(Тоҷикӣ) КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ: БЕДОРИИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

3 апрели соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат: бедории таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Кори конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ таъкид кард, ки масъалаи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи геополитикӣ аҳамияти хоса касб мекунад. Ӯ зикр намуд, ки ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ яке аз омилҳои калидии таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ба ҳисоб рафта, бедории таърихӣ метавонад ҳамчун заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ хизмат намояд. Ҳамзамон, мавсуф иброз дошт, ки омӯзиши амиқи таърихи миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ зарур мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш олимону коршиносон дар мавзуҳои «Афкори тоҷикмеҳвар омили таҳкими ҳувияти миллӣ», «Заминаҳои иҷтимоӣ-ғоявии бегонапарастӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди он», «Ҷавҳари ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)», «Нақши фарҳанг дар баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ», «Арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти давлатӣ дар ҷомеаи муосир», «Тақвияти худшиносии миллӣ-омили устуворӣ ва рушди идеяи миллӣ» ва «Анатомияи бегонапарастӣ ва модернизатсияи фарҳангӣ: Тоҷикистон дар масири ренесанси миллӣ» бо маърузаҳо баромад намуданд.
Зимни баррасӣ таъкид шуд, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар заминаи забон, таърих, арзишҳо ва хотираи таърихӣ ташаккул ёфта, дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ мебозад.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳкими тафаккури тоҷикмеҳвар, рушди фарҳанги миллӣ ва иқтисоди миллӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа барои ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон, нақши давлат ва сиёсати миллӣ ҳамчун омилҳои асосии ҳувиятсозӣ арзёбӣ шуда, зарурати ҳифзу тақвияти арзишҳои миллӣ таъкид гардид.
Инчунин қайд карда шуд, ки фарҳанг омили муҳими таҳкими худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа буда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва анъанаҳои мардумӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ барои пешгирии таъсири манфии фарҳангҳои бегона аҳамияти махсус дорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс зикр гардид, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, масъалаи таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор медиҳад. Таъкид гардид, ки эълон шудани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори 35-солагии истиқлолият бозгӯи аҳамияти ин самт мебошад.
Ҳамзамон, нақши забони тоҷикӣ, низоми маориф ва хотираи таърихӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳувиятсозӣ махсус зикр шуда, таъкид гардид, ки танҳо бо такя ба арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа метавон заминаи устувори пешрафти давлатро таъмин намуд.
Дар анҷоми конфронс иштирокчиён бори дигар таъкид намуданд, ки таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии ҷомеа асоси устувории давлат ва пешрафти ҳамаҷонибаи он мебошад. Зимни баррасӣ зикр шуд, ки густариши фарҳанги миллӣ, гиромидошти анъанаҳо ва арзишҳои таърихӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар ру ҳияи ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва масъулиятшиносӣ ҳамчун омилҳои муҳим барои таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат амал мекунанд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои муосир танҳо тавассути такя ба мероси таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, рушди забон ва маориф, инчунин эҷоди муҳити иҷтимоии устувор ва иттилоотӣ метавон ҳувияти миллӣ ва давлати Тоҷикистонро тақвият дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки сиёсати миллӣ ва дастгириҳои давлатӣ барои тарғиби худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.
Ин ҳамоиш таъкидгари аҳамияти татбиқи амалии арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷамъият дар роҳи пойдории давлат ва ҳувияти миллӣ гардид.
        
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон