(Тоҷикӣ) АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Бояд қайд намоям, ки арзишҳои истиқлол натанҳо парчам, нишон ва суруди миллӣ мебошад, балки он оғоз аз таҷассуми иродаи халқ барои зиндагонӣ дар фазои озодӣ, баробарӣ, масъулият ва худмуайянкунӣ иборат мебошад. Ин арзишҳо асоси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, барои наслҳои оянда роҳнамо хоҳад буд. Дар заминаи истиқлолият, кишвар имкони ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мустақил, муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва танзими муносибатҳои молиявиро пайдо менамояд. Тоҷикистон имрӯз натанҳо кишварӣ соҳибистиқлол, балки соҳибихтиёр низ мебошад ва ин волотарин арзиши соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Чунки дар дунё кишварҳои зиёде ҳастанд, ки соҳибистиқлол мебошанд, аммо соҳибихтиёр намебошанд, низоми сиёсӣ ва иқтисодиёти он аз дигар давлатҳо вобастагии калон доранд.

Арзишҳои Истиқлол зиёданд, ки нақши он дар низоми иқтисодии кишвар басо муҳим мебошад. Зеро, истиқлол шароити наве фароҳам меовард, то сохтори иқтисодӣ худро аз нав ба роҳ монем. Нақши истиқлол дар низоми иқтисодии кишвар чунин арзёбӣ мегардад:

  1. Рушди мустақилонаи сиёсати иқтисодии миллӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва берунӣ. Бо дарназардошти он, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ (яъне ҷанги шаҳрвандӣ) рӯ ба рӯ гардида буд, пас аз он бо барқарорсозии сулҳ ва суботи сиёсӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар тадриҷан рушд ёфта истодаанд. Сиёсати иқтисодии мустақил бидуни дахолати беруна тарҳрезӣ ва тадбиқ гардида истодааст. Ин сиёсатҳо метавонанд мутобиқ ба ниёзҳои миллӣ, захираҳои дохилӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ тарҳрезӣ гарданд. Дар заминаи истиқлоли давлатӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият ёфтаанд. Метавон гуфт, ки истиқлолияти Тоҷикистон тавонист ба кишварҳои ҷаҳон равобити иқтисодии мустақил ба роҳ монад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 184 давлати дунё ҳамкории судманд дошта, бештар аз 60 дарсади санадҳои ҳамкорӣ дар самти иқтисодӣ равона гардида, узви 21 созмонҳои байналмилалӣ мебошад:
  2. Рушди сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба бахшҳои гуногуни сиёсию иқтисодии кишвар мегардад. Бо мавҷудияти истиқлоли миллӣ ва амнияту суботи сиёсӣ, имкониятҳо барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва таҳкими соҳибкории ватанӣ ба миён меояд. Ҳамзамон, кишвари соҳибистиқлол кафили ягонаи сармоягузор баҳри гирифтани манфиати сармояи гузошташуда мебошанд:
  3. Тавсеаи инфрасохтори иқтисодӣ, ки кишвар дар шароити соҳибистиқлолӣ метавонад бевосита ба сохтмон ва бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар зерсохторҳои муҳим сармоягузорӣ намуда, ба афзоиши истеҳсолот ва шуғли аҳолӣ мусоидат намояд. Қайд бояд кард, ки иқтисодиёти кишварҳои дорои мавқеи ҷуғрофии мушкилдошта аз қабили надоштани роҳҳо ба баҳрҳо, кӯҳҳои баланд ва сарҳадоди пурпечутобдошта, имконияти рушд накарданро дорад. Аммо Тоҷикистон новобаста аз чунин мавқеи ҷуғрофӣ, ки 93 дарсади онро кӯҳсор ташкил медиҳад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ надорад, ҳар соле на камтар аз 8 дарсад рушди иқтисодии худро нигоҳ медорад. Ҳамзамон, дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромад аз бумбасти коммуникатсионӣ қарор дорем. Инчунин, истиқлолиляти энерегетикии худро таъмин намуда, кӯшиш бар он медиҳад, ки ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёбад ва ин волотарин арзиши истиқлоли кишвар мебошад;
  4. Тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, ки рушди он танҳо дар фазои озоди истиқлол ба миён меояд. Рушди тиҷорати хурду миёна яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш ёфта, маҳсулоти ватанӣ зиёд мегардад ва сатҳи рақобату хизматрасонӣ беҳтар мегардад.
  5. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар тиҷорати байналмилалӣ яке аз арзишҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он аз соҳибистиқлолии давлат вобаста буда, дар тамоми созишномаҳои байналмилалӣ ва муомилоти тиҷоратӣ метавонад манфиатҳои иқтисодии худро мустақим ва бидуни миёнаравӣ ҳимоя намояд.

Мусаллам аст, ки ҳамаи ин арзишҳои истиқлоли кишвар буда пешравиҳои назаррас дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамсоя ташаккул ёфта истодааст. Дар ҳолати набудани яке аз ин арзишҳо эҳтимолияти коҳиш ёфтани иқтисодиёти миллӣ аз эҳтимол холӣ нест. Маҳз истиқлолият шароити мусоиде барои гузариши иқтисоди Тоҷикистон аз низоми марказонидашуда ба иқтисоди бозаргонӣ фароҳам овард.

Истиқлол танҳо як рукни рамзӣ нест, балки муҳаррики асосии рушди иқтисоди миллӣ буда ба кишвар имкон медиҳад, ки низоми иқтисодии худро бунёд, навсозӣ ва таҳким намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлол ва арҷгузорӣ ба арзишҳои он натанҳо як вазифаи шаҳрвандӣ, балки шарти муҳими пешрафти иқтисодии ҳар як миллат аст.

 

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон