(Тоҷикӣ) СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ ТАҲЛИЛИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
Санаи 10 апрели соли 2026, дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи семинарҳои омӯзишӣ, ки ба баланд бардоштани маҳорати таҳлилии мутахассисони ҷавон равона шудааст, семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳлили таъсири равандҳои муосири сиёсӣ ба рушди кишварҳои миллӣ” бо иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинарро мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидмурод Фатоҳзода баргузор намуда, дар бораи моҳият ва аҳамияти равандҳои муосири сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба рушди давлатҳои миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр карда шуд, ки дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил, сиёсати хориҷӣ нақши калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё қарор дошта, Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад ва дар равандҳои минтақавию байналмилалӣ, махсусан дар ду даҳаи охир, иштироки фаъолона дорад. Вале ин дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомада, натиҷаи талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандона мебошанд.
Зикр карда шуд, ки маҳз бо шарофати истиқлол, имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳо мебошад.
Ибтидои асри XXI барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳилаи нави рушд гардид, ки бо дигаргунсозиҳои бунёдӣ дар дохили кишвар ва тағйироти амиқи сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон алоқаманд аст. Дар давоми солҳои истиқлолият сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таври консептуалӣ ташаккул ёфта, хусусиятҳои сулҳхоҳона, мутавозин, шаффоф ва амалгароёнаи худро собит намудааст. Ин сиёсат ҳам аз ҷониби аҳолии кишвар ва ҳам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ва эътироф гардидааст.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои муфид дарёфт намуданд.
Семинари мазкур барои тақвияти донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисони ҷавон дар самти таҳлили равандҳои сиёсӣ аҳамияти муҳим дошта, ба рушди қобилияти таҳлилӣ ва дарки амиқи равандҳои муосири ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон