(Тоҷикӣ) ВОХӮРИИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА БО АНДРЕ АЛЬГЕРМИССЕН ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА АМНИЯТ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар доираи Форуми аминиятии Осиёи Марказӣ  таҳти унвони: «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ», 30 апрели соли 2026 вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо роҳбари барномаи минтақавии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ Андре Альгермиссен баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо шакли ҳамкориро дар заминаи омодагӣ ва баргузории Форуми сулҳи Фарғона, ки моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.

Ба масъалаҳои омодасозӣ ва нашри маҷмӯаи Форуми Осиёи Марказӣ оид ба амният таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳоро миёни муассисаҳо баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон