(Тоҷикӣ) ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОНИ НОУСТУВОР: ДАР ҚАРИНАИ БУҲРОНҲОИ МУОСИР
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ)
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон, кишвари мо ба давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз ворид гардид. Ин давра бо таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фарқ мекард. Мушоҳида мегардид, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ҳамаи кишварҳои нави соҳибистиқлол ба давраи гузариши мураккаби давлатдорӣ ворид шуданд. Дар Тоҷикистон бошад, низоъҳои мусаллаҳона вазъиятро боз ҳам печида гардонида, фазоро барои рушди муназзам ва ором фароҳам намекард. Бо дарназардошти ин, 16 ноябри соли 1992, иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат (Раиси Шурои Олӣ) интихоб гардиданд, яке аз нуқтаҳои ҳалкунандаи давлатдорӣ ва таъмини поягузории суботу ваҳдати миллӣ дониста мешавад. Дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, қарорҳо ва фармонҳо қабул шуда, пешниҳоди лоиҳаи Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ тасдиқ гардиданд.
Мусаллам аст, ки дар шароите Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки кишвар гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, низоми давлатдорӣ фалаҷ ва таҳдидҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буданд. Маҳз дар чунин шароити мураккаб, бо интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар, муайянсозии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин бо таҳия ва қабули қонунҳои муҳим, ба эҳёи сохти давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамон рӯзҳои сарнавиштсоз, зарурати барқарории суботи давлатӣ ва ташаккули институтҳои устувор ба вуҷуд омада буд. Қарорҳое, ки дар ин иҷлосия қабул гардиданд, барои сулҳу суботи кишвар заминаи мусоидро фароҳам овард. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо тақдири кишварро дигаргун сохт, балки заминаи рушди устувор ва ҳамгироии ҷомеа фароҳам гардид. Маҳз аз ҳамин марҳала равандҳои ваҳдатсозӣ ва сулҳоварӣ оғоз ёфта, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошт.
Хушбахтона, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи сиёсӣ, дидгоҳи стратегӣ ва иқдомҳои саривақтӣ, Тоҷикистон тавонист роҳи сулҳу суботи устуворро пеш гирад ва асосҳои давлатдории худро таҳким бахшад. Зеро маҳз сиёсати пайгирона ва стратегӣ имкон дод, ки Тоҷикистон аз давраи буҳрони шадид ба марҳалаи сулҳ, ваҳдат, суботи устувор ва рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардад.
Дар замоне, ки ҷаҳон бо бӯҳронҳои нав рӯбарӯ аст, аҳамияти ин нуқтаи гардиши таърихӣ бештар аз ҳарвақта эҳсос мегардад. То имрӯз, ин ҷашн рамзи устувории идоракунии давлатӣ, пайвастагии сиёсати миллӣ ва такомули устувори институтҳои давлатдорӣ мебошад. Зеро дар ҷаҳони муосир, ки ноустуворӣ ва буҳронҳо хусусияти доимӣ пайдо кардаанд, ҳифзи истиқлол беҳамто мебошад. Дар чунин шароит, маҳз ин заминаҳо имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар муқобили тундбодҳои ҷаҳонӣ устувор монад. Имрӯз, таҷлили ин ду санаи таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ ду падидаи ҳамбастаи таърихӣ ва эҳтироми ҷомеа ба он арзишҳоест, ки асоси давлати муосири тоҷикон ваҳдат, сулҳ, суботи устувор, масъулияти давлатдорӣ ва ҷиддият дар роҳи рушди миллиро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, таҷлили ин рӯз саҳми Сарвари давлатро дар барқарорсозӣ ва таҳкими давлатдории муосир инъикос намуда, на танҳо бозгӯкунандаи воқеаҳои сарнавиштсоз аст, балки ҳамчун асоси таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент барои мардуми шарафманди Тоҷикистон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба роҳбари хирадманду дурандеш мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба марҳилаи нави рушд ворид намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти дохиливу хориҷӣ, рушд намуд. Рӯзи Президент на танҳо рамзи садоқат ба давлату миллат, ҳамзамон, эътирофи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлатдории миллӣ ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, дар даврае, ки кишвари мо бо буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, маҳз маҳорати баланди раҳбарӣ, масъулияти таърихӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба роҳи сулҳ, субот ва созандагӣ баргардонд. Бешубҳа, Иҷлосияи 16 – ум ҳамчун қадамҳои аввалини таҳкими суботи давлатӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, хизматҳои бузургу сарнавиштсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Оре, имрӯз ҷаҳон ба давраи пуртаззод ва мураккаби таърихӣ ворид шудааст. Бӯҳронҳои геополитикӣ, ихтилофҳои қудрати ҷаҳонӣ, фишорҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва рақобатҳои технологӣ торафт меафзоянд. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон замоне бо буҳрони амиқи дохилӣ рӯ ба рӯ гардида буд, имрӯз бошад мавқеи устувор пайдо намудааст. Ин дастовард, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандию давлатсозии Сарвари давлат мебошад, ки Тоҷикистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо нақшаҳои стратегӣ ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намуданд. Ҳатто дар солҳои мушкил кишварро аз вартаи нестшавӣ ба роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушд ҳидоят менамуданд. Ҳамин тавр, то имрӯз санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун таҷрибаи нодир дар ҷаҳон эътироф гардида, яке аз муҳимтарин хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
Дар чунин воқеият на ҳар давлат метавонад самти рушд, субот ва истиқлолияти сиёсиро ҳифз намояд. Бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат даҳҳо барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ шуда, садҳо иншооти стратегӣ бунёд гардиданд, ки рушди устувори давлатро таъмин намуданд. Аз эҳё ва рушди соҳаи энергетика то сохтмони неругоҳҳои азими барқи обӣ, аз таҳкими амнияти озуқаворӣ то рушди инфрасохторҳои гуногун мебошанд, ки ҳар як иқдоми Сарвари давлат дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз кишвари харобгашта ба давлати босуботи рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Ин дастовардҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф намуда, ММД аз 1,8 млрд. сомонӣ (2000) ба 153,4 млрд. сомонӣ (2024) расида, сатҳи камбизоатӣ аз 83% ба 21,2% коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, дар 5 соли охир беш аз 2040 корхона ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфта, дар соли 2024-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10 баробар афзоиш ёфта, 53 млрд. сомонӣ ташкил намуд.
Дар ин радиф, имрӯз Тоҷикистон намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз буҳрони ҷангӣ то устувории стратегӣ ва кишвари ташаббускор нуфузи худро дар минтақа ва ҷаҳон беш аз пеш боло мебарад. Дарвоқеъ, хизматҳои беназири Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият, нигоҳдории сулҳ ва амният дар кишвар ва минтақа, ҳамчунин дар густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷанбаи байналмилалӣ, борҳо эътироф шудааст. Ин аст, ки Пешвои миллат маҳбуби дилҳо гардида, маҳз ин заҳматҳо шаҳодати роҳбарии қавӣ, масъулиятшиносӣ ва ормонҳои миллӣ буда, бо нишонҳо ва унвонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сарфароз гардидаанд.
Ҳамасола 16 – уми ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба дастовардҳои давлати худ бо ифтихор назар намоем, арзишҳои ваҳдату ягонагиро ҳифз карда, барои ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Бо ифтихор метавонем гуфт, ки хизматҳои шоистаи Пешвои миллат беназир аст.
Дар маҷмӯъ, хизматҳои Сарвари давлат бо дарназардошти ҳифзи якпорчагӣ, таъмини амният ва пешрафти зиндагии осоиштаи мардум воқеан пурарзиш мебошанд, ки заминаи суботи ҷомеа ва рушди устувори кишварро таъмин мекунанд. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург ва таърихӣ мебошанд. Бо амалисозии барномаҳои созанда, андешаи дурбинона ва меҳри беандоза ба Ватан тавонист, ки миллатро муттаҳид созад, давлатдориро эҳё намояд ва роҳи рушди устуворро барои наслҳои имрӯзаву оянда таҳким бахшад.
Имрӯз Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Арҷгузорӣ ба ин заҳматҳо на танҳо изҳори сипос, балки масъулияти ҳар яки мост. Бигзор Тоҷикистон соҳибистиқлол таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам рушд намояд ва ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Ораз Муртазозода,
муовини якуми директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз Паёми Душанбе