идоракунии анбор ва ҳатто дар муошират бо муштариён васеъ истифода мешавад. Чат-ботҳо ба ҷойи одамон кор мекунанд ва шабонарӯзӣ посух медиҳанд.
Бо вуҷуди манфиатҳои зиёд, зеҳни сунъӣ бо хатарҳое низ рӯ ба рӯ аст:
1. Суст шудани ахлоқ ва арзишҳои инсонӣ: Ахлоқ албатта пояи асосии ҷомеаи солим мебошад. Ҳангоме, ки одамон ростқавлӣ, эҳтиром, инсоф ва масъулиятро фаромӯш мекунанд, байни аҳолӣ беэътимодӣ зиёд мешавад. Чунин раванд метавонад сабаби зиёд шудани ҷиноят, фиреб, хушунат ва аз байн рафтани муносибатҳои иҷтимоӣ гардад. Агар ҷомеа ахлоқи солим надошта бошад, ҳатто пешрафти илм ва технология ҳам наметавонад онро хушбахт созад.
2. Ифлосшавии муҳити зист: Табиат сарчашмаи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯзҳо мушоҳида карда мешавад, ки ифлосшавии ҳаво, об ва нобудшавии ҷангалҳо ба мушкили ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Тағйирёбии иқлим, гармшавии замин ва кам шудани захираҳои табиӣ метавонанд дар оянда боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун, норасоии об, инчунин, ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ гарданд. Агар инсон ба табиат бетаваҷҷуҳи зоҳир намояд, худи зиндагии ӯ зери хатар мемонад.
3. Вобастагии аз ҳад зиёд ба технология: боиси зикр аст, ки технологияи муосир зиндагиро осон намуда истодааст, аммо истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёди он метавонад зарар низ дошта бошад. Имрӯзҳо қисми зиёди аҳолӣ, бахусус ҷавонон вақти зиёди худро дар телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд. Ин ҳолат метавонад, сабаби кам гардидани муоширати воқеӣ, тарзи нодурусти баёни фикр гардад. Агар инсон танҳо ба технология такя кунад, малака ва маҳоратҳои муҳимми зиндагӣ ва тафаккури мустақили худро заиф мегардонад.
4. Паст шудани сифати таълиму тарбия: Албатта бо боварии комил бояд гуфт, ки ояндаи ҳар миллат аз сатҳи дониш ва тарбияи ҷавонон вобаста мебошад. Ҳангоме, ки таълими ҷавонон коста мегардад, ҷомеа мутахассисони босавод ва инсонҳои масъулиятшиносро аз даст медиҳад. Камсаводӣ, метавонад сабаби қафомонӣ, бекорӣ ва зиёд шудани мушкилоти иҷтимоӣ гардад. Барои пешрафти ҷомеа, омӯзиш ва тарбияи дуруст бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.
5. Нобаробарии иқтисодӣ ва камбизоатӣ; Фарқи зиёди байни сарватмандон ва камбизоатон метавонад суботи ҷомеаро вайрон кунад. Вақте қисми зиёди аҳолӣ имкони зиндагии хуб, таҳсил ва ҷойи кор надоранд, норозигии аҳолӣ ва дар ин сурат сатҳи ҷиноят зиёд мегардад. Камбизоатӣ на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки мушкилоти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи солим ҳамон ҷомеаест, ки дар он имконият барои ҳамаи одамон баробар дониста мешавад.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун як дастоварди бузурги илму техника, имкон медиҳад, ки ҳаёти инсон боз ҳам осонтар ва самараноктар гардад. Аммо истифодаи он бояд зери назорат ва бо масъулияти ахлоқӣ сурат гирад. Мо бояд на фақат аз он истифода барем, балки омода бошем, ки онро дуруст роҳбарӣ кунем ва дар асоси арзишҳои инсонӣ онро рушд диҳем. Танҳо дар ин сурат, зеҳни сунъӣ метавонад ба як ҳамкори боэътимоди мо табдил ёбад, на ба рақибе, ки хатари ҷойгузини инсонро дорад.
Хулоса намудан зарур аст, ки зеҳни сунъӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои технологияҳои муосир ба ҳисоб рафта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири амиқ расонида метавонад. Он имконият медиҳад, ки корҳо зудтар, дақиқтар ва самараноктар иҷро гарданд, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тиб, иқтисод ва саноат. Ҳамзамон, рушди босуръати он метавонад масъалаҳои муҳимро низ ба миён орад, мисли кам шудани ҷойҳои корӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва вобастагии ҷомеа аз технология. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва масъулонаи зеҳни сунъӣ метавонад ба пешрафти ҷомеа ва беҳтар шудани зиндагии инсон мусоидат намояд.
Сарчашма
ИБРОҲИМЗОДА ИБРОҲИМ ШОҲ,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон