(Тоҷикӣ) БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Имрӯз, 30 январи соли ҷорӣ, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Марказ мушовири директори Марказ Саидмурод Фаттоҳзода ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов, инчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар вохӯрӣ менеҷери барномавии Хизматрасонии абзорҳои сиёсати хориҷии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо (FPI) Леа Трис ва мушовири сиёсии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Ясна Ламберт ҳузур доштанд.
Мулоқот бо ташаббуси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо бо мақсади баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байни минтақавӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир дар қолабҳои гуногун сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳлилӣ рушд меёбад. Ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳо байни ниҳодҳои тадқиқотиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳлили равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, дурнамои сиёсати хориҷӣ, инчунин имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти таҳқиқоти стратегӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар оянда изҳор намуда, идомаи муколамаи созанда ва таҳкими робитаҳои ҳамкориро ба манфиати ҷонибҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон