(Тоҷикӣ) РӮЗИ ҒАЛАБА –РАМЗИ ҶАСОРАТ, ВАТАНДӮСТӢ ВА САБАҚИ АБАДӢ БАРОИ НАСЛҲО

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар таърихи инсоният санаҳое мавҷуданд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда ҷойгоҳи хос дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Эҳсоси баландӣ ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманду ва ватандӯсти миллатамон имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатӣ худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақи арзанда мебошад.
Агар каме ба таърихи ин ҷанг назар афканем Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ҷанги одилонаю озодихоҳонаи мардуми иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ баҳри озодӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан алайҳи фашизми хунхор буд. Санаи 22-июни соли 1941 қувваҳои мусаллаҳи Германия бе эълони пешакии ҷанг аҳдшиканона ба мулки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳуҷум намуданд. Ин ҷанги мудҳиш ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бесарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан, 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.
Дар ин солҳо дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор нафар сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. Дар тули таърих фарзона фарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистаанд. Мардум бо иттиҳоду ҳамдилӣ ва шуҷоату мардонагӣ хоки муқаддаси Ватан марзу буми аҷдодии хешро мардонавор ҳимоя карда қушунҳои фашистиро шикаст доданд.
Қаҳрамони ва корнамоиҳои ҳамватанони мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо унвони баландӣ қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шудаанд.
Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонфидоӣ намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Тоҷикон ҳануз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи хоса қарор додааст. Имрӯзҳо шахсиятҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, ҳамчун қаҳрамони миллати тоҷик эътироф шудаанд, то абад хотираи некашон аз тарафи мардуми сарбаланди тоҷик пос дошта шуда, барои наслҳои минбаъда ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарчашмаи хуби тарбияи миллиро ба миён овардааст.
Мо, ҳамчун насли ҷавони кишвар ки имрӯзҳо дар амну осоиштагӣ ва тинҷиву якпорчагии Тоҷикистони азиз зиндагӣ ва фаъолият дорем, аз таърихи ин ҷанг ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат огоҳем ва онҳоро дар ҳама давру замон фаромӯш нахоҳем кард. Маҳз кӯшишу талоши қаҳрамонони ин ҷанг боис гашт, ки имрӯз мо дар Ватани ободу зебо ва осоишта умр ба сар мебарем ва имкон дорем барои пешрафти миллати хеш саҳм гузошта, барои наслҳои оянда заминаи устувор фароҳам орем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзанди баруманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз дар ҳамаи самтҳои ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гашт. Алалхусус дар самти таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷои холи аз сифр бунёд ёфта имрӯзҳо ба як нерӯи пурқудрати давлатӣ мубаддал гаштааст. Шараф ба сарбозони шуҷои Ватан, ки дар ҳама ҳолат ватани моро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифз ва ҳимоя менамоянд. Мо ҷавонон бояд аз амнияту осоиштагии мамлакат ҳамеша шукргузор бошем ва дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама давру замон зиракии сиёсии хешро аз даст надода, баҳри сарсабзии кишвар ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор бошем.
Мардонова К.Н сармутахассиси
Раёсати коргузорӣ ва назорати
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.