(Тоҷикӣ) НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: АЗ АРЗИШИ МАЪНАВӢ ТО НЕРУИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТДОРӢ
Дар фарҳанги тоҷикон Зан – Модар танҳо мафҳуми иҷтимоӣ нест, балки арзиши муқаддас ва пояи маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик дар ҳама давру замон посдори забон, ойин, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ буд. Ин рисолат дар замони муосир низ танҳо ба тарбияи фарзанд маҳдуд нашуда, ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа, ташаббускор ва созанда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муассир мебозад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои шадид ҳар кишваре, ки мехоҳад ба рушди устувор ноил гардад, бояд аз захираҳои инсонӣ, аз ҷумла аз зарфияти занони фаъол самаранок истифода намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин воқеиятро дуруст дарк намуда, баланд бардоштани мақому манзалати занонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст.
Мавқеъгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занону модарон, нақши созанда ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди давлату ҷомеа маҳсуб меёбад.
Боиси ёдоварист, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат эълон гардида, иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлат ҷиҳати баробарҳуқуқии занону мардон дар таълиму тарбияи насли наврас, поягузори оилаи солим ва неруи бузурги созанда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равона гардид.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯриҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷомеаи пешрафта бидуни иштироки фаъолонаи занону бонувон рушд карда наметавонад. Зеро занону духтарон қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта буда, маҳз бо дарназардошти ҳамин нақши сарнавиштсоз, Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Имрӯз фаъолияти пурсамари занону бонувон дар тамоми зинаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ баръало мушҳоҳида гардида, ба ҳайси аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин дар соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорӣ фаъолияти босамар доранд.
Зикр бояд дошт, ки соли 2025 дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардида, занону бонувон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар чорабинии сиёсӣ 18 нафар занону бонувон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёфтанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба интихоботи солҳои қаблӣ бештар буда, аз болоравии фаъолнокии сиёсӣ ва эътимоди ҷомеа ба неруи зеҳнӣ ва ташаббускории занон шаҳодат медиҳад.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати то 30 дарсад расонидани ҳиссаи занон дар хизмати давлатӣ ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда то 25 дарсад таъкид мегардад. Ин иқдом ба таҳкими баробарии гендерӣ ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии занон мусоидат намуда, бо такя ба муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати “Рӯзи модар” (7-уми марти соли 2025) метавон гуфт, ки танҳо дар солҳои 2020–2024 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 нафар бонувони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд. Бо дарназардошти дастовардҳои болозикр, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам бештар омода ва пешбарӣ намудани бонувону духтарони соҳибистеъдод ба вазифаҳои роҳбарикунанда чораҷӯйӣ намоянд. Зеро тарбияи кадрҳои ҷавону лаёқатманд, бахусус аз ҳисоби занон, омили муҳимми пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Имрӯз фаъолияти занону бонувони кишварамон дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгор, табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгар будан, ҳамчунин ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, соҳибкор ва хизматчии ҳарбӣ мушоҳида мегардад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 25 дарсади хизматчиёни давлатӣ, 73 дарсади кормандони соҳаи маориф, 71 дарсади кормандони соҳаи тиб, 47 дарсади кормандони соҳаи фарҳанг, 41 дарсади кормандони низоми бонкӣ, 37 дарсади олимон ва 30 дарсади соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, аз 180 ҳазор роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафар, ё 39,6 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, дар низоми бонкии кишвар аз 21 ҳазор корманд 8,5 ҳазор нафар, занон мебошанд. Ҳамчунин, аз 362 ҳазор соҳибкори инфиродӣ 110 ҳазор нафар занонанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 беш аз 18 ҳазор нафар, ё 19,5 дарсад зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз воситаҳои муҳимми баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ба шумор рафта, давоми 10 соли охир барои дастгирии соҳибкории занон 27 миллиард сомонӣ қарз ҷудо гардидааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд. Ё ин, ки таҷрибаи ҷудо намудани грантҳои президентӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то имрӯз дар маҷмӯъ ба 1 ҳазору 185 нафар занон ба маблағи 30 миллион сомонӣ грантҳо ҷудо карда шудаанд. Ин маблағҳо барои таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили марказҳои хизматрасонӣ ва дигар намуди фаъолиятҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ равона гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо ва тақвияти иқтидори иқтисодии занон мусоидат намуд.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми грантҳои президентӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, танҳо соли 2025-ум 200 грант ба маблағи 15 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 80 грант ва ҳаҷми маблағгузорӣ се баробар зиёд гардидааст, ки аз таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳибкории занон гувоҳӣ медиҳад. Ин ташаббус идомаи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми баррасӣ ва ҷудо намудани грантҳо ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ афзалият дода шуда, аз ҷумла, занони дорои имконияташон маҳдуд (онҳое, ки қобилияти татбиқи лоиҳаро доранд), лоиҳаҳое, ки ба таъмини шуғли чунин занон равона шудаанд, яъне заноне, ки кӯдакони маъюб доранд, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ташаббусҳо дар самти рушди касбу ҳунарҳои миллӣ бартарӣ доранд. Ин равиш на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими адолати иҷтимоӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа мусоидат менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки занону бонувони тоҷик бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурд, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳми назаррас дошта, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ нақши муассир мебозанд. Ҳатто дар сохтмони иншооти муҳими стратегӣ, аз ҷумла НБО – “Роғун” баръало эҳсос гардида, то имрӯз беш аз ҳазор нафар занон дар баробари мардон дар банёди иншооти аср ҳисагузор мебошанд. Яъне онҳо бештар ба соҳаҳое рӯ меоранд, ки хусусияти иҷтимоӣ доранд. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, дӯзандагӣ, хизматрасонии маишӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, ки ин самтҳо мустақиман ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум таъсир мерасонанд.
Тибқи мушоҳидаҳо, дар шароити ҷаҳонишавӣ рақамикунонии иқтисодиёт имкониятҳои бесобиқаеро барои рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти касбӣ фароҳам оварда, Тоҷикистон низ дар ин масир қадамҳои устувор мегузорад. Бо дарназардошти ин, ҷалби занон ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти махсус дошта, марказҳои омӯзиши рақамӣ, курсҳои барномасозӣ ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани саводи рақамии занон мусоидат мекунанд. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо Маркази “Алгоритми нав” дар шаҳри Хуҷанд буда метавонад, ки садҳо духтаронро ба омӯзиши барномасозӣ ҷалб намуда, барои онҳо имкони аз худ кардани касбҳои муосир ва рақобатпазирро дар бозори меҳнат фароҳам меорад.
Фазои рақамӣ имрӯз барои занон имкониятҳои наву фарох фароҳам меорад. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрас гардидани интернет, занон метавонанд фаъолияти иқтисодии худро берун аз маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ ба роҳ монанд. Яке аз чунин имкониятҳо роҳандозии тиҷорати онлайнӣ мебошад, ки ба занон имкон медиҳад маҳсулот ва хизматрасониҳои худро тавассути платформаҳои рақамӣ ба мизоҷон пешниҳод намоянд. Ин гуна фаъолият на танҳо даромадро зиёд мекунад, балки ба занон шароити мусоид фароҳам меорад, то фаъолияти касбиро бо масъулиятҳои оилавӣ мутобиқ намоянд.
Илова бар ин, муҳити рақамӣ барои занон метавонад имконияти пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавиро дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тарҷумонӣ, тарроҳӣ, барномасозӣ, омӯзгорӣ ва машваратдиҳӣ ба таври онлайн фароҳам оварад. Чунин шакли кор имкон медиҳад, ки аз хона ё аз ҳар маконе, ки дастрасӣ ба интернет вуҷуд дорад, фаъолият намуда, бевосита ба рушди малакаҳои касбӣ ва баланд гардидани сатҳи рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат мусоидат намояд.
Дар робита ба ин, мутафаккирони бузург низ саҳми занонро дар рушди иқтисод таъкид намуда, аз ҷумла, Адам Смит меҳнатро сарчашмаи асосии сарват медонист ва назарияи тақсимоти меҳнати ӯ нишон медиҳад, ки ҳар қувваи корӣ, аз ҷумла занон, дар афзоиши сарвати миллӣ саҳм доранд. Ё ин, ки Карл Маркс нақши занонро дар истеҳсолот муҳим арзёбӣ намуда, баробарии иқтисодиро шарти озодии воқеии онҳо мешуморид. Ҳамзамон, Ҷон Милл яке аз аввалин мутафаккироне буд, ки аз ҳуқуқи занон ошкоро дифоъ карда, маҳдуд кардани онҳоро аз фаъолияти иқтисодӣ зараровар медонист. Дигар ин, ки Кристина Лагард борҳо таъкид намудааст, ки ҷалби бештари занон ба бозори меҳнат метавонад рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Айни ҳол, дар кишвари мо бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар шароити мусоид муҳайё карда шуда, барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои иҷтимоӣ ва дастгирии сиёсӣ ба он равона гардидаанд, ки занон тавонанд дониш, малака ва қобилиятҳои худро пурра амалӣ намоянд. Ин иқдомҳо ба баланд шудани сатҳи маърифат, фаъолият ва масъулиятшиносии занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, Ҳукумати кишвар ба нерӯи созандаи занону бонувон эътимоди комил дошта, бо такя ба иродаи қавӣ, донишу малака ва масъулиятшиносии онҳо, мо ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардем ва ҷомеаи адолатпарвару пешрафтаро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон