(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ФОРУМИ 3-ЮМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ»
Дар доираи Форуми 3-ЮМИ марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ҷаласаи якуми мавзуӣ таҳти унвони «Тавсеаи дурнамои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид.
Мудирияти ҷаласаро Саидмурод Фаттоҳзода, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Дар ҳайати маърӯзачиён:
- Чжунҳо Пак — роҳбари гурӯҳи масъалаҳои Русия ва Авруосиёи Институти Корея оид ба сиёсати байналмилалии иқтисодӣ;
- Гайгисиз Довлетов — муовини ректори Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
- Рустам Ҳайдарзода — доктори илмҳои фалсафа, директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Абилаев Тимур — муовини директори Институти миллии ташаббусҳои стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Айдар Курмашев — роҳбари Шуъбаи тадқиқоти Осиёи Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Қаҳрамон Аллабергенов — роҳбари Шуъбаи таҳқиқоти сиёсӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавии Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ.
Зимни ҷаласа иштирокчиён самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар шароити таҳаввулоти нави геополитикӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои марбут ба рушди шарикии мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, инчунин афзалиятҳо ва имкониятҳои то ҳол пурра истифоданашудаи ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои густариши ҳамкории бисёрҷанба, таҳкими муколама оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дурнамои ташаккули механизмҳои самараноки шарикии бисёрҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон