(Тоҷикӣ) ДУШАНБЕ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Қадаме чанд гузоштам ба раҳат,
Ки ба таърих гувоҳат бишавам.
Чӣ ба умед сокинат гашта,
Вақти ташреҳ мувоҳад бишавам….

Душанбе шаҳри гулобӣ бошад,
Дар ҷуволаш шобу нобӣ бошад!
Хонаҳояш қатор ҳаст ҳазор,
В-аз ҳама сардиҳо орӣ бошад!

Дида бар дида шавад дилбаста,
Кӯчаву растаҳояш ороста,
Коргоҳу иқтисодаш пешрав…,
Бахт ояд бар суроғ оҳиста.

Ғунча дамидаву шабнамчида…,
Раҳу рӯаш будааст покиза.
Баркамолаш дар ҷувори корбаст,
Эҳтиром бар пири ӯ дар дида.

Ин ҳамон шаҳрест, ки ҷо бастам,
В-аз ғаму ғуссаҳоям ворастам.
Хандаи тифлон дар гӯш ояд,
Ҷой диҳам қадамаш дар дастам.

Ба умед чашм ба рӯяш афканд,
Ҳар рӯзаш мешавад баҳрат дилбанд….
Родмардаш даст гирад дар ниёз,
Қадри зар заргар бидонад даҳчанд!

Ваҳдату сулҳу амонӣ бошад!,
Нияти нек ғолиби райб аст.
Олимаш, шоираш сонӣ бошад!,
Хирадаш бо ниёгонаш пайваст.

Ҳар қадам нақд аст аз армуғон…,
Чанд солаш нашавад барҳисоб.
Ақли мо аз Худост, ки доност…,
Миллаташ мекунадаш волотоб!

 

НАЗРИЕВА О.Ш.,
номзади илмҳои фалсафа,