(Тоҷикӣ) БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ МУСБАТ ВА МАНФИИ КОҲИШЁБИИ ҚУРБИ ДОЛЛАР БА ИҚТИСОДИЁТ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

 

Тавре ки маълум аст, чанд моҳи охир раванди коҳишёбии якбораи қурби расмии доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) нисбат ба сомонӣ мушоҳида мегардад.

Коршиносони марбут ба соҳа оғози раванди пастравии қурби долларро нисбат ба сомонӣ дар пасманзари поён рафтани доллар дар баробари рубли русӣ маънидод менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки пасту баланд гардидани қурби миёнаи доллар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро содироту воридоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, инчунин ҷалби сармоя дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла мамлакати мо низ аслан тавассути доллар сурат мегирад.

Дар баробари ин, коҳиш ва болоравии нархи хариду фурӯши молу маҳсулот аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи қурби асъори хориҷӣ, бахусус, доллар вобаста мебошад. Бинобар ин, таҳқиқи масъалаи гузошташуда ва дар ин замина баровардани хулосаи амиқу дақиқ аҳаммияти муҳим ва саривақтӣ дорад.

Тибқи омори расмӣ ба ҳолати нуҳуми июни соли 2025 қурби расмии як доллари ИМА нисбат ба доллар беш аз 9,88 сомониро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 10,9 сомонӣ баробар буд. Яъне танҳо дар панҷ моҳи охир қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ 1,02 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ба андешаи коршиносони Корпоратсияи фаромарзӣ “Standard Chartered” дар соли 2026, аз ҷумла бо сабабҳои коҳиш ёфтани меъёри бозтамвил ва дар маҷмуъ таназзули иқтисодӣ дар ИМА, эҳтимол хатари бузурги поён рафтани арзиши доллар ҷой дорад.

Дар маҷмуъ, баъзе аз муҳимтарин сабабҳои раванди коҳишёбии қурби расмии доллар ва дар ин замина омилҳои асосии устуворшавии пули миллӣ нисбат ба долларро дар таъсири омилҳои зерини дохилӣ ва берунӣ хулоса намудан мумкин аст:

  • Коҳиш ёфтани нархи фурӯши нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Тибқи маълумот дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2025 арзиши фурӯши нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 10,27 доллар барои як баррел коҳиш ёфтааст. Чунин вазъ ба омилҳои зерин рабт дорад, аз ҷумла: якум — ҷорӣ гардидани боҷҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Чин дар ин замина коҳиш ёфтани арзиши нафт; дуюм- афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафт дар кишварҳои ОПЕК+; сеюм — аз ҳад зиёд будани ҳаҷми захираи бензин дар ИМА ва чорум — коҳиш додани нархи расмии нафт аз ҷониби Арабистони Саудӣ. Фонди байналмилалии асъор арзиши миёнаи фурӯши нафтро дар соли 2026, 67-68 доллар пешбинӣ менамояд. Дигар манбаъҳо ин нишондиҳандаро дар давоми соли равон аз 56 то ба 63 доллар арзёбӣ менамоянд;
  • Кам гардидани вобастагии кишварҳо, аз ҷумла Чин аз доллар. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати гумруки Чин дар моҳи майи соли 2025-ум нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳаҷми содироти Чин ба ИМА тақрибан 35 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба иттилои ниҳоди мазкур дар моҳи марти соли ҷорӣ юан бори аввал дар истифодаи муомилоти тиҷорати фаромарзии Чин нисбат ба доллар пеш гузашт. Дар ин давра, истифодаи юан дар транзаксияи фаромарзии Чин 48,4 дарсад ва доллар бошад 46,7 дарсадро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда дар моҳи май аллакай ба 49,6 — 45,2 дарсад баробар гардидааст. Чунин вазъ баёнгари он аст, ки Чин бо тағйир додани самти таъминот, вобастагии худро аз ИМА ва истифодаи доллар ҳамчун бозори содиротӣ коҳиш дода истодааст;
  • Зиёд гардидани ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар, авҷ гирифтани рӯйдодҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин танзим ва татбиқи сиёсати босамари пулию қарзии бонкҳои марказии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон;
  • Рушду инкишофи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус, бо Федератсияи Русия дар заминаи пиёда намудани ҳисоббаробаркуниҳои трафайн бо асъори милии ҳар ду кишвар. Тибқи маълумот ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 330 корхонаҳо бо сармояи Русия фаъолият намуда, тақрибан 97 дарсади амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ сурат мегирад. Чунин вазъ бевосита талабот ба долларро коҳиш медиҳад;
  • Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳои беруна ба Тоҷикистон. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2024 ба кишвар ба маблағи умумии 5,8 млрд. доллар маблағ интиқол гардида, нисбат ба соли 2023-юм беш аз 27 дарсад ё 1,5 млрд. доллар зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар давраи таҳлилӣ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 113 миллион доллар қувваи барқ содирот гардида, нисбат ба соли 2023 ба андозаи 2,4 дарсад зиёд мебошад;
  • Ниҳоят тамоюли тағйирёбии талабот нисбат ба пешниҳод ба доллар дар бозори дохилӣ, боз ҳам хубтар гардидани имкониятҳои ташкилоту муассисаҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ, бахусус, дар самти қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ бо асъорӣ хориҷӣ.

Ҳамин тавр, дар заминаи таҳқиқи масъалаи гузошташуда дар маҷмуъ хулоса намудан мумкин аст, ки пасту баландшавии қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ ба андешаи мо метавонад ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дошта бошад. Ҷанбаи мусбаташро ба он метавон асоснок намуд, ки дар чунин вазъ устуворшавии пули миллӣ нисбати доллар таъмин гардида,  қобилияти харидории ва пардохтпазирии аҳолӣ метавонад афзоиш ёбад.

Ҷанбаи манфиаш дар он ифода меёбад, ки дар чунин ҳолат, эҳтимолӣ паст гардидани сатҳи ҳавасмандии сармоягузорон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар метавонад ҷой дошта бошад.

Дар баробари ин, ба андешаи мо дар сурати минбаъд идома ёфтани чунин тамоюл поёнравии арзиши ҷаҳонии доллар эҳтимол метавонад боиси коҳиш ёфтани ҷалби сармояи хориҷӣ ва паст гардидани сатҳи рақобатпазирии молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои беруна гардад.

Бинобар ин, чунин ҳолат дарки амиқу дақиқи мақсаду ҳадафҳои стратегии дар кишвар муйянгардидаро тақозо намуда, бо дарназардошти вазъи ҷойдошта ҳаллу фасли босамари онҳоро дар марҳалаҳои миёна ва дарозмуҳлат ба миён мегузорад.

Наҷмуддинов М.С.,
н.и.и., мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлили ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ