(Тоҷикӣ) МИЗИ ГИРД ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ: ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ ГЛОБАЛӢ
28 апрели соли 2026, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ–амалӣ таҳти унвони «Омилҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ноустувори глобалӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратеги, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок карданд.
Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити имрӯза масъалаи таъмини амнияти иқтисодӣ аҳамияти калидӣ касб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар ҳамбастагӣ бо татбиқи ҳадафҳои стратегӣ метавон ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ ноил гардид.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи таҳкими амнияти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегии рушд имкон додааст, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди миллӣ сол ба сол беҳтар гарданд.
Ба гуфтаи Ораз Муртазозода, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун кишвари рақобатпазир ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мавқеи худро мустаҳкам намуда истодааст. Ин раванд барои таҳкими амнияти дохилӣ ва таъмини ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Ноустувории глобалӣ, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, моро водор месозад, ки муттаҳидона ва ҳадафмандона амал намоем. Маҳз тавассути татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими иқтисодиёт мо метавонем аз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ то расидан ба амнияти озуқаворӣ ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардем.
Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои худро дар мавзӯъҳои гуногун пешкаш карданд, аз ҷумла: “Омилҳои рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун заминаи амнияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон», «Дастовардҳои рушди иқтисодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ», «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон», «Нақши сиёсати пулӣ қарзӣ дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омилҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ноустувори глобали», «Стратегияи маҷмуи таъмини амнияти иқтисодӣ ва соҳибихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар шароити муосир» ва «Таъмини бехатарии озуқаворӣ пешрафти иқтисодии давлавт».
Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки рушди устувори иқтисодӣ на танҳо афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар бар мегирад, балки тавозуни байни рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии иҷтимоиро таъмин менамояд. Маҳз чунин раванд метавонад иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои манфии дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар шароити муосир рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва коҳиши омилҳои коррупсионӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар мавзӯи таъмини амнияти озуқаворӣ зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ низоми назорати давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тақвият ёфта, воридоти маҳсулот таҳти назорати қатъӣ қарор дорад ва тибқи талаботи муқарраршуда ба истеъмол иҷозат дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар ҳамоиш масъалаҳои калидӣ ва саривақтии вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Мавзуъҳои матраҳшуда фарогири самтҳои муҳим, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, сиёсати молиявӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ буда, аҳамияти онҳо дар шароити ноустувори глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки баррасии чунин мавзуъҳо дар шароити кунунӣ барои дарёфти роҳҳои муассири таҳкими амнияти иқтисодӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон