(Тоҷикӣ) ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ: ГУЗАШТАИ ТАЪРИХӢ ВА ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар ташаккули фарҳанги башарият рамзи парчам мавқеи муайян ва таъйиноти гуногунҷанбаро доро аст. Дар ибтидо унсурҳое монанд ба парчам вуҷуд доштанд, ки аслан нақши ифодагари вежагии фарқкунанда дар бораи як гурӯҳ, анбӯҳи одамон ва қавму қабилае буд. Ва ҳамин рамз онҳоро барои анҷом додани ҳадафе, мақсаде ё иҷрои коре дастҷамъона муттаҳид мекард. Баъди сипарӣ шудани як марҳилаи муайян парчам ба омили иттиҳоди гурӯҳҳои ҷангӣ ва унсури таблиғи андешаҳои эътиқодӣ мубаддал мешавад. Бо мурури замон ҳар як парчам дорои рангҳои гуногун ва баёнгари орзуву омоли гурӯҳи муайян гардид. Дидан ё бардоштани парчам маълум мекард, ки гурӯҳҳои разманда ва таблиғотгар чӣ даъво доранд ва барои изҳори кадом матлабе иқдом варзидаанд. Аз ҳамон даврони қадим ҳар ранги дар парчам таҷассумёфта дорои маънӣ ва румузи махсус буд.

Маълумоти нахустини сарчашмавӣ дар бораи парчам, алам ё худ дирафши ковиёнӣ дар «Таърихнома»-и Балъамӣ зимни боби «Хабари подшоҳии Заҳҳок» баён гардидааст. Қисса он аст, ки «бар ду китфи Заҳҳок пораи гӯште буд бузург барруста. Мисли мор сардошт. Ва ба замини Исфаҳон марде буд кишоварз ба деҳе ва ӯро писар буд бузург шуда ва он ҳар ду писарро он кас, ки андар Исфаҳон аз қибали Заҳҳок халифат буд, бигирифт ва сӯйи Заҳҳок фиристод ва Заҳҳок он ҳар дуро бифармуд куштан. Ва номи он падари писарон Кова буд. Чун хабар ёфт аз куштани писарон сабраш намонд ва ба шаҳр андаромад ва фарёд карду бихурӯшид. Ва он пӯстро ки оҳангарононро бар пушти пой барбаста доранд, бар сари чӯбе кард чун аламе. Ва онро дирафши ковиён гуфтандӣ ва маънии дирафш ба паҳлавӣ алам бошад ва чизҳои тобон ва дирафшон, азеро ки ҳар гоҳ ки онро бозкушодандӣ, он гавҳарҳо фурӯзидан гирифтӣ».

Дар асоси қиссаҳои асотирии марбут ба қиссаи Заҳҳок маълумот оид ба дирафш ва таърихи вобаста ба парчам дар достонҳои асотирии «Шоҳнома» бисёр ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи достони «Шоҳнома» Кова, ки 18 писари худро қурбони ҳокими ситамгар Заҳҳок карда буд, барои наҷот додани мардум пешдомани чармияшро бар чӯбдастае устувор намуд ва мардумро ба пайкору ситез бо Заҳҳок фаро хонд.

В-аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард.

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Фурӯҳишт аз сурху зарду бунафш,

Ҳамехонд ашковиёнӣ дирафш.

Алқисса, оммаи мардум, ки аз ситаму бедод ҷон бар лаб омада буданд, дар гирди дирафши Кова ба ҳам омаданд ва ситаму ҷафоро аз беху бун барканданд. Азбаски ин пешдомани чармӣ мояи раҳоии миллат аз ҷафо гардид, он ба унвони парчам баргузида шуд ва беш аз ҳазорсол он ба унвони парчами расмии давлати Сосониён хидмат кард. Минбаъд ин парчам ҳамчун рамзи пойдориву истиқомат дар баробари тантанаи адолат ва истиқрори давлатдорӣ ба рамзи мондагор табдил шуд ва ҳар шоҳе ки меомад, ба нишони эҳтирому арҷ нигине ё гавҳаре қимат бар он насб мекард. Ҳамин тавр идома ёфт, то замони футӯҳот баъд аз рафтани Яздҷирд ибни Шаҳриёр ба Марв ин парчам ба дасти арабҳо афтод ва онро ба назди Умар оварданд. Ӯ фармуд гавҳару ҷавоҳироташро бигирифтанд ва пӯстро оташ заданд. Арабҳо бо ин амал мехостанд ба мулуки ҷаҳон эълон доранд, ки ба мавҷудияти панҷсадсолаи империяи форсҳо хотима доданд.

Матлаби дигари рамзи парчам он аст, ки дар анъанаи бештари халқу миллатҳои пешин аксҳои ҳайвонот ё ягон манзараи табиат дар парчам таҷассум меёфт. Тадриҷан дар матоъи парчам истифодаи аксҳои шер, гург, паланг, уқоб, гандум ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромад. Чунин ҳам шуд, ки баъзе парчамҳо вобаста ба тарзи машғулият ва кору фаъолияти одамон ороставу пероста гардонида мешуд. Аммо гузаштагони пурифтихори мо бештар акси хуршедро ба ҳайси рамзи парчами худ интихоб мекарданд, зеро яке аз нахустин ойинҳои гузаштагони мо меҳрпарастӣ буд. Ба ин васила онҳо акси хуршедро ҳамчун ифодагари мансубияти эътиқодии хеш арза медоштанд. Аммо дар аҳди Сосониён нақши шер ҳамчун рамзи кишвардорӣ пазируфта шуд ва шикори шер тибқи қонун манъ карда шуд. Дар суннати давлатдорӣ ва ойини ҷавонмардии гузаштагони мо симои шер ҳамчун намоди диловарӣ ва қудрат эътироф гардид. Аз ин давраи ташаккули ҷомеаҳои инсонӣ ҳар акси бар парчам насбшуда бояд баёнгари рамз ва маънии муайяне мебуд.

Мо тоҷикон аз қадим соҳиби парчам, китоб ва фарҳанги бузург будаем. Аз мероси бойи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ниёгони мо дигар халқу миллатҳо васеъ баҳра мегирифтанд. Тамоми ориёиҳо дар зери як парчам як дин ва як давлат сарҷамъ буданд. Аз замонҳои қадим ҳар як давлати бузург соҳиби артиши бонизом ва парчами худ буд. Парчам рамзи бузургӣ, ягонагӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як халқу миллат ва давлатро ифода мекард.  Парчам барои тамоми мардуми ҷаҳон рамзи ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад. Таърихи пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим рафта мерасад. Мардуми сайёраи мо дар давраҳои гуногуни таърих аз рамзу нишонаҳои гуногун истифода мекарданд ва бо ҳамин ба кадом авлод ва ё қабила мансубият доштанашонро бадигарон мефаҳмониданд. Яке аз чунин нишонаҳо парчам шуд. Ҳамин тавр, парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси нақши ҳайвонот–шер, хирс, асп, гов, гург; парандаҳо – уқоб, шоҳин, бум ва ғайраҳо бавуҷуд омаданд. Дар марҳилаи минбаъда нигаҳдорӣ, бо худ бурдан ва ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ бардоштани парчам ба ҳукми анъана даромад. Ҳар як давлат бо парчами худ вориди ҷанг мешуд. Дар рафти ҷангу задухӯрдҳои мусаллаҳона аз даст додани парчам маънии бохтанро дошт ва ҳамчун шикасти бузурги ҳарбӣ-сиёсӣ дониста мешуд. Дар бисёр ҳолатҳо аз даст рафтани парчам боиси шикаста руҳии сарбозони ин ё он давлат мегардид. Аз ин хотир тарафҳои разманда парчамҳои худро аз тариқи ташкили гурӯҳи низомии махсус сахт муҳофизат мекарданд, то он ба дасти душман наафтад.

Аз ин ҷиҳат, парчамдорӣ ва ҳифзи осебнопазирии он анъанаи деринаи ниёгони мо – ориёиҳо мебошад. Аввалин бор бар зидди зулми Заҳҳок Коваи оҳангар пешдомани худро дар як чӯбдастае баста, парчам кард ва мардумро бар зидди зулми Заҳҳок бархезонд. Мардум дар гирди парчами озодии Кова сарҷамъшуда, Заҳҳокро шикаст доданд ва шоҳи одил Фаридунро ба сари ҳукумат оварданд. Соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих–Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо таъсис додашуд. Ҳахоманишиҳо дорои мудирияти мукаммали давлатдорӣ ва соҳиби парчами миллии худ буданд. Дар парчами онҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд. Ҳамин анъанаи парчамдорӣ дар давраи Сосониён низ идома пазируфт. Парчами машҳури Сосониён Дирафши Ковиён ном дошт. Он аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба матои ин парчам зам мекард ва қимати маънавӣ ва моддии онро афзун мегардонид. Дар болои парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, сангҳои қиматбаҳое, ки дар парчами Сосониён буданд, арзиши андози як иқлимро доштанд. Бадбахтона, дар замони футӯҳоти исломӣ Сосониён соли 636 дар ҷанги Қодисия парчами худ – Дирафши Ковиёнро аз даст доданд ва аз ҷониби арабҳо шикаст хӯрданд. Анъанаи бо парчами тунуку ҳарири парафшон, ки дар чӯбе устувор баста шудабуд, дар Хилофати Араб замони зиндагонии пайғамбари ислом –Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ба ҳукми анъана даромад. Парчами нахустини нерӯҳои исломовар ранги сиёҳ ва сафед дошт ва баъди васеъ гардидани қаламрави ислом дар ҳудуди кишварҳои ҳамсоя ба парчами дорои ранги сабз иваз карда мешавад.

Густариши ислом дар қаламрави Мовароуннаҳри таърихӣ дар шаклу муҳтавои парчамҳо тағйироти ҷиддӣ ворид сохт. Чун фиқҳи исломӣ сураткашии инсону ҳайвон ва ҳар гуна ҷондорро манъ мекард, дар шакли парчам бештар аҳаммияти ранг, нақшу нигор ва навиштаҳо бартарият пайдо кард. Интихоби ранги матоъи парчам ҳангоми эътирози дастҷамъонаи муборизони диловари тоҷик дар муқобили зулму истибдоди давлатҳои теократии арабҳо ва сулолаҳои дигар вобаста ба моҳияти қиём сурат мегирифт. Масалан, Абӯмуслими Хуросонӣ сарвари қиёми аҷамиён бар зидди ситаму бедодгариҳои давлати арабии Умавиён буд. Мавҷудияти ҳукумати умавиҳоро мардуми мусулмон рамзи сиёҳӣ, ранги мусибату бадбахтӣ медонистанд. Аз ин рӯ, Абӯмуслим ранги парчами муборизаи худро сиёҳ кард. Ӯ ба зери чатри парчами сиёҳ қиём кард ва бо ҳамин рамз пирӯзу дастболо шуд. Империяи теократии Аббосиён низ тамоми муддати 500 соли ҳукмрониаш ранги сиёҳро рамзи парчами худ баргузид. Аз ҳаминҷо буд, ки пайравони Абӯмуслимро ба сабаби парчами сиёҳ доштанашон сиёҳҷомагон меномиданд. Баръакси Абӯмуслим замоне, ки Муқаннаъ дар Суғд ба муқобили ситами Аббосиён исён кард, ранги парчами худро бар зидди интихоби Аббосиён сафед муайян кард ва онро рамзи поктинатӣ, софӣ ва покдинӣ баён дошт. Аз ҳамин мавқеъ, пайравони ӯро сапедҷомагон меномиданд.

Дар асрҳои минбаъдаи ташаккули фарҳанги миллии омехта бо ислом сулолаву ҳукуматҳои маҳаллӣ дубора эҳё гардид ва нақши акси шер дар парчамҳо дубора пайдо шуд. Нахуст амирони тоҷик дар давлати мутамаркази Сомониён ва баъдтар бо пайравӣ ба онҳо султонҳои давлати Ғазнавиён рамзи парчами худро акси шер ихтиёр карданд. Ба ҳамин тариқ, ранги парчам вобаста ба зебопарастӣ, завқу салиқаи шоҳону сипоҳсолорон дар давраҳои муайяни таърихӣ тағйири шакл мекард. Вале дар гузашта бештарин рангҳое, ки андаруни парчами давлатдорони мо пазируфта шудааст, ҳамоно рангҳои сафед, сурх, бунафш ва сабз будааст. Баъд аз барҳамхӯрии давлатҳои миллии тоҷикон ҳам мақомдорони турктабор тасвирҳои парчами онро ҳифз карданд. Салҷуқиён тадриҷан акси шер ва хуршедро якҷо дар парчам ғунҷоиш доданд. Ҳамин парчами шеру хуршеддор дар давраи Темури Ланг низ боқӣ мондааст. Сафири Испания дар дарбори Темур, дипломат ва сайёҳи машҳури сарзамини Мовароуннаҳр Руй Гонсалес де Клавихо дар хотираҳои худ зери унвони «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд дар дарбори Темур» чунин нигоштааст: «Бар рӯйи девори яке аз имороти Самарқанд нақши шеру хуршед дидам». Ин ҳамон тасвиреаст, ки дар девори мадрасаи Шердори Самарқанд то ҳол боқӣ мондааст ва ёдгори пурарзише аз суннати парчамдории тоҷикон дар даврони асримиёнагӣ маҳсуб меёбад.

Соли 1753 сулолаи манғитиҳо дар Бухоро ба сари ҳокимият омаданд. Соли 1785 хони манғит–Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба Аморат табдил дода, худро амир эълон кард. Парчами Аморати Бухоро сабз буд ва дар байнаш тасвири ҳилоли моҳ ва як ситора дошт. Ҳамзамон дар парчам тасвири панҷаи даст ва бо хатти арабӣ калимаи шаҳодат навишта шуда буд. Дар парчами амир Олимхон – охирин амири Бухоро шиори динӣ навишта шуда буд, ки ягонагии Худо ва сояи Худо дар замин будани амирро ифода мекард.

Бояд гуфта шавад, ки дар ибтидои асри ХХ инқилоби болшевикӣ дар Россияи подшоҳӣ ба вуқуъ пайваст, ки тадриҷан ба қаламрави минтақаи Осиёи Марказии имрӯза низ паҳн гардид. Давлати муттаҳидае, ки дар ин сарзамин ташкил шуд, солҳои 1921-1924 бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро арзи вуҷуд кард. Пеш аз тасдиқи парчами расмӣ вариантҳои гуногуни парчами ин ҷумҳурӣ истифода мешуданд, ки он аз матои дорои ранги сурх бо ҳилоли сафед дар марказ ва дар гӯшаи чапи болояш навиштаҷоти БНСР (яъне ҶХШБ) иборат буд. Баъд аз он панҷ варианти ин қабил парчамҳо истифода мешуданд, ки дар аксари онҳо навиштаҷот бо алифбои арабӣ истифода мешуд. Дар санаи 23 сентябри соли 1921 Қурултойи дуюми умумибухороӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухороро қабул ва тасдиқ кард. Дар моддаи 79 ҳамин ҳуҷҷат шарҳи парчами ҶХШБ чунин баён ёфтааст:

«Парчами давлатии ҶХШБ аз ду матои ба ҳам дӯхташуда иборат аст: болоиаш – ранги сабз ва поёниаш – сурх дошта, аз нақши дости тиллоии ҳилоли дар дарунаш ситораи панҷкунҷаи тиллоӣ ҷойгир шуда иборат аст. Дар паҳлуи чӯбдастаи кунҷи чапи болоии матои сабз навиштаҷоти ҶХШБ омадааст».

Тавре маълумаст, соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ гузаронида шуд. Моҳи октябри ҳамон сол Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси ин воҳиди нави маъмурӣ зарурати қабули парчами онро низ ба миён овард. Бояд қайд карда шавад, ки дар фосилаи солҳои 1924-1991 дар ҷумҳурии мо нуҳ парчам қабул гардидааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Акнун зарурати қабули парчами нави миллӣ ба миён омад. Парчами пешинаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дигар мардуми кишварро сарҷамъ карда наметавонист. Мардуми кишвар хостгори қабули парчами нави миллии худ буданд. Ин хушбахтӣ ба мо рӯзи 24 ноябри соли 1992 муяссар гардид. Дар иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами кунунии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамон тавре ки интизор мерафт, се ранги таърихии аҷдоди мо– сабзу сафеду сурх ҳамчун рангҳои парчам пазируфта шуд. Аз лаҳзаҳои аввали қабули ин парчам Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон парчами нави Тоҷикистонро бӯсида, ба дидаҳои худ молиданд ва чунин гуфта буданд: “Бигзор ин парчам тамоми мардуми тоҷикро муттаҳид кунад, низоъро дар байни мо бардорад ва ба Тоҷикистону тоҷикистониён сулҳ биёрад”.

Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 боифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон– 24 ноябр бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд. Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад. Ранги сафед–рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат–пахтааст. Ранги сабз–рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвараст. Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфта шавад, ки парчами давлатӣ имрӯз дар фарқият бо гузаштаи дур моли як нафар ё рамзи як кас нест. Агар дар гузашта як сипаҳсолор ё ҷангсолор рангу тасвири дӯстдоштаашро бар рӯйи парчам акс мекард, ҳоло парчам ифодагари орзуву омоли ҳамаи инсонҳоест, ки худро мансуби як фарҳанг ва давлатдорӣ медонанд. Парчами мо ба касоне ҳам тааллуқ дорад, ки тоҷиканду дар ин марз зиндагонӣ намекунанд, аммо бо ин сарзамину обу хок силаи раҳм – пайванди хешовандӣ доранд. Парчами давлати ҷавони тоҷикон бо рангҳои зебояш моро бо ҷаҳон васл мекунад ва баръакс тоҷикони ҷаҳонро – бо мо. Парчам таҷассуми ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва абзори муҳими муттаҳидсозандаи марзу бум ва сарзамин, роҳбар ва раъиятаст. Ҳангоми зарурати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва тақдирсози миллат парчам ҳамаро муттаҳид мекунад ва ба сӯйи корҳои судовари созандагию ободонӣ раҳнамун месозад. Ғурури миллӣ, нигаҳдорӣ, ҳифз ва эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ дар манотиқи марзии кишвар пурмаънотар аз дигар ҷойҳост. Одатан дар нуқтаи поёнии марзи кишварҳо парчам насб мешавад ва он шаҳомати мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти миллиро собит менамояд. Зиёда аз ин парчам дар зери сояи чатри худ фарогири таркиби хамирмояи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллатаст. Ҳаминаст, ки онро дар болои бинои ҳама гуна намояндагии мансуб ба давлат насб мекунанд, вақте ки варзишгаре дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба пирӯзӣ мерасад, онро бо суруру шодӣ ва ҳаяҷон баланд мебардоранд. Ҳозирин ба ифтихори ӯ ва парчами кишвараш аз ҷой бархоста кафкӯбӣ мекунанду ба ватани ӯ арҷ мегузоранд.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Зеро дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию соҳибихтиёрӣ халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд ва дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид, дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз мавҷудияти абадулободи Тоҷикистони соҳибистиқлол муждаи некӯфол медиҳад. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон болои сари миллату давлати тоҷикон ҳамеша ҷилвагар ва парафшон бошад. Боиси сарфарозист, ки кишвари азизи мо дар партави сиёсати хирадмандо­наи Пешвои муаззами миллат дар муҳити соҳибихтиёрӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи сазовореро барои Парчами давлатӣ муқаррар кардааст.

Файзулло Баротзода,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон