(Тоҷикӣ) БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
6 марти соли 2026 ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ», роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бештар бо таърих ва тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд.
Кормандони Марказро муовини аввали директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар шахсони масъули осорхона истиқбол намуда, барои онҳо дар толорҳои намоишии осорхона сайри маърифатии осорхонавӣ ташкил намуданд.
Роҳбаладони осорхона ба кормандони Марказ оид ба ёдгориҳои таърихии ҳудуди кишвар, рушди фарҳанг ва давлатдорӣ, инчунин марҳилаҳои ташаккули ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои даврони муосир, ки дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ таҷассум ёфтаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни экскурсия кормандони Марказ ба коллексияҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, атрофи саҳифаҳои рангини таъриху фарҳанги кишвар саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом доданд.
АКС: Осорхонаи миллӣ













