(Тоҷикӣ) ҲУВИЯТМЕҲВАРӢ ВА МАҚОМИ ДИНИИ ТОҶИКОН ДАР ПИНДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ё “МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪДАН МУСАЛМОН!”

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

«Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст.”
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таърихи ҳар як миллат дорои саҳифаҳои ибратомӯз ва ҳассосе ҳаст, ки барои ташаккул, рушд ва нуфуз пайдо кардани он миёни дигар миллатҳо саҳм мегузорад. Дарозумрии ҳар як миллат аз таърихи ғанӣ, фарзандони мубориз ва корҳои мондагор анҷомдодаи онҳо вобастагӣ дорад. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии дастҷамъона дар корҳои бузург кафолати бақо ва пирӯзии фарҳангу тамаддуни миллат маҳсуб мешавад.
Ҳар як давраи таърихӣ таҳаввулоти хоси худро дошта, на ҳар фарҳанг, тамаддун ва миллат пешорӯи он устувор мемонад ва бо мурури замон ҳувияти худро аз даст медиҳад. Дар натиҷаи кишваркушоӣ, мудохила, набард, тиҷорат ва муҳоҷират намояндагони халқиятҳои гуногун бо ҳамдигар омезиш ёфтаанд. Дар робита ба ин, зиёиёни ҳар қавму миллат ҷиҳати ҳифзи ҳувияти фарҳангии хеш ва ба ояндагон ба мерос гузоштани он талошҳо намудаанд. Тафаккури васеъ, заковати воло, адабиёти пурғановат ва таърихи шоистаи миллати тоҷик боис гардидааст, ки дар радифи халқҳои дорои тамаддуни қадим ба мақоми арзишманди худ соҳиб шавад.
Чашмандози таърихӣ маълум менамояд, ки тамаддуни ориёи мо чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он аксари халқиятҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд. Огоҳ будан аз гузаштаи пурифтихор ва маданияти пурарзиши ниёгонамон ҳушдорест, ки решаҳои асли худро бидонем ва дар бунёди ҷомеаи навин аз он истифода намоем.
Форсҳо баъд аз ба арсаи сиёсат баромадан, ба рушди тамаддуни ориёӣ саҳм гузошта, ба ташкил кардани империяи бузурги ҷаҳонӣ даст ёфтанд. Инчунин, месазад вобаста ба нақши Куруши Кабир (600-530 то милод), ки дар ташаккул ва таҳаввули фарҳанги ҷаҳонӣ саҳм гузоштааст ва ҳамзамон, Асосгузори давлати Ҳахоманишинӣ маҳсуб меёбад, ки намояндаи сарфарози аҷдодони мост ёдовар шавем.
Муддати дарози фаъолият ҳамчун асосгузори империяи бузург тавонист, ки хислатҳои ҳамидаи инсониро дар раъиятдорӣ пиёда созад ва ҳамчун шахсияти таҳаммулгаро номи худро дар таърих сабт намояд. Куруш 42 ҳазор яҳудиро аз ғуломӣ озод намуд ва яҳудиён ӯро чун фиристода Худованд мепиндоранд ва дар китоби муқаддаси онҳо “Таврот” номи ӯ ду бор дарҷ гардидааст.
Ҳанӯз аз оғози давлатдорӣ сарзамини мо маркази маънавиёт, меҳвари ҳақиқии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти гуногуне рӯ ба рӯ гаштааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маврид суханони зеринро иброз доштааст:
“Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро таҳким бахшид. Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯйи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ осон гардонид Имоми Аъзам буд. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои исломӣ нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.
Мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон нақши беназир дорад. Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳ кушод.
Сирри ба яке аз мазҳабҳои пурнуфузтарин дини мубини ислом мубаддал гардидани мазҳаби Имоми Аъзам дар муқаррароти он, яъне мутобиқ ба давру замон аз Қуръону ҳадис маънидод намудан, эътироф кардани ақлу хирад ба сифати асоси ҳалли масъалаҳои нави иҷтимоӣ ва боз кардани дарҳои мазҳаби хеш барои дастовардҳо ва арзишҳои минбаъдаи инсонӣ мебошад.
Дар ҳама гуна шароиту давраи инкишофи ҷомеа бо сабаби тамоюли инсон ба камолотёбӣ эҳтиёҷи он ба арзишҳои маънавӣ меафзояд. Чун инсон дар ҷомеа умр ба сар мебарад, бинобар ин танҳо дар ҷомеа шахсияти ӯ ташаккул меёбад ва татбиқ мегардад. Шароиту муносибатҳои дар ин масир ӯро ҳамроҳ буда албатта ҳеҷ гоҳ наметавонанд идеалию мукаммал бошанд ва аз ин ҷиҳат талабот пайваста барои такмили онҳо дар асоси арзишҳои маънавӣ вуҷуд дорад.
Дар баробари ин, эъмори давлатдории миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳмили фарҳангҳои бегона дар меҳвари фаъолияти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Маҳз ҳамин ғамхориҳо буд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” (дар таҳрири нав), “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардиданд. Ин қонунҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои иҷтимоии шаҳвандон равона гардидаанд.
Бо амри тақдир ва тақозои замон миллати тоҷик 70 сол узви Иттиҳоди Шуравӣ буд, ки дар он идеологияи марксистӣ-ленинӣ ҳукмронӣ мекард. Ҳар як низом ба худ ғоя ва услубҳои хоси худро дорад, ки бо мурури вақт иҷрои унсурҳои он хосияти ҳатмӣ касб менамояд. Тавассути таъсири идеологияи коммунистӣ шуури миллии мо низ таҳаввул кард. Миллат то андозае аз асли ҳувият дур гашта, рисолати таърихии худ – эҳёи давлатдории миллиро ба ҳошия гузошт. Зимомдорони давр то ҳадди имкон мекӯшиданд, ки миллат аз асл ва ҳувияти худ дур бошад. Давлат бо чунин ҳолати халои фарҳангӣ дер намепоид ё зуд заиф мешуд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳифзи хотираи фарҳангӣ шоистаи таҳсин аст. Президенти кишвар ҷиҳати эҳёи фарҳанги бостонии миллати мо ва таҷлили бузургдошти шахсиятҳои таърихие, ки асолати тоҷикӣ доштаанд, нақши боризе дошта, маҳз бо ибтикори ӯ 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 1150 – солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва амсолашон роҳандозӣ шудаанд, ки чунин чорабиниҳо ҷиҳати тақвият ёфтани раванди густариши ҳувияти милливу фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат карда, дар ин замина осори бузургони гузашта барои шаҳрвандони кишвар дастрас мегардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки хусусиятҳои ҳувияти фарҳангӣ дар таълифи номбурда ҳамчун “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Имоми Аъзам. Рӯзгор осор ва афкор”, “Забони миллат – ҳастии миллат” таҳқиқ шуда, вижагиҳои ҳувиятии тоҷикони муосир дар онҳо мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Махсусан, ин андеша бештар дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” мушоҳида мегардад.
Шиддатёбии раванди азнавтақсимкунии ҷаҳон ва сарҳадшикании маънавӣ бунёди давлати миллиро зери суол мебарад. Маҳз иштиёқи маърифатандӯзӣ ва дар ин росто, ҳифзи арзишҳои милливу хотираи таърихӣ метавонад давлатро аз завол наҷот бахшад.
Дидгоҳи таърихӣ собит намудааст, ки ҳар миллат аз асли худ бохабар гардад, соҳибдавлат будааст. Бинобар сабаби паст будани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинӣ аксар миллатҳо ҳувияти худро аз даст медиҳанд, ки ин кор ба заиф гардидани давлат бурда мерасонад.
Мушоҳидаҳои кӯшишҳои таърихсозии замони нав моро вазифадор месозад, ки донишҳои хотироти таърихиро низ тавсеа бахшем. Дар чунин ҳолат, таърих ба майдони разми мафкуравӣ табдил меёбад ва иштирокдорон аксар маврид онро ҳамчун восита ҷиҳати расидан ба ҳадафи худ истифода мебаранд. Яке аз роҳҳои самараноки муқобилият бо чунин тамоюлот ин барқарорсозии ҳақиқати додаҳои таърихӣ ба шумор меравад.
Аз худ намудани фарҳанги дигарон низ ҷузъе аз чунин “иқдомот” – и баъзе кишварҳо маҳсуб ёфта, ба ҳар роҳу восита онро тадбиқ менамоянд. Дар ин росто, дар баробари таҳрифи таърих, дасткорӣ (манипулятсия) – и хурофотӣ низ аз ҷониби ин қабил давлатҳо ҳамчун абзор истифода мегарданд. Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала ёдрас гардид:
“Ман боз мегӯям, бо хурофот давлат тараққӣ намекунад. Давлатҳои пешрафтаро бинед. Мо дар куҷо қарор дорем? 90 фоизи бозори мо аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем. Боигарии мо берун рафта истодааст. Давлатҳое, ки ҳатто сабзавоту обу ошомиданӣ надоранд, технология ихтироъ карда, аз лиҳози иқтисодӣ муҳтоҷ ба касе нестанд. Имрӯз ба сари мо чиҳоро бор накарда истодаанд. Кӯшиш мекунанд, ки идеологияи ғаразноки худро бор кунанд. Куҷо меравед бо ин идеологияи? Куҷо? Кӣ рафтаст? Нишон диҳед канӣ”
Хурофот як падидаи номатлуб буда, асос надорад. Андешаи хурофотпарастона пояи илмӣ надошта, такзибкунандаи ҳақиқати объективӣ мебошад. Бо гузашти вақт хурофот инсонро ба ифрот мебарад, ки зарари он ба ҷомеа ногузир мегардад. Амалкард ва хулосабарории барқосои ирратсионалии хурофотӣ дар замони таррақиёти технологӣ, ки беш аз ҳар вақт рушд дорад, қобили қабул нестанд.
Ҷаҳони муосирро метавон “фазои технологӣ” номид, ки фановариҳои нав тасдиқи гуфтаҳои фавқуззикр аст. Дар ҷомеаи муосир технологияи мавқеи ниҳоят муҳимм дошта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварҳои олам ҷиҳати инкишофи зиндагии инсоният таъсиргузор аст.
Масъалаи дигари ташвишовар ин дурусту оқилона истифода бурдани имконоти технологӣ, аз ҷумла интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тибқи гузоришҳои Иттифоқи байналмилалии алоқаи электронӣ шумораи истифодабарандагони интернет ба 6 миллиард мерасад, ки ин 70 дарсади аҳолии кураи Заминро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки соли оянда ин шумора ба 6,3 миллиард расад. Шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба 5,2 миллиард мерасад, ки 64 дарсади аҳолии оламро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти созмони болозикр, ба ҳисоби миёна ҳар истифодабаранда ҳар рӯз 151 дақиқа вақти худро дар 6-7 платформа мегузаронанд.
Аммо дар баробари пайдоиши имконоти технологӣ рукуди хониши китоб низ ба назар мерасад. Тибқи омори пешниҳоднамудаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд сатҳи маърифатнокии аҳолии ҷаҳон паст рафтааст. Тибқи гузориши манбаъ дар 20 соли охир омори хондани китоб дар ИМА 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар Британияи Кабир бошад аз 3-1 ҳиссаи аҳолӣ аз хондан мондаанд. Сабаби аслии ин равандро мутахассисони соҳа дар истифодаи ғайримақсадноки смартфонҳо мебинанд. Дар ҳамин асно, гурӯҳи нави одамон пайдо гардиданд, ки онро “ҷамъияти пасомаърифатӣ” номиданд. Сатҳ ва мундариҷаи дониши аксари ин гурӯҳи одамонро иттилооти навории кӯтоҳмуддат ва гурӯҳҳои таъсисдодаи ашхоси манфиатдори мавқеи субъективидошта (дар мисоли телеграмм) муайян мекунад, ки асоси илмӣ надорад ва нодуруст аст.
Фалсафаи ҳувиятмеҳварии Пешвои миллат шоёни таҳсин ва пайравист. Роҳбари давлат маърифатгароиро дар эъмори давлатдории миллӣ дар мадди аввал мегузорад.
Дар ҳамин замина, моро месазад, ки зарфияти худро ба таври зарурӣ ва самаранок дар ин самт сайқал диҳем. Дар ҳамин росто, раҳнамоиҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, ҷиҳати аз худ намудани илмҳои замони муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ ва англисӣ саривақтӣ буда, барои давлатдории миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ созгор аст.
Ҳувияти миллӣ асоси давлатдории мост, ҳамзамон мо бояд арзишҳои суннатии динии худро низ арҷ гузорем. Чунин пайвасти ногусастании таърихӣ моро муваззаф менамояд, ки қувва ва тавоноии худро барои тавсеаи он ҷиҳати пойдории давлату давлатдории худ самаранок истифода намоем.
Султонзода Ҳасанҷон,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилӣ