(Тоҷикӣ) ФОРУМ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА АМНИЯТ ДАР ДУШАНБЕ: НАТИҶАҲО ВА НУҚТАҲОИ КАЛИДӢ
30 апрели соли 2026 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми аминиятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони: «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ» баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд. Дар кори форум зиёда аз 100 намояндагони муассисаҳои тадқиқоти стратегии назди президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи коршиносӣ, ташкилотҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда иштирок намуданд.
Дар маросими расмии ифтитоҳ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов ва намояндаи минтақавии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Андре Альгермиссен бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.
Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки ҳадафи форум таҳлили ҳамаҷонибаи воқеияти муосир дар заминаи амнияти Осиёи Марказӣ ва инчунин арзёбии равишҳо ва консепсияҳое мебошад, ки ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз он ташаккул меёбанд. Таъкид шуд, ки муколамаи кушода ва мазмундори коршиносон имкон медиҳад на танҳо масъалаҳои калидӣ равшан гарданд, балки тавсияҳои амалӣ барои таҳкими сулҳ ва амнияти устувор низ таҳия шаванд.
Кори форум дар чор нишасти мавзӯӣ идома ёфт: «Чолишҳо ва имкониятҳои дохилиминтақавӣ дар низоми таъмини амнияти Осиёи Марказӣ», «Чолишҳо ва имкониятҳои фароминтақавӣ дар заминаи таъмини амнияти Осиёи Марказӣ», «Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётиву транзитии таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» ва «Чолишҳои эҳтимолӣ ва имкониятҳои стратегии рушди Осиёи Марказӣ дар дурнамои наздик».
Иштирокчиён хавфу таҳдидҳои дохилиминтақавӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва рушди устувор, инчунин омилҳои берунии амният — аз таҳкими сарҳадҳо то чолишҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иқлимӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла масъалаҳои савдо, рушди инфрасохтор ва сенарияҳои эҳтимолии рушди минтақаро баррасӣ намуданд.
Дар доираи нишасти «Чолишҳо ва имкониятҳои дохилиминтақавӣ дар низоми таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо маърӯза баромад намуд.
Ӯ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории шариконаро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи амният пайгирона рушд дода, ба таҳкими сарҳади давлатӣ, рушди механизмҳои мубодилаи иттилоот ва муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ин талошҳо бо вазифаҳое, ки дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм, ки соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Идораи зиддитеррористии СММ оғоз гардидааст, ҳамоҳанг мебошанд. Ин ташаббус ба платформаи муҳими байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар муқобила бо таҳдидҳои муосир табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки фаъолияти чунин механизмҳо ба ташаккули равишҳои мувофиқашуда барои арзёбии ҳам таҳдидҳои анъанавӣ ва ҳам чолишҳои нави амният, аз ҷумла хавфҳои гибридӣ ва омилҳои ғайрианъанавии ноустуворӣ мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи Х. Усмонзода, дар маҷмӯъ ташаббусҳои амалишаванда нишон медиҳанд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар баробари густариши ҳамкории хориҷӣ, инчунин иштирокчиёни фаъоли ташаккули меъмории минтақавии амният мебошанд. Дар ин раванд на танҳо таҳкими иқтидори дифоӣ, балки рушди институтсионалӣ — таъсиси платформаҳо, механизмҳо ва шаклҳои устувори ҳамкории фарогир низ аҳамияти махсус дорад.
Имрӯз амнияти Осиёи Марказӣ на танҳо аз мавҷудияти захираҳо ва институтҳо, балки пеш аз ҳама аз қобилияти давлатҳои минтақа барои амал кардан ба таври ҳамоҳанг, стратегӣ ва пешгирона вобаста аст. Дар шароити муосир онҳое муваффақ мешаванд, ки на танҳо ба буҳронҳо вокуниш нишон медиҳанд, балки шароитеро фароҳам месозанд, ки дар онҳо буҳронҳо ба вуҷуд намеоянд.
Дар ин замина, Осиёи Марказӣ талош дорад, ки на ҳамчун объекти стратегияҳои беруна, балки ҳамчун субъекти мустақили ташаккули меъмории амнияти худ, ки бар пояи эътимод, прагматизм ва масъулияти мутақобила асос ёфтааст, баромад намояд, — таъкид намуд Х. Усмонзода.
Дар ҷараёни форум инчунин коршиносон аз Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон баромад карданд. Дар суханрониҳои онҳо аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар шароити тағйирёбии тартиботи иқтисодии ҷаҳонӣ таъкид гардид. Ба зарурати ҳамгироии стратегияҳои миллии иқтисодӣ бо равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва тадриҷан даст кашидан аз протексионизми аз ҳад зиёд ба манфиати ҳамкории кушода ва мутақобилан судманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарфи назар карда шуд, ки соли 2025 давраи баланди бӯҳрони глобалӣ ва бозбинӣ намудани қоидаҳои муқарраршудаи сиёсати байналмилалӣ буд. Дар ин замина, масъалаҳои хатарҳо ва имкониятҳои дохилиминтақавӣ барои Осиёи Марказӣ аҳамияти вижа пайдо мекунанд. Таъкид гардид, ки минтақа аллакай аз нақши пешинаи худ ҳамчун «замина» барои қарорҳои хориҷӣ берун рафтааст. Имрӯз сухан на танҳо дар бораи вуҷуд доштани хатарҳо, балки дар бораи трансформацияи амиқи хусусияти худи таҳдидҳои муосир меравад.
Имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои ҳамгироӣ табдил меёбад. Гузариш аз равишҳои идеологӣ ба прагматизм мушоҳида мешавад: масъалаҳои сарҳад, захираҳои об, логистика ва савдо бештар бар асоси ҳисобу китоби оқилонаи иқтисодӣ ҳал мешаванд, ки барои кишварҳои минтақа имкониятҳои нави стратегӣ фароҳам меорад.
Хусусан, як қадами муҳими стратегӣ қарорҳои VI Мулоқоти Машваратии сарони давлатҳо дар Остона (август 2024) гардид, ки дар он санадҳои стратегии муҳими, аз ҷумла консепсияи «Осиёи Марказӣ – 2040», қабул шуданд.
Инчунин зимни форум ба масъалаҳои экология ва амнияти об таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Иштирокчиёни форум аз обшавии босуръати пиряхҳои Тиёншон (Тянь-Шан) ва Помир изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ин раванд хусусияти дугона дорад: дар кӯтоҳмуддат метавонад ба афзоиши ҷараёни об оварда расонад, аммо дар дарозмуддат — ба коҳиши ҷиддии он. Ин ҳолат ба амнияти кишоварзии кишварҳои минтақа, бахусус дар шароити вобастагии баланд аз обёрӣ, таҳдиди мустақим эҷод мекунад, — таъкид карданд иштирокчиёни форум.
Дар ҷамъбасти кори форум, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода анҷоми бомуваффақияти онро қайд намуда, ба ҳамаи иштирокчиён изҳори сипос кард.
Ӯ таъкид намуд, ки пешниҳодҳои созандаи коршиносон имкон медиҳанд на танҳо самтҳои нави ҳамкорӣ муайян гарданд, балки механизмҳои амалӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ таҳия шаванд. Ба гуфтаи ӯ, аҳамияти махсусро ҳамгироии талошҳои кишварҳои минтақа ва истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ ва моддӣ барои вокуниши саривақтӣ ба чолишҳои муосир дорад.
Хайриддин Усмонзода изҳори итминон намуд, ки тавофуқоти ҳосилшуда ва робитаҳои мустаҳкамшудаи шарикӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳкими эътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар анҷом ӯ омодагии Маркази тадқиқоти стратегиро барои густариши ҳамкорӣ бо ҳамаи шарикони манфиатдор таъкид намуда, ба ташкилкунандагон барои сатҳи баланди омодасозии чорабинӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Форум дар фазои мусбат анҷом ёфта, талоши кишварҳои Осиёи Марказиро барои таъмини муштараки сулҳ, субот ва рушди устувори минтақа тасдиқ намуд.






Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон