(Тоҷикӣ) ТАДБИҚИ СИЁСАТҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ (дар ҳошияи таҷилӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ)
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, новобаста аз мушкилоти зиёди амниятӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар роҳи таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Давраи аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт. Зеро, низоъҳои дохилӣ, буҳрони иқтисодӣ ва костагии сохторҳои идоракунӣ ба рушди давлатдорӣ монеа эҷод мекарданд. Бо вуҷуди ин, иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки пояҳои давлатдории навин устувор гарданд.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини ин давра ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки санаи 27-уми июни соли 1997 бо ибтикор ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот заминаи боэътимод фароҳам овард. Маҳз тавассути муколама, гузашт ва ҳамдигарфаҳмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистем ҷомеаро муттаҳид сохта, ба марҳилаи нави рушд қадам гузорем.
Дар ин замина, шароити осоишта ва амнияти мардум бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат таъмин гардида, барқарор шудани суботи сиёсӣ имконият дод, ки ислоҳоти муҳимми иқтисодӣ роҳандозӣ шавад. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат заминаи воқеӣ гузошта шуд. Барномаҳои давлатӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва саноат таҳия ва татбиқ гардиданд.
Ҳамзамон, бо роҳандозии созишномаҳо ва барномаҳои мушаххас ҷиҳати рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои созандагӣ вусъат ёфта, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ барои таҳкими Истиқлолияти энергетикӣ ва коммуникатсионӣ мусоидат намуд. Ин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина гузоштанд, балки нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ низ боло бурданд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 186 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Аз ҷумла, аввалин давлатҳое, ки истиқлоли кишвари моро эътироф намуданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Полша мебошанд. Бо ин кишварҳо то имрӯз робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи баланд рушд ёфта истодаанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо эътироф гардидааст. Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувор дастовардҳое мебошанд, ки бо заҳмату талошҳои пайгирона ба даст омадаанд.
Дар робита ба ин, метавон зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастовардҳои муҳими иқтисодӣ дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба даст омадаанд. Маҳз қабули стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат барои рушди соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ заминаи боэътимоди пешрафти устуворро фароҳам овард. Аз ҷумла:
Рушди иқтисодӣ
– маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 1,787 млрд сомонӣ соли 2000 ба 176,9 млрд сомонӣ соли 2025 афзоиш ёфта, наздик ба 100 маротиба зиёд гардидааст;
– афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 16,4 ҳазор сомонӣ расид;
– суръати рушди воқеии иқтисод дар соли 2025 — 8,4 дарсадро ташкил намуд.
Буҷет ва молия
– даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ аз соли 2000 то соли 2025 мутаносибан 239,76 ва 218,13 маротиба афзудааст;
– ҳиссаи воридоти андоз дар буҷет дар соли 2025 — 62,19%, ки нишондиҳандаи устувории низоми молиявӣ мебошад.
Содирот ва воридот
– гардиши савдои хориҷӣ соли 2025 нисбат ба соли 2020 2,37 маротиба зиёд гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалиро васеъ кард;
– ҳиссаи содирот дар гардиши умумӣ — 23%, воридот — 77%.
Санадҳо ва стратегияҳо
– қабули Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Консепсияҳои рушди соҳаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ;
– таъмини муҳити қонунӣ барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ, бахусус ММД ба ҳар сари аҳолӣ, ҳаҷми буҷети давлатӣ, сармоягузорӣ ва сатҳи даромади аҳолӣ афзоиш ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш амалӣ гардида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 ҳаҷми ММД ба 176,9 млрд сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,7 миллион нафар расида, ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 16,4 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ММД аз 1,787 млрд. сомонӣ соли 2000 – ум дар соли 2025 – ум ба 176,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо наздик ба 100 маротиба зиёд гардидааст (диаграмаи №1).

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси Тоҷикистон: 30–соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2021. – С.334 –335. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри соли 2025. – С.13, https://www.stat.tj/
Сатҳи иқтисоди миллӣ дар соли 2025 – ум 8,4% таъмин гардид ва чӣ тавре, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид намуданд: “Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.”
Маълум аст, ки афзоиши нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла зиёд гардидани ММД, қисми даромади буҷети давлатӣ, даромади пулии аҳоли ва гуштариши заминаи устувори рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ бо шарикони стратегӣ беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намуд.
Ин ҳама дастовардҳои назарраси иқтисодӣ миллӣ аз самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтавои Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодӣ, ки ба, рушди иқтисодиёти давлат таъсири мусбат расонида метавонад ин даромади буҷети давлатӣ мебошад, ки тавассути ҷадвали №2 нишон дода шудааст.

Эзоҳ:* — соли 1991 млрд.сомонӣ. Сарчашма: Тоҷикистон: 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/ Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2025. С. 652 – 653. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январи 2026. – С.85 – 86 Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 https://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/2235
Натиҷаи ҷадвали 2 нишон медиҳад, ки тайи солҳои таҳлилшуда, яъне соли 2025 нисбати 2020 даромад 2,4 ва хароҷоти буҷети давлатӣ 2,3 маротиба афзудааст. Ҳамчунин, агар ин нишондиҳандаҳоро ба соли 2000-ум муқоиса намоем, маълум мегардад, ки даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2000 – 239,76 маротиба ва хароҷоти буҷети давлатӣ бошад, 218,13 маротиба зиёд гардидааст низ ба (ҷадвали 3).
Ҳиссаи воридоти андозӣ дар даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991–2025 яке аз нишондиҳандаҳои муҳими арзёбии устувории молиявии давлат ба шумор меравад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, махсусан солҳои 1991–1997, низоми молиявию андозбандӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Буҳрони иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, бесуботии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боис шуданд, ки ҳаҷми воридоти андозӣ коҳиш ёфта, қисми зиёди даромади буҷет аз ҳисоби манбаъҳои ғайриандозӣ ва кӯмакҳои беруна таъмин карда шавад.
Аз охири солҳои 1990-ум ва оғози солҳои 2000-ум, бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, низоми андозбандӣ тадриҷан такмил дода шуд. Қабули Кодекси андоз, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва назорати андоз, инчунин рушди бахши хусусӣ ба афзоиши заминаи андозбандӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, ҳиссаи воридоти андозӣ дар таркиби даромади буҷети давлатӣ сол ба сол афзоиш ёфта, нақши асосиро дар таъмини хароҷоти давлатӣ касб кард, ки маӣлаби мазкурро метавон дар ҷадвали 3 муҳоҳида кард.

Эзоҳ:* — соли 1991 млрд.сомонӣ; ** – соли 1991 – млн сомонӣ . Сарчашма: Тоҷикистон: 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.13. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2021, С.674; Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январи 2026. – С.85. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Аз рӯи нишондиҳандаҳои ҷадвали 3 маълум мегардад, ки ҳиссаи андозҳо дар даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошанд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки низоми молиявии кишвар ба манбаъҳои андозӣ такя намуда, онҳо нақши калидӣ дар таъмини устувории буҷет ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат мебозанд.
Ҳамзамон, сиёсати мукаммали андозӣ метавонад ба ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ таъсири мусбат расонад. Дар низоми иқтисоди молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушгди иқтисоди миллӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна якчанд маротиба ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Яке аз меъёрҳои муҳимми арзёбии рушди иқтисоди миллӣ нишондиҳандаҳои содирот ва воридот ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо сатҳи ҳамгироии кишварро бо бозори ҷаҳонӣ ва қобилияти рақобатпазирии онро муайян месозанд. Тавассути таҳлилҳои оморӣ метавон вазъи муомилоти тиҷоратии хориҷӣ ва самтҳои асосии рушди иқтисодиро муайян намуд.
Дар ҷадвали 4 маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо мавриди омӯзиш ва баррасии муфассал қарор гирифта, тамоюлҳои тағйирёбии онҳо дар давраи муайян таҳлил карда шудаанд.

Сарчашма: таҳияи муалиф дар асоси Тоҷикистон: – 30 соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ ) 2021, С.510 – 511. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январи – декабри 2025. – С. 106. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Таҳлили маълумотҳои ҷадвали 4 нишон медиҳад, ки дар соли 2025 тамоми нишондиҳандаҳои асосӣ тамоюли афзоиш доштаанд. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2020 2,37 маротиба ва нисбат ба соли 1991 823,3 маротиба зиёд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз густариши равобити иқтисодии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ва таҳкими мавқеи он дар бозори байналмиллалӣ дарак медиҳанд, ки ҳаҷми воридот ба 8305,2 млн.доллар баробар гардида, нисбат ба соли 1991 131,41 маротиба афзудааст. Афзоиши чунин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки иқтисоди миллӣ сол аз сол рушд намуда, имкониятҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ васеъ мегарданд. Дар маҷмуъ, ин равандҳо ба таҳкими пояҳои иқтисодӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари ин, дар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, якчанд барномаю стратегияҳоро таҳия ва қабул намудааст, ки давра ба давра баробарии амалӣ гардониданм онҳо рушди иқтисоди миллӣ, дар заминаи афзоиши нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ таъмин мегардад.
Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди иқтисодиёти Тоҷикистон боис гардид, ки сифати зиндагии мардум то рафт беҳтар гардид ва боло равад нуфузи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон.
Чунки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид ва марҳила ба марҳила имрӯзҳо таҳияи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва барномаҳои самарабахши давлатӣ, хусусан “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва консепсияҳои рушди соҳавӣ, мо ба марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардидем, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии шаҳрварндон ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иборат мебошад.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати созандаи Пешвои миллат заминаи рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овардааст. Таъмини сулҳу субот, таҳкими буҷет, рушди ММД ва содирот ба эътимоднокии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст. Дар ин давра, мо на танҳо сулҳу субот ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ балки бо ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни давлатҳои ҷаҳон боз ҳам боло бардоштем.
Боиси хушнудисӣ аст, ки соли 2026 Тоҷикистон 35 – солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашни мегирад. Аз ин рӯй дар доираи омодагӣ ба ин санаи таърихӣ, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҳадафашон тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлол ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҳар як шаҳрванд ҳиссаи худро дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорад ва бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои ноил гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, талош намоем.
Маҳз, сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат тамоми ҷомеа муттаҳид намуда, имрӯзҳо таҷлили 35-солагии Истиқлолият ба як падидаи дастҷамъонаи миллӣ табдил ёфтааст. Итминони комил дорем, ки бо ҳисси баланди ватандро метавонем дастовардҳои соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшида, бо қадамҳои устувор дар рушду нумуи Ватани азизамон ҳиссагузор бошем.
Ғуломносирова Ф.М.,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон