(Тоҷикӣ) НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Баланд бардоштани вазъи иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Имрӯз тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар бурда, соҳиби Ватани худ бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдодӣ ҳастанд.
Қайд кардан зарур аст, ки доир ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаашон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Масалан, дар Паёми навбатиашон (2025) доир ба саҳми занон дар рушди ҷомеа ва ҳаёти моддию маънавии он изҳори андеша намуда, таъкид намуданд, ки: «Нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург аст».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар марҳилаи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъи зиндагии занону духтарон тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Аз ҷумла, барои амалӣ гардондани ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занон зимни фаъолияти меҳнатӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд, ки ин ба раванди демократикунонии ҷомеа ва, ҳамчунин, ҳалли мушкилоти гендерӣ то андозае мусоидат намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали истиқлол вобаста ба аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ ва дигар сохторҳои соҳаи моддию маишӣ барои бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занҳо масъалаҳои ҳалталаби зиёд пеш омаданд, ки ҳаллу фасли онҳо хеле зарур маҳсуб мешуд. Дар ин маврид бештари занҳо барои таъмини рӯзгори хеш ба шаклҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла ҳунармандию пухтупаз ва мдигар навъҳои ҳунарманӣ машғул шуда, барои худ ҷойҳои корӣ эҷод мекарданд.
Бояд қайд кард, баъзе аз онҳо, ки фаъолияти худро ҳамчун тоҷирони бозор оғоз карда буданд, баъдтар тиҷорати худро таъсис доданд ва ба соҳибкорзан табдил ёфтанд. Имрӯз саҳми онҳо дар рушди тиҷорати хурду миёна дар кишвар бебаҳост. Баъзеҳо корхонаҳо сохтанд, дар ҳоле ки дигарон коргоҳҳои хурд кушоданд. Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки занони тоҷик қобилияти худро дар ташкил ва идоракунии тиҷорат низ назаррас исбот кардаанд.
Хушбахтона ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувон имкониятҳои фарохи беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам оварда шуда, онҳо дар тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа нақши калидӣ доранд. Имрӯз дар сохторҳои давлатии кишвар сафи занҳои роҳбар дар ҳоли афзоиш аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони барои дастгирии иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ чораҳо зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳибкории занон, аз соли 2006 сар карда, грантҳои президентӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида, соҳибкорон барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии занон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва омӯзонидани малакаҳои касбӣ дода мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин давра ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Ин аст, ки айни ҳол саводнокии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 99,7%-ро ташкил намуда, ширкати онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле боло рафтааст. Агар муқоиса кунем, нисбат ба давлатҳои ҳамсоя Узбекистону Қазоқистон занон дар Тоҷикистон дар мавриди дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз ва пеш баранд, имконияти бешар доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ чораҳо зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳибкории занон, аз соли 2006 сар карда, грантҳои президентӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида, соҳибкорон барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии занон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва омӯзонидани малакаҳои касбӣ дода мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ аз 85 ҳазор нафар шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ 25%-ро занон ташкил медиҳанд, ки дар ВМКБ-1,7%, Вилояти Суғд-41,98%, Вилояти Хатлон-27,46%, НТҶ-16,78% ва шаҳри Душанбе бошад 12%-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2025, №420 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030» тасдиқ гардид. Мутобиқи ҳисоботи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи грантҳои Президентӣ аз 5000 000 миллион сомонӣ ба 15000 000 миллион сомонӣ расонида шуда, дар ин замина шумораи грантҳо аз 120 ба 200 адад зиёд карда шуд. Бо ин мақсад озмуни гранти Президентӣ доир гардид, ки дар озмун 606 адад лоиҳаҳо пешниҳод гардида, 200 лоиҳаи мақсаднок аз ҷониби аъзоёни комиссияи грантӣ дастгирӣ ёфтанд.
Аз ҷумла, грантҳо дар самти боғдорӣ ва ташкили гармхона 29 адад, дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 79 адад, чорводорӣ, коркарди маҳсулотҳои ширӣ ва мурғпарварӣ 11 адад, қаннодӣ ва пухту паз 18 адад, занбурпарварӣ 8 адад, ташкили меҳмонхона 2 адад, моҳипарварӣ 3 адад, маркази типографӣ 7 адад, ташкили толори варзишӣ барои занон 1 адад, кошонаи ҳусн 7 адад, марказҳои омӯзишӣ 4 адад, коргоҳи консервабарорӣ 3 адад, ташкили корхонаи гиёҳҳои шифобахш 2 адад, коргоҳи истеҳсоли мураббо 1 адад, коргоҳи истеҳсоли чипс 8 адад, оҳангарӣ ва кордсозӣ 2 адад, коркади мева 2 адад, коргоҳи нонпазӣ 3 адад, ошхонаи хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ 6 адад, коргоҳи дӯзандагӣ 2 адад, коркарди пашм 1 адад, коргоҳи клинингӣ 1 адад, панирбарорӣ 1 адад, ташкили сардхона ва хӯрокҳои яхбастаи нимтайёр 3 адад, маркази сайёҳӣ 1 адад, коркарди сангҳои қимматбаҳо 2 адад бо шумораи умумии 1225 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ занони тоҷик аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Ҷиҳати амалисозии ҳамаи кафолатҳои дар боло қайдкардашуда ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардид, ки барои тадбирҳои таъмини фаъолияти занон дар кулли сохторҳои давлатӣ ва ҷамъятӣ хидмати сазовор намуд. Дар ин санади муҳим таъкид мегардад, ки ин амал на танҳо барои озодии занон, балки солимии ҷомеа ва маҳфуз доштани генофонди халқи мо бениҳоят муҳим мебошад. Ба сохторҳои давлатӣ тавсия гардид, ки мутобиқи қобилияту истеъдод ва салоҳияти касбиашон занонро ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, вазоратҳо корхонаҳои давлатӣ, мактабҳои олӣ ва дигари муассисаҳо пешбарӣ намуда, аз ҷумла як муовини роҳбари ин коргоҳро ҳатман аз ҳисоби занон таъин карда шавад.
Инчунин дигар дастоварди соҳаи маориф ин ҷалби занону бонувон ба муассисаҳои таълимӣ ва зиёд кардани сафи омӯзгорону мураббиён аз ҳисоби онҳо мебошад. Албатта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар ташаккул ва рушди ҳама соҳаҳо назаррас аст.
Ҳоло дар кишвари мо имкон фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои хеш саҳми занонро дар рушди маориф махсус қайд карда, иброз доштанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф торафт афзуда истодааст ва имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоизи кормандонро занону бонувон ва дар соҳаи илм бошад 37 фоизи олимонро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар солҳои охир, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷалби занон ва духтарон ба илм пешрафтҳои назаррас ба даст овардааст. Бо вуҷуди ин, монеаҳо то ҳол вуҷуд доранд, ки иштироки онҳоро дар ин соҳа маҳдуд мекунанд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025, 1 487 нафар номзади илм, 146 нафар доктори илм, 85 нафар профессор, 656 нафар дотсент, 228 нафар занони дорои унвони илмӣ ва 871 нафар ассистентон фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ доранд. Теъдоди духтароне, ки тибқи квота таҳсил доранд, дар соли таҳсили 2024-2025 ба 2 ҳазору 789 нафар расида, 12 ҳазору 370 нафар духтарон дар хориҷи мамлакат тибқи квота таҳсили илм менамоянд.
Инчунин бояд қайд кард, ки имрӯз зани тоҷик барои табодули таљриба, муколама ва муттањидсозии талошњо дар њалли масоили мубрам вобаста ба таѓйирёбии иќлим, обшавии босуръати пиряхњо ва идоракунии устувори захирањои об чорабиниҳо сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона баромад ва иштирок намуданд. Аз ҷумла: дар “Муколамаи занони Осиёи Марказӣ” , Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», вобаста ба амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон гардидани “Соли 2025 — соли байналмилалии њифзи пиряхњо” ва амсоли инҳоро метавон дарҷ намуд.
Ин ҳама созандагию, тараққиёт дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳама самтҳо рушан ба назар мерасад. Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбиқи сиёсати гендерӣ вусъат меёбад. Имрӯз мақоми зан дар кишвар хеле боло рафта, имконияти иштироки фаъолонаи ӯ дар тамоми бахшҳои афзалиятнок фароҳам шудааст.
Сармутахассиси Раёсати масъалаҳои
иҷтимоӣ, муҳоҷтрат ва масъалаҳои омма
Абдуллоева С.Н.