(Тоҷикӣ) МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА БАРРАСӢ ШУДАНД

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар доираи Форуми аминиятии Осиёи Марказӣ  таҳти унвони: «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ», 30 апрели соли 2026 вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо муовини директори Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Нурлан Дарданов баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба, пешбурди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, инчунин нигоҳдории сафарҳои мутақобила ва тамосҳои мунтазамро баррасӣ намуданд.

Ба дурнамои ҳамкории минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, аз ҷумла ташкили конфронсҳои муштараки илмӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳои коршиносӣ, инчунин мубодилаи маводи таҳлилӣ ва таҷриба дар соҳаи тадқиқоти стратегӣ.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравӣ табодул намуда, бо ин васила ҳавасмандии мутақобиларо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ карданд.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон