(Тоҷикӣ) ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хирад, дастовард ва вижагиҳои ташаккули фарҳангу асолати ҳамон миллат ҷиҳати бақои давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ ва таърихӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Дар робита ба ин, ба имзо расонидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» яке аз санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз барои инкишову равнақёбии тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ мегардад. Орзуву умеди ҳазорсолаи миллати сулҳофару сулҳҷуи тоҷик бо иқдомҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар кишвар сулҳу субот ва Ваҳдати сартосарӣ ҳукмфармо гардид. Инчунин, бо азму иродаи хастанашаванда барои эъмору бозсозии давлат заминаҳои воқеӣ гузошта шуд.
Илова ба ин, барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи маҳсули ақлу хиради деринаи тоҷикон мебошад, ки ин рӯйдоди таърихӣ ва фаромӯшнашаванда барои тоҷикон беназир мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷанги таҳмилии барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор овард ва сабабгори аз байн рафтани садҳо корхонаҳои саноатӣ шуд.
Аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда аз баракати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пастравии иқтисодӣ боз дошта шуд ва ҷумҳурии мо ба марҳалаи рушд устуворона қадам ниҳода, тадбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, аз ҷумла, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид.
Қобили зикр аст, ки бо шарофати сулҳу оромӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба инкишоф ниҳода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз пеш ташаккул ёфт. Маълумотҳои мазкурро метавон дар диаграммаи 1 баръало мушоҳида кард.
Диаграммаи 1. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 1997-2024 [2,356;3,214]
(млрд. сомонӣ)

Тибқи маълумотҳои диаграммаи 1 метавон хулоса намуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024-ум ба беш аз 150 млрд сомонӣ баробар гардид, ки ин рақам дар соли 1997-ум 518,4 млн. сомониро ташкил медод, ки қиёс нисбати соли 1997-ум 288,5 маротиба зиёд гардидааст. Бояд гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур аз натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, дар ин замина, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба маротиб боло бардошта шуд.
Инчунин, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид, ки ин рақам дар соли 1997 ба 384,3 миллион сомониро ташкил медод.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ омили муҳимми рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, бунёду бозсозии зерсохторҳои энергетикӣ, рушди ботадриҷи саноату кишоварзӣ, махсусан, рушди фаъолияти соҳибкориву бахши хусусӣ гардид. Бинобар ин, мо метавонем, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро зодаи Ваҳдати миллӣ гӯем, зеро аввалин қадамҳо дар рушду нумӯи фаъолияти соҳибкориву бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз 16 майи соли 1997 ба шумор меравад.
Баъд аз қабули қонуни мазкур хусусигардонии амволи давлатӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳод. Исботи гуфтаҳоро метавонем дар диаграммаи 2 мушоҳида намуд.
Диаграммаи 2.
Хусусигардонии амволи давлатӣ давоми солҳои 1991-2023 [2,382;3,234]
(адад)

Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад. Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон сол то сол саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ афзуда истодааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 4,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2023 2,1 млрд. доллар ё 72,7 дарсад зиёд мебошад. Аз ин маблағ ҳаҷми сармояи мустақим 394,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 110,2 млн. доллар ё 38,8 дарсад зиёд мебошад [4]. Тибқи маълумотҳои омори расмӣ ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 1997 ба 3,2 млн. доллар баробар буд [2,402].
Диаграммаи 3.
Ҳаҷми сармоягузориҳо давоми солҳои 1991-2024 [2,402;4]

Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Аз ҷумла, муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокии баланд таъмин карда шавад. Чунончи, татбиқ намудани ислоҳоти муфид дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 адад ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазор дар соли 2016 то 42 ҳазор дар соли 2024 кам карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 зикр намуданд, ки “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”[1].
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои пешбинигардида, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2024 он 373 ҳазору 501 ададро ташкил намуда, нисбат ба соли 1997 беш аз 15 маротиба афзоиш ёфтааст [2,373; 5,59].
Бояд гуфт, ки ҳоло соҳибкорон қариб дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, аз ҷумла дар соҳаи савдо ва сохтмон, саноати коркард, хизматрасониҳо, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ, саноати истихроҷи маъдан, таъмини неруи барқ, газ ва буғ ва ғайраҳо. Бинобар ин, соҳибкорон ва бахши хусусӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар буда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши миҳим дорад. Ҳоло саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба зиёда аз 70 дарсад расидааст.
Ҳамин тавр, бо дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рифои сулҳу оромӣ, суботу амният, иттиҳодиву иттифоқӣ ва ягонагиву сарҷамъӣ дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди дарозмуддати саноату тиҷорат ва фаъолияти соҳибкориву бахши хусусӣ асос гузорем, ки ин ҳама комёбиҳо бо шарофти Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.
Адабиёт
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28.12.2025
- Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011, С. 356; Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011, С. 382;
- Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024, С.214. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024, С.234.
- https://investcom.tj/presscenter/news/538-varaai-ittiloot-oid-ba-ambasti-natiaoi-faolijat-dar-soli-2024.html
- Омори «Вазъи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон январ-март», 2024. С.59.
Бобоёров Саидшоҳ,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои
соҳибкорӣ ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон