(Тоҷикӣ) НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон)

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

23-юми май дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ин сана рамзи эҳтиром ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон буда, нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа ва рушди давлатдорӣ бозгӯ менамояд. Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, пеш аз ҳама гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд: «Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем».
Воқеан, ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифгари давлат ва кишвар буда, имрӯзу фардои Ватанро месозанд. Бе иштироки ҷавонон рушди ҷомеа ва пешрафти мамлакатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарини минтақа ба шумор меравад. Тибқи оморҳо, беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро шахсони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ин нерӯи бузург ҳамчун сармояи асосии инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши муҳимро дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мебозад.
Дар асри XXI иқтисодиёт бештар ба дониш, технология ва навоварӣ такя мекунад. Ҷавонони тоҷик, ки қобилияти баланди азхудкунии технологияҳои иттилоотиро доранд, дар дигаргунсозии сохтори иқтисодии кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷавонон дар иқтисодиёт соҳибкорӣ мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси грантҳои президентӣ ҳазорҳо нафар ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна ҷалб гардидаанд. Имрӯз ҷавонон дар соҳаҳои гуногун фаъолияти чашмрас доранд: Хизматрасонӣ: Қаҳвахонаҳо, марказҳои таълимӣ, тарҷумонӣ ва сайёҳӣ.
Масалан дар Бахшҳои хизматрасонӣ дар соҳаи хизматрасонӣ 50%, дар бахши технологиҳои иттилоотӣ ва алоқа беш аз 70% ва дар самтҳои истеҳсолот, саноат ва сохтумон 30% ташкил медиҳад.
Нақши ҷавонон инчунин дар таъсиси корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ назаррас мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки иштироки ҷавонон дар иқтисодиёт танҳо бо меҳнати ҷисмонӣ маҳдуд намешавад. Сатҳи баланди таҳсилот ва омодагии касбӣ омили асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ ва хориҷӣ таҳсил намудаанд, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро ба иқтисодиёти миллӣ ворид месозанд.
Масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. Қабул ва татбиқи қонунҳо дар самти сиёсати ҷавонон ва варзиш, амалисозии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои давлатӣ заминаҳои мусоиди ташкилӣ ва ҳуқуқиро барои рушди соҳа фароҳам овардаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои дастгирии ҷавонон, рушди соҳибкорӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Аз ҷониби Сарвари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати илму донишомӯзии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёди марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ ва иншооти варзишӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 48 муассиса ва шумораи донишҷӯён ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Ҳамчунин, дар кишвар 153 литсейи касбӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо иштироки зиёда аз 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари ҷаҳон фиристода шудаанд.
Дар натиҷаи чунин ғамхорӣ ҷавонон бояд барои ободии Ватан ва рушди миллат содиқона хизмат намоянд. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодӣ сафарбар созанд».
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва обрӯи Ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Танҳо дар соли 2025 беш аз 1500 нафар варзишгари тоҷик, аз ҷумла 450 нафар бонувон, дар 112 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии кишвар 510 медал ворид карданд, ки аз онҳо 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги созанда ва нерӯи фаъоли пешбарандаи ҷомеа масъулияти бузург бар дӯш доранд. Муваффақияту дастовардҳои онҳо дар соҳаҳои гуногун нишон медиҳанд, ки насли ҷавони Тоҷикистон дорои иқтидори баланд, тафаккури нав ва иродаи қавӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як ҷавон бояд бо ҳисси баланди масъулият, донишу ҷаҳонбинии муосир ва муҳаббат ба Ватан барои муаррифии шоистаи давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар талош намояд, зеро ояндаи дурахшони миллат маҳз аз фаъолияти созанда ва иқдомҳои некбинонаи ҷавонон вобаста аст.

 

 

Нозимзода Файзулло Ҳамро, сармутахасиси
Раёсати таҳлил ва ояндабини
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази
дадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон