(Тоҷикӣ) АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: ТАҲАВВУЛИ ҶОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Тайи ду даҳсола мешавад, ки паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натанҳо татбиқкунандаи рӯзномаи стратегии рӯшди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон балкӣ, ифодагари рӯзномаи байналмилалии рушди устувор мебошанд.
Дар робита ба масъалаи болозикр, таҳлили зерин, ифодагари саҳм ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
АЗ ПАЁМ — 2024. Соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои сиёсати хориҷии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ба ҳашт масъалаи асосӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд:
1. Ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба;
2. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар бахусус, пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар қолаби «Раванди оби Душанбе»;
3. Рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа;
4. Тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
5. Дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола, таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба дар сатҳи дуҷониба ва қолабҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё;
6. Ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
7. Ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд;
8. Вусъати равобити бисёрҷониба бо Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ.
Татбиқи амалии ҳадафҳо дар сиёсати хориҷӣ. Дар робита ба татбиқи ҳадафҳои гузошташудаи соли 2024 бо итминони комил метавон иброз дошт, ки соли 2025 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пешбурди сиёсати хориҷӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳадафҳои худ ноил гардид.
Аз ин рӯ, дар робита ба 8 масъалаи болозикр метавон чунин таҳлилҳоро арзёбӣ намуд:
ЯКУМ, ҷиҳати ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда барои пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се нишасти муҳими байналмилалӣ: а). ҷаласаи “СҲШ-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор”, санаи 01 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Чин; б). ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, санаи 15 сентябри соли 2025 дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар; в). “Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод”, санаи 12 декабри соли 2025 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” иштирок ва вобаста ба ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар олам суханронӣ намудаанд.
Маҳз дар заминаи пешбурди сиёсати сулҳхоҳона, санаи 21 декабри соли 2025 ба Пешвои тоҷикони соҳибмаърифати ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой тақдим гардид, ки эътирофи саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ мебошад.
ДУЮМ, дар робита ба иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар бахусус, пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, таъкид намудан ба маврид аст, ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи фаъолияти «Раванди оби Душанбе» таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд.
Маҳз санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар раванди он зиёда аз 2,200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаи конфронс қабули Эъломияи Душанбе ва “Даъвати Душанбе” гардид, иқдоми амалӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки “натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд”.
Ташаккули “раванди нав”, натиҷаи талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, самараи он бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера», ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ бахусус, пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи саривақтии ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор ба ташаккули сохтории фаъолияти кишвар таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир намуда, зимни ироаи Паёми соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Ташаббуси мазкур, бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ, ҷиҳати ташкили экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ва бунёди “Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ” дар кишвари мо мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Ҳамзамон бо ин, рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
СЕЮМ, вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа, соли 2025 мо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.
Дар робита ба масъалаи болозикр баргузории Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» санаи 09 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе, бо қабули Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2025 – 2027 ва Изҳорот дар бораи натиҷаҳои дуввумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, иборат аз 29 банд, инчунин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ”, санаи 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳо дар таҳкими муносибатҳои кишварҳои минтақа ва берун аз он ба шумор мераванд.
Зиёда аз ин, бо мақсади татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи хориҷӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои зерин вобаста ба таҳкими ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи он иштирок ва суханронӣ намудаанд: 1). Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин”, санаи 17 июн соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон; 2). Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1), санаи 06 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон; 3). Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, санаи 16 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон.
Махсус бояд таъкид кард, ки дар доираи татбиқи ҳадафи мазкур соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се қолабҳои С5+1, ки аввалин маротиба дар сатҳи баланд баргузор шуданд, иштирок ва суханронӣ намуданд: 4.1). нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо», санаи 04 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, ҳамзамон, ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»; 5.2). нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Италия», санаи 30 майи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон; 6.3). нахустин Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», санаи 20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон.
Яъне дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш қолабҳои ҳамкории С5+1 фаъолона ширкат варзидааст.
Дар ин замина, яке аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиёи Марказӣ он аст, ки санаи 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
ЧОРУМ, дар робита ба тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъкид намудан зарур аст, ки моҳи октябри соли 2025 дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил баргузор гардид.
Пас аз суханронии ҳамаи сарони давлатҳо ва гузориши Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои дахлдор қабул карда шуд. Аҳамияти саммити Душанберо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ намуда, қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид намуданд, ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон мебошад.
Зимни баргузории саммити сарони кишварҳои ИДМ 19 санад, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ба имзо расонида шуд.
Пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд.
Ҳамзамон бо ин, 22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намудаанд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ, самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
ПАНҶУМ, дар заминаи пешбурди сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» соли 2025 Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба дар сатҳи дуҷониба ва қолабҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар робита ба тадбирҳои амалӣ дар самти мавриди назар, соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқотҳои судмандро бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо, сафари корӣ ба ҷумҳуриҳои Фаронса ва ИМА анҷом додаанд.
Тавре ки дар боло ишора шуд, соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сафари хориҷӣ анҷом додаанд, ки аз онҳо, 1 сафари давлатӣ, 2 сафари расмӣ ва 17 сафари корӣ мебошанд.
Зимни сафарҳои хориҷӣ зиёда аз 100 (106) мулоқоту музокиротҳо анҷом дода шаудаанд, ки миёни онҳо сафари давлатӣ ба Қирғизистон (12-13.03.2025), сафари расмӣ ба Федератсияи Русия (16-17.03.2025), сафарҳои корӣ ба Қирғизистон, Қазоқистон, Фаронса Озарбойҷон, ҶМЧ, Қатар ИМА, Узбекистон, Туркманистон ва Ҷопон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, соли 2025 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди мулоқотҳо бо намояндагони хориҷӣ дар дохили кишвар сурат гирифтаанд. Агар шартан гирем, Президенти кишвар дар давоми соли 2025 тақрибан 60 вохӯриву мулоқотҳо бо намояндагони хориҷӣ дар Тоҷикистон анҷом дода, аз он 13 адад бо сарони давлатҳои хориҷӣ, 19 адад бо вазирону намояндаҳо ва раисони ҳукумати давлатҳои хориҷӣ ва 27 вохӯриҳоро бо намояндагони созмонҳои минтақавиву байналмиллалӣ дар дохили кишвар ба анҷом расонидаанд.
Инчунин, соли 2025 бо иштироки бевоситаи роҳбари давлат зимни вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар дохил ва хориҷ аз кишвар тақрибан 100 (93- санад, 56 адад –дар Тоҷикистон; 37 адад — хориҷ аз кишвар) санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Мутаносибан санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Қирғизистон 32 адад, Федератсияи Русия 23 адад, ҶМЧ 8 адад, инчунин, дар сатҳи бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ 19 санади ҳамкорӣ ва боқимонда дар сатҳҳои Осиёи Марказӣ + (9 адад) ва сеҷониба бо Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон имзо гардидаанд.
ШАШУМ, дар робита ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари хориҷӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои самимиро бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва кору таҳсил менамоянд доир намуда, вазъи будубош, масъалаҳои асосӣ дар фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ ва зимни мулоқот бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ҳамаҷониба баррасӣ намудаанд.
ҲАФТУМ ва ҲАШТУМ, ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ғайраҳо.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки соли 2025 Тоҷикистон дар доираи ҳамкории бисёрҷонибаи сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Муҳимтарин рӯйдоди сол, иштрок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.
Зимни суханронӣ дар иҷлоси мазкур, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз кишварҳои олам даъват ба амал оварданд, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста талош варзанд. Дар ин зимн, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург иқдоми муҳим ва саривақтӣ номида шуд.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи душвори давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ маҳсур дар хушкӣ, ёдовар шуда, андешидани чораҳои ҷиддиро барои таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ зарур шумурданд.
Маҳз дар доираи фаъолияти самараноки Тоҷикистон дар СММ, соли 2025 созмони мазкур дар робита ба ташаббусҳои Тоҷикистон ҳашт қатънома қабул намуд, ки аз эътибори ҷойгоҳи Тоҷикистон дар назди ин созмони бонуфуз дарак медиҳад: 1). Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии “Хуттали қадим” зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, 12 июли соли 2025 шаҳри Париж; 2). Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», 25 июли соли 2025; 3). Қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ”, 06 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО; 4). Қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», 12 декабри соли 2025, ҷаласаи 7-уми МУСММ; 5). Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», 12 декабри соли 2025; 6). Қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва 7). бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027; Қатънома дар бораи ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намудани “Фарҳанги суманакпазӣ”, 10 декабри соли 2025 ш. Деҳлии Нав.
Ҳамзамон, иштирок ва суханронӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаи Созмони ҳамкории исломӣ (15.09.2025. Қатар), нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) (27.11.2025. Қирғизистон), ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (01.09.2025. Чин), ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) (04.07.2025.Озарбойҷон), аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соли 2025 ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, таъкид намудан ба маврид аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон, бахсус дар сиёсати хориҷӣ боиси таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ гардида, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ номиданд.
ТО ПАЁМ- 2025. Ҳамин тавр, зимни ироаи Паёми соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳолат ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҳлил намуда, дар шароити вазъи мураккаби манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ масъалаҳои зеринро дар дурнамо афзалиятнок шумориданд:
— иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ ва ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳкими талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир;
— идомаи фаъолияти байналмилалӣ ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода»;
— андешидани тадбирҳои амалӣ, ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ;
— тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун.
Дар маҷмуъ, тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо саъю талоши аҳлона ва пайгирӣ аз сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эълон гардидани соли 2026 соли ҳамчун соли “Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” мо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар ба дастовардҳои беназир ноил хоҳем гашт. (баъзе оморҳо метавонанд бо нишондодҳои омории ниҳодҳои дахлдори давлатӣ пурра мутобиқ наоянд!)
Шарифзода Саидҳомид Сафар,
номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон