(Тоҷикӣ) ИНСТИТУТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 3-юми июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Институтҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории конференсия таҳлилу баррасии масъалаҳои институти маориф ҳамчун омили ташаккули сармояи инсонӣ, нақши институти маориф дар таҳкими сармояи инсонӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ, соҳаи тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули сармояи инсонӣ, институти оила ва нақши он дар ташаккули сармояи инсонӣ, муҳоҷирати зеҳнҳо ва таъсири он ба иқтидори кадрии ҷумҳурӣ ва дигар масоили марбут ба мавзуи ҳамоиши мазкур аст.
Дар кори конференсия олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва коршиносони соҳа ширкат намуданд.
Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайра мақдам гуфт.Мавсуф иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ба масъалаи сармояи инсонӣ аҳаммияти хосса зоҳир намуда, онро ҳамчун омили калидӣ барои рушди устувори мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ Ораз Муртазозода қайд намуд, ки ниҳодҳои иҷтимоӣ, бахусус,соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пазируфта шуда, ҳадафи асосии он таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар кишвари азизамон мебошад. Зеро, таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳимми сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳамзамон илова намуд,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сармояи инсонӣ дахл карда, сароғози онро ба соҳаи маориф рабт дода, ба масъулини соҳа ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон Шерович ба ҳайси модератор ҳамоишро сарварӣ намуда, дар мавзуи “Кадрҳои илмӣ ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ” маъруза намуд. Зимни суханронӣ Қурбонов Абдураҳмон Шерович зикр намуд, ки вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро соҳиб аст. Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳояшон бо кормандони соҳаи илму маориф таъкид менамоянд, ки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, татбиқи пайвастаи илм бо истеҳсолот, умуман, рушди низоми босуботи илму маориф ба раванди босифати таҳсилот ва кадрҳои соҳибтахассусу забондон дар шароити замони имрӯза хеле муҳимму зарурӣ аст.
Мавсуф иброз намуд, ки маориф як бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб ёфта, рушди он имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониш, салоҳият ва малакаҳои зарурии касбиро пайдо намоянд, ки ин барои рушди устувори ҷомеа хеле муҳим аст. Ҳар қадаре, ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ беҳтар бошад, ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло рафта, дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Сармояи инсонӣ, ки асосан аз донишу малака ва қобилиятҳои шахсӣ иборат мебошанд, дар асоси таълиму тарбияи томактабӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба ин соҳа на танҳо ба рушди сармояи инсонии шахси алоҳида, балки ба пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад.
Ба андешаи профессор Қурбонов Абдураҳмон Шерович тарбияи мутахассисон ба талаботи замони муоси, таъмини кадрҳои илмӣ ва унвондор ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ- иқтисодӣ, сиёсӣ-фарҳангӣ ва муттаҳид намудани неруи зеҳнии ҷомеа нақши муассир мебозад. Умуман, соҳаи маориф як механизм барои эҷоди сармояи инсонӣ мебошад, ки тавассути он одамон метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ ва наслҳои оянда фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои зиндагии шоиста ва арзанда боз месозад.
Аз ин лиҳоз, таъкид намуд сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ А. Қурбонов бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки масъалаҳои таҳлилу баррасишудаи мутахассисону коршиносон, ки имрӯз дар конфронси мазкур ироа мегарданд, ба рушди минбаъди соҳаи мазкур аз манфиат орӣ набуда, барои ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар дар соҳаи илм ва маориф мусоидат хоҳад кард.
Баъдан Шоисматуллоев Шоназар – д.и.с., профессор, узви вобастаи АМИТ, мудири Шуъбаи сотсиологияи Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Роль социального капитала в процессе формирования и реализации человеческого капитала”, Холбобоев Файзулло Самадович – н.и.и., ходими пешбари илмии Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Сармоягузории давлатӣ ба таҳқиқотҳои илмӣ ва корҳои таҷрибавӣ – конструкторӣ (НИОКР) ва рушди инноватсионии Тоҷикистон”, Шоҳиён Нуралӣ Набот – н.и.т., д.и.п., и.в.профессор, мудири шуъбаи рушди неруи инсонии Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: “Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар омодасозии мутахассисони замони оянда аз нигоҳи рушди неруи инсонӣ”, Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон – д.и.с., директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар мавзуи “Муҳоҷирати беруна ва дохилаи аҳолии Тоҷикистон ва мушкилоти бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ”, Улмасов Раҳмон Улмасович – д.и.и., профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзуи “Центральная Азия на европейском перекрестке: миграция как вызов и возможность”, Бобоев Анвар Абдуллоевич – н.и.и., мудири бахши муҳоҷирати аҳолии шуъбаи таҳқиқотҳои демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзуи: “Муҳоҷирати зеҳнҳо ва таъсири он ба иқтидори кадрии ҷумҳурӣ”, Қурбонзода Қудратулло – сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун институти иҷтимоии ҷамъият”, Ғаюров Лоиқ Шералиевич – н.и.ф., мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзуи: “Нақши ҳамгироии илму маориф дар рушди сармояи инсонӣ: ҳолат ва дурнамо”, Неъматзода Оқилҷон – сардори шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи “Соҳаи тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули сармояи инсонӣ”, Самариддини Ҷамоли Қутбиддинзода – мутахассиси пешбари Коммисияи олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ҳамчун омили сармояи инсонӣ” ва Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – н.и.ф., дотсенти кафедраи состсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Масъалаи дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти босифат дар Тоҷикистон” диққати ҳозиринро ҷалб намуданд.
Дар суханрониҳо ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои илму маориф, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар шароити имрӯза, ҳифз ва рушди неруи илмӣ дар кишвар, арзёбии сатҳи бархӯрдории сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилот, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру андеша ва таклифу тавсияҳои худро вобаста ба вазъи кунунии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдоштаро дар рушд ва тақвияти самти илм ва маорифи мамлакат баён намуданд. Пешниҳод гардид, ки бинобар маҳдуд будани вақт тибқи барнома, фурсати шунидани баромадҳои дигар ширкаткунандагон муяссар нагардид, бинобар ин, бо пешниҳоди матни маърузаҳо дар шакли маҷмуа таҳияи мақолаҳои конференсияи мазкур имкон дорад.
Конфронсро сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Абдураҳмон Шерович ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни нишасти илмӣ-амалӣ барои ширкати фаъол изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар фазои якдигарфаҳмӣ ва самимият баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон