(Тоҷикӣ) РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ  ДАР ЗАМИНАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Сиёсати иқтисодии давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ  мунтазам бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат мукаммал гардид. Дар ин ҷода ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои сунъиву ҳуқуқӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Нақши фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар рушди  иқтисодиёти миллӣ назаррас мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таъмини  рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ шароити мусоид фароҳам оварда, тадбирҳои зеринро дар амал тадбиқ намудааст:

  • Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қабули санадҳои зикршуда ҳамчун асоси ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба тавсеаи соҳибкории хурду миёна, густариши ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мусоидат намуд.
  • Барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020” татбиқ гардид, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид ва ҳоло дар ҷумҳурӣ “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023-2027” мавриди татбиқ қарор дорад.
  • Бо дарназардошти содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, мувофиқи принсипи “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд, ки муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ карда шуд.
  • Бо дарназардошти расонидани кумаки методию техникӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади хизматрасонии иҷтимоӣ муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таъсис дода шуд, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ муваффақона дар соҳаҳои тиб, нақлиёт, маориф, энергетика ва шаҳрдорӣ амалӣ гардида истодаанд.
  • Ҳамзамон, дар Феҳристи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, маҷмуан 104 номгӯйи имтиёзҳо муқаррар шудааст. Аз шумораи умумии имтиёзҳо 55 ададро имтиёзҳои андозӣ ва 49 ададро имтиёзҳои гумрукӣ ташкил медиҳанд. Имтиёзҳо асосан ба бахши саноат 39 имтиёз, кишоварзӣ 14 имтиёз, энергетика 10 имтиёз, нақлиёт 7 имтиёз, қарзӣ-молиявӣ 5 имтиёз, сайёҳӣ 3 имтиёз, тандурустӣ 3 имтиёз, сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт 13 имтиёз ва дигар соҳаҳо 10 имтиёз рост меоянд.
  • Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ, устувор кардани иқтидори саноатии ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони 34 соли истиқлоли давлатӣ солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва 2025 ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ маратория эълон карда шуд, ки таъсири мустақим ба рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ расонида истодааст ва барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ муҳим арзёби мегардад.
  • Афзоиши ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз тарафи ташкилотҳои қарзи молиявӣ мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳода, он ҳамчун таъминкунандаи рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ баромад мекунад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди молиявӣ то санаи 30 июни соли 2025 дар маҷмуъ 65 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 23 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, солҳои охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳибкорон додани қарзҳои ҳадафманд афзоиш ёфта истодааст. Масалан, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳаҷми 13,7 млрд. сомонӣ қарз ба соҳибкорону шаҳрвандон пешниҳод карда шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млрд. сомонӣ ё 28,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, дар нимсолаи якуми соли 2025 ба соҳаҳои истеъмолот 49,8 дарсад, савдои хориҷӣ 15,1 дарсад, кишоварзӣ 12,6 дарсад, саноат 9,3 дарсад, хизматрасонӣ 6,4 дарсад, сохтмон 3,6 дарсад ва дигар соҳаҳо 3,2 дарсад рост меояд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар нимсолаи якум соли 2025 – 3,8 млрд. сомонӣ ё 27,7 дарсад ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Дар натиҷаи чунин тадбирандешиҳо шумораи субъектҳои фаъолияткунанда мунтазам афзоиш ёфта, танҳо ба ҳолати 1 июли соли 2025-ум ба 380,8 ҳазор адад расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16110 адад ё 4,4 дарсад зиёд мебошад. Дар шумораи умумии субъектҳои фаъолияткунанда шахсони ҳуқуқӣ 41270 ҳазор адад ва соҳибкорони инфиродӣ бошад, 339560 ҳазор ададро ташкил медиҳанд.

Инчунин, шумораи субъектҳои навтаъсис, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, ба 23308 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 7,3 дарсад ва соҳибкорони инфиродӣ 24 дарсад афзоиш ёфтаанд (Диаграммаи 1).

Диаграммаи 1.

Шумораи субъектҳои фаъолияткунанда ва навтаъсис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июни соли 2024-2025 бо воҳид [ 3, с. 62]

Ҳамзамон, агар ба тақсимоти шахсони ҳуқуқии навтаъсис дар ҷумҳурӣ назар андозем, маълум мегардад, ки дар шаҳри Душанбе 35,7 дарсад, дар вилояти Суғд 24,8 дарсад, дар вилояти Хатлон 18,8 дарсад, дар Ноҳияҳои Тобеъи Марказ 15,8 дарсад ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,9 дарсад рост меояд ( Диаграммаи 2).

Диаграммаи 2.

Шахсони ҳуқуқии навтаъсис аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2025, бо воҳид [3, с. 63]

Дар ин давра, шумораи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ  181,2 ҳазор адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 64,9 ҳазор адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 54,6 ҳазор адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 38,9 ҳазор ададро ташкил намуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ 2,6 ҳазор, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 5,4 ҳазор, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 5,4 ҳазор  ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома  2,0 ҳазор зиёд шудааст.

Диаграммаи 3.

Таносуби соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда аз рӯйи минтақаҳо то 1 июли соли 2025, бо фоиз [3, c. 66]

Аз маълумоти диаграммаи 3 муайян карда мешавад, ки аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 35,8 дарсад ба вилояти Суғд, 32,2 дарсад ба вилояти Хатлон, 17,4 дарсад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12,1 дарсад шаҳри Душанбе ва 2,5 дарсад бошад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Таҳлил нишон медиҳад, ки вилояти Суғд аз ҷиҳати шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда дар нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бартарӣ дорад.

Инчунин, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025  воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 1 231,1 млн. доллари ИМА ё 59,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ин маблағи зикршуда ҳаҷми сармояи мустақим 144,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, ҳоло соҳибкорон қариб дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, аз ҷумла дар соҳаи савдо ва сохтмон, саноат нақлиёт, кишоварзӣ ва саҳми соҳибкорон сол ба сол дар устувор нигоҳ даштани иқтисодиёти кишвар мушоҳида мегардад. Айни замон, дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ 70 дарсади ММД ва 77 дарсади даромади андози буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар “ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамчун омили муҳимми расидан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар баробари ин, Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва пешбинӣ гардидани қарзҳои имтиёзнокро дар амал тадбиқ менамояд.

Андешидани чунин тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки шумораи соҳибкорон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста афзоиш меёбад ва ҳиссаи онҳо дар рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар бештар мегардад. Инчунин, дар бунёду азнавсозии иншоотҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Адабиёт

  1. https://prezident.tj/event/news/52039 [Захираи электронӣ], (Санаи муроҷиат: 29.08.2025);
  2. Маҷмӯаи оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Январ-июн соли 2024, АОНПҶТ, с.59
  3. Маҷмӯаи оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Январ-июн соли 2025, АОНПҶТ, с.62;
  4. Шарҳи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 (Захираи Электронӣ) URL: https://www.nbt.tj/tj/
  5. https://investcom.tj/presscenter/news/600-muarifii-forumi-bajnalmilalii-dushanbe-invest-2025-va-strategijai.html

Бобоёров С.А., мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва
бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон