(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ҶАЛАСАИ ЧОРУМИ ФОРУМИ 3-ЮМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ»
Дар доираи Форум ҷаласаи чорум таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея: таҳкими уфуқҳои нави табадулот байни мардумон» баргузор гардид.
Мудирияти ҷаласаро Ён Кван Чо — корманди калони илмии Институти тадқиқоти иқтисодии хориҷии Бонки содиротию воридотии Корея ба уҳда дошт.
Дар ҳайати маърӯзачиён:
- Ҷи Ин Ли — профессори кафедраи таҳқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи омӯзиши забонҳои хориҷии Ханкук;
- Ҷи Хён Ким — корманди илмии Институти сиёсати илм ва технология;
- Бибигул Омирбаева — роҳбари шуъбаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди устувори Институти таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Камола Холматиён — сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират ва омӯзиши афкори оммаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Максат кизи Бегимай — мудири шуъбаи маъмурию молиявии Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Шохрат Дивангуллиев — омӯзгори калони Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
- Ибрагим Ибрагимов — корманди пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти сиёсӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавии Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ.
Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои рушди робитаҳои таълимӣ, илмӣ ва академӣ, тавсеаи барномаҳои табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, омӯзиши забонҳо, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни марказҳои таҳлилӣ ва донишгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, санъат, саноатҳои эҷодӣ ва расонаҳо зоҳир гардид. Ҳамчунин нақши дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун абзори муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея махсус таъкид карда шуд.









Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон