(Тоҷикӣ) ДУШАНБЕ – МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ МУОСИР
Дар раванди ҷаҳонишавии суръатнок рушди шаҳрҳо ҳамчун муҳаррики асосии иқтисоди миллӣ ва глобалӣ арзёбӣ гардида, онҳо на танҳо марказҳои маъмурӣ, балки ба марказҳои инноватсионӣ, технологӣ ва хизматрасонӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе низ дар раванди тағйироти сохтории иқтисодӣ қарор дошта, тадриҷан аз як шаҳри анъанавӣ ба “шаҳри дорои инфрасохтори муосир” табдил меёбад.
Ин раванд бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо татбиқи технологияҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва густариши инфрасохтори муосир амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикорот ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушода ва роҳи рушди устуворро пеш гирифт. Имрӯзҳо ин раванд бо татбиқи тадбирҳои муҳимму ҳадафманд дар самтҳои шаҳрсозӣ, саноатикунонӣ ва рушди инфрасохтор ҳамчун яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025”, заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои рушди босуръати шаҳр фароҳам оварда шуд. Натиҷаи чунин сиёсати муваффақ ба афзоиши устувори нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мусоидат намуд.
Дар ин зимн, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳр соли 2025 ба 36,6 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба соли 2024 8,3 фоизро ташкил дод. Саҳми пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20,7 фоиз баробар гардид. Хусусан, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда барои афзоиши нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар соли 2025 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар баробари рушди босуръати соҳаи хизматрасонӣ, саноат ҳамчун яке аз пояҳои асосии рушди иқтисодии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, соли 2025-ум 854 адад корхонаи саноатӣ ба маблағи беш аз 6,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2022 3,3 миллиард сомонӣ ё 2,1 баробар зиёд мебошад. Дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан ба 128,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022 2,6 баробар зиёд аст. Ҳамзамон, саноати коркард аз 2,4 миллиард сомонии соли 2022 то ба 4,1 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфта, 1,7 баробар зиёд гардид.
Бояд таъқид намуд, ки ифтитоҳи корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави кори замина гузошта, ҳамзамон рақобатпазирии истеҳсоли ватаниро баланд мебарддорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки пойтахт тадриҷан ба маркази муҳими саноатикунонӣ табдил ёфта, дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар саҳми назаррас мегузорад. Масалан, танҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе 63 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 8 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис доданд.
Дигар ин, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 истеҳсоли неруи барқ дар шаҳр беш аз 1,7 млрд. киловатт-соатро ташкил дода, ҳаҷми истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ 770,1 млн. сомонӣ ҳисоб шуда, сатҳи ҷамъоварии маблағ 781,6 миллион сомонӣ ё 101,5 фоизро ташкил намуд.
Дар баробари ин, соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои калидии рушди пойтахт ба ҳисоб рафта, дар соли 2025 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 26 миллион тонна бор кашонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 15 фоиз зиёд мебошад. Хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ дар 91 хатсайр ба роҳ монда шудааст, ки аз онҳо 33 хатсайри автобусӣ, 9 хатсайри троллейбусӣ ва 49 хатсайри микроавтобусӣ мебошанд.
Тибқи мушоҳидаҳо, ҳамарӯза дар хатсайрҳои шаҳрӣ то 350 автобус, 50 троллейбус, 928 микроавтобуси бахши хусусӣ ва беш аз 11,8 ҳазор таксӣ ба хизматрасонӣ сафарбар мегарданд. Дар маҷмӯъ, дар пойтахт 14 ҳазору 126 воситаи нақлиёти мусофирбар фаъолият дошта, аз ҷумла 701 адад ба корхонаҳои коммуналӣ, 1210 адад ба бахши хусусӣ ва 12 ҳазору 215 адад ба хизматрасонии таксӣ рост меояд.
Имрузҳо шаҳри Душанбе бо ибтикорот ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди зиндагӣ пойтахт тадриҷан симои муосирро касб намудааст. Дар робита ба ин, ифтитоҳи КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мисоли возеҳи ин гуфта мебошад.
Айни замон дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” беш аз 20 лоиҳа дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, нақлиёти ҳушманд, тибби ҳушманд, таълими ҳушманд, равшанидиҳии ҳушманд ва харитаи электронӣ амалӣ гардида истодаанд.
Барномаи электронии “Е-дониш” ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намуда, назорати давомоти хонандагон ва арзёбии сатҳи донишро таъмин менамояд. То имрӯз ба ин низом 191 муассисаи таълимӣ, 14,5 ҳазор омӯзгор, 277,7 ҳазор волидайн ва 305,3 ҳазор хонанда пайваст шудаанд.
Дар доираи татбиқи низоми зеҳнии сабти қоидавайронкуниҳои роҳ 149 камераи назоратӣ, дар доираи лоиҳаи “City parking” дар 308 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок, дар 81 чорроҳа 205 камера ва дар 58 кӯча 67 дастгоҳи ченкунии суръат насб гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Дар солҳои охир дар самти рушди савдои хориҷии шаҳр тамоюлҳои мусбат ба назар расида, замина барои густариши робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ фароҳам оварда шудааст. Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷии шаҳр ба 1,8 миллиард доллар расида, саҳми он дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии кишвар 9,7 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи муҳими рушди пайвастаи фаъолияти иқтисодии хориҷии шаҳр ба ҳисоб меравад. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 263,3 миллион доллар ва воридот ба 1,5 миллиард доллар баробар гардида, нисбат ба давраи муқоисавӣ мутаносибан 3 баробар ва 12 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Имрӯз корхонаву ташкилотҳои шаҳр бо зиёда аз 62 кишвар, аз ҷумла 52 кишвари хориҷи дур ва 10 кишвари ИДМ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд. Инчунин, шаҳри Душанбе бо 23 шаҳрҳои ҷаҳон муносибатҳои бародаршаҳрӣ дошта, бо аксарияти онҳо ҳамкориҳои гуногунро дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ мондааст.
Бо мақсади таъмини бозорҳо бо маҳсулоти озуқаворӣ, дар пойтахт 38 сардхона бо ғунҷоиши беш аз 40 ҳазор тонна фаъолият мекунад, ки ҳоло дар онҳо наздик ба 8 ҳазор тонна маҳсулот захира шудааст.
Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои табиӣ, рушди иқтисоди “сабз” аҳамияти махсус касб намудааст ва шаҳри Душанбе низ дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад. Аз ҷумла,васеъ намудани майдонҳои сабз ва кабудизоркунӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф, татбиқи лоиҳаҳои коркарди партовҳо ва рушди нақлиёти экологӣ,аз қабили электробусҳо, пойтахтро зина ба зина ба модели рушди устувори “сабз” наздик менамояд.
Дар солҳои охир бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомали дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, давоми 9 соли охир дар қаламрави шаҳр 2,2 миллион бех дарахту бутта ва 132 миллион гул шинонида шуда, инчунин дар масоҳати 2,5 миллион метри мураббаъ майсазор бунёд гардидааст. Ҳамзамон, 51 ҳазор бех дарахтони нодир аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳудуди шаҳр шинонида шудаанд.
Соҳаи сайёҳи дар иқтисоди шаҳри Душанбе нақши муҳим дошта, рушди он ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Ташаккули инфрасохтори муосир, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ, рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳи, тарабхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳо ва боғҳои фарҳагиву фароғатӣ ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр мусоидат менамояд. Тибқи арзёбиҳо, соли 2025-ум 61 фоизи сайёҳони воридшуда ба кишвар, яъне 1,1 миллион нафар, аз шаҳри Душанбе боздид намуда, аз хизматрасониҳои сайёҳии он истифода бурдаанд. Аз ҷумла, тибқи таҳлилҳои коршиносон дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан ва вокзали нақлиётӣ, 50 меҳмонхонаи гуногунсатҳ,118 тарабхона , 4 чойхона миллӣ, 27 бозор ва 125 маркази савдо, инчунин 30 мағозаи армуғонфӯрушӣ фаъолият менамоянд.
Илова бар ин, дар пойтахт 94 ширкати сайёҳӣ,фаввораҳо дар 38 мавзеъ, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 306 муассисаи табобатию прфилактикӣ, 77 коргоҳи ҳунармандӣ, инчунин маҷмааҳои бузурги варзишӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Қасри теннс,Маҷмааи варзишии обӣва Маҷмааи “Истиқлол”фаъолият доранд,ки ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷи хизмат мерасонанд.
Ин раванд имкон фароҳам меорад, симои пойтахт ҳамчун як маркази ҷолиби сайёҳи муаррифӣ гардида, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ афзоиш ёбад ва дар натиҷа саҳми соҳа дар рушди иқтисоди шаҳр боз ҳам бештар гардад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи татбиқи саривақтии ҳадафҳои гузошташудаи ҳукумати мамлакат ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои ҷойдошта пойтахти азизамон шаҳри Душанбе метавонад дар оянда ба яке аз марказҳои муҳимми иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инноватсионии минтақа табдил ёбад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии иқтисодиёти соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон