(Тоҷикӣ) МАЪРАКАИ ШАНБЕГӢ: КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БА ОБОДОНИИ ПОЙТАХТ САҲМ ГУЗОШТАНД

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 28 феврали соли 2026 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати вусъати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикороти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба ободонӣ ва кабудизоркунии пойтахти кишвари азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Зимни маъракаи шанбегӣ кормандон ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Марказро аз хазонрезаҳо ва партовҳо тозаю озода намуданд. Инчунин, бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атрофи бинои муассисаи давлатии мазкур ҳусни наву тоза зам намуданд.
Ин иқдом нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории фаъолонаи кормандони Марказ дар татбиқи сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар ва ободонии пойтахти мамлакат мебошад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.