(Тоҷикӣ) ЗАН-МОДАРИ ТОҶИК ҲАМЧУН СИПАРИ УСТУВОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Вақте ки дар соли 1992 муноқишаи шаҳрвандӣ ҷомеаи тоҷикро ба вартаи парокандагӣ кашид, коршиносони байналмилалӣ бо истифода аз моделҳои қолабии сиёсатшиносии ғарбӣ, барои кишвари мо сарнавишти фурӯпоширо пешгӯӣ мекарданд. Онҳо такя ба таҷрибаи кишварҳои буҳронзадаи ҷаҳон бар он назар буданд, ки Тоҷикистон ба чанд бахши хурди ҷуғрофӣ тақсим хоҳад шуд. Аммо ин пешгӯиҳои сиёсӣ амалӣ нагаштанд. Сабаб на дар он буд, ки қудратҳои хориҷӣ ба ин раванд мудохилаи муассир накарданд, балки дар он буд, ки дар умқи ҷомеаи мо як хотираи таърихии беназири дохилӣ мисли як ҳамоҳангӣ ниҳонӣ фаъол гардид, ки дар ҳеҷ кадом аз китобҳои фанҳои сиёсатшиносӣ дарҷ нагардида буд.
Ин хотираи таърихии беназир ва ҳамгироии устуворӣ дар таърихи сиёсии муосири ҷаҳонӣ нодир ва бесобиқа ба шумор меравад. Ин падида дар ботини қавии як шахсият таҷассум ёфта, тавассути иродаи пӯлодину сулҳхоҳонаи ӯ зинда ва эҳё гардид. Раванди мазкур комилан барнома ва ташаббуси худи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Маҳз Сарвари давлат ин модели беназирро тарҳрезӣ ва амалӣ намуданд, ки он ба хотираи фарҳангӣ-таърихии тоҷикон ва сохторҳои иҷтимоӣ такя мекард, сохторҳое, ки реша дар суннатҳои деринаи машварат, таҳаммулпазирӣ, таҷрибаи зиндагии ҳамбастагӣ ва устувории ҷомеа дошта, дар шароити буҳронӣ дар шакли нави амалӣ зоҳир гардиданд.
Маҳз ҳамин синергияи сохторҳои суннатӣ ва сиёсати дурбин замина гузошт, ки ҳамгироии сулҳофарии Тоҷикистон ба як падидаи зинда ва сохтори зеҳние табдил ёфт, ки имрӯз ҳам суботи сиёсии кишварро таъмин месозад, зеро дар ин раванди эҳё сохторҳои иҷтимоии ҷомеа, махсусан ниҳоди оила ва нерӯи созандаи занон, ҳамчун кафили асосии интиқоли ин дастури таърихӣ аз насл ба насл баромад намуданд. Аз ин лиҳоз, ин таҷрибаи нодири сулҳсозӣ баъдан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи умумибашарии ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардид ва ба китоби дарсии дипломатияи ҷаҳонӣ ворид карда шуд.
Дастоварди ин ҳамгироӣ Ваҳдати миллии мо тоҷикон аст, ки он барои ҳар як шаҳрванд на танҳо як санади ҳуқуқӣ ё созишномаи сиёсӣ, балки як падидаи зинда ва сохтори маърифатие (зеҳние) мебошад, ки маҳз тавассути устувории иҷтимоӣ ва нерӯи созандаи ҷомеа такмил меёбад. Дар ин ҳошия нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ мақоми барҷаста ва стратегӣ пайдо мекунад, зеро ин тамоюл ва устувории иҷтимоӣ дар фазои холӣ шакл намегиранд, балки пойдевори онҳо дар ниҳоди оила, тавассути зан-модар гузошта мешавад. Маҳз ӯст, ки арзишҳои маънавиро ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсият ва суботи ҷомеа ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол медиҳад ва зинда нигоҳ медорад.
Дар ҷомеаи муосир ва фалсафаи сиёсӣ, масъалаи устувории давлатҳо ва ҷомеаҳо бештар тавассути нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва зарфиятҳои ҳарбӣ баҳогузорӣ карда мешаванд, аммо таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки устувории воқеии ҷомеа дар сифати сармояи ҳаётии он, махсусан сармояи ҳаётии занон, нуҳуфтааст. Сармояи ҳаётӣ — ин маҷмӯи нерӯи равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва зеҳние мебошад, ки қобилияти ҷомеаро барои барқароршавӣ, созгорӣ ва рушди устувор пас аз буҳронҳои гуногунҷабҳа таъмин менамояд. Маҳз ҳамин воқеияти мантиқиро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ амиқ дарк намуда, ҳамеша таъкид доштанд, ки зан тимсоли садоқату меҳр ва сутуни устувори оилаву ҷомеа аст. Ин нигоҳ танҳо як ибораи таҳсинӣ ё ороишӣ набуд, балки ба як принсипи стратегии давлатӣ табдил ёфт, ки занро ҳамчун субъекти асосии таъминкунандаи амнияти милливу зеҳнӣ ва интиқолдиҳандаи аслии арзишҳои ваҳдат эътироф мекунад.
Бар ин асос, зани тоҷик тавонист заминаҳои таҳаввули босуръати арзишҳоро дар асри рақамӣ амиқ дарк намуда, асолати миллиро бо унсурҳои модернизатсияи созанда омезиш диҳад. Сабки зиндаи ин раванд дар он зоҳир мегардад, ки занон дар ҷомеа нақши “полоишгари маърифатӣ”-ро иҷро менамояд, зеро ӯ аввалин сипари муҳофизатии шуури фарзанд дар баробари таҳоҷуми иттилоотӣ буда, маҳз зани дорои сатҳи баланди маърифатӣ, зеҳнию рақамӣ қобилияти оила ва ҷомеаро аз ифротгароии мафкуравӣ, бегонапарастии фарҳангӣ ва таҳдидҳои амнияти зеҳнӣ ҳифз менамояд. Ин рисолати бузург нишон медиҳад, ки зан ҳамчун модар на танҳо офарандаи насли оянда, балки меъмори асосии маънавиест, ки ворисони хонаводаро дар руҳияи эҳтиром ва арзишҳои фардӣ, фарҳангӣ ва миллӣ тарбия менамояд.
Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки ҳазорон хонаводаҳо парешон шуданд, маҳз занон буданд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи сулҳу оштӣ тарбият намуданд ва бо иродаи қавии худ нагузоштанд, ки тухми нафрату интиқом дар қалби насли нав реша давонад. Ин фидокорӣ дар амал нишон дод, ки заҳмати модари тоҷик на танҳо як интиқоли оддии забону унсурҳои рӯзгор, балки интиқоли мукаммали фарҳанги сулҳ ва устувории иҷтимоӣ буд, ки имрӯз дар оилаҳои тоҷик ба таври воқеӣ зоҳир мегардад.
Дар ҳамин росто, имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба як стратегияи бунёдии давлатдорӣ табдил ёфтааст, ки ин на танҳо талаботи замони муосир аз нуқтаи назари прагматикӣ ва рушди устувор мебошад, балки барқарорсозии воқеияти таърихии миллати тоҷик ва эҳёи мақоми шоистаи зани тоҷик дар сохтори тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад. Ин раванди стратегӣ исбот мекунад, ки баланд бардоштани мавқеи зан дар сохторҳои сиёсӣ, илмӣ ва иқтисодӣ, идомаи мантиқии ҳамон фарҳанги сулҳофарие аст, ки модари тоҷик дар тӯли асрҳо ва марҳилаҳои буҳронии таърих дар замири миллат ҳифз намудааст.
Устувории Ваҳдати миллӣ ва рушди сармояи ҳаётии занон дар Тоҷикистон дар заминаи мустаҳками ҳуқуқие шакл гирифтааст, ки ҳамгироии қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро таҷассум месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва субъекти фаъоли ҳуқуқи башар, яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи СММ “Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таҳқири занон” (CEDAW)-ро ҳанӯз дар марҳилаи аввали истиқлолияти худ эътироф ва тасдиқ намуд, ки дар ин замина як қатор чораҳои мушаххас ва тағйирот дар тамоми самтҳо андешида шуданд. Диди нави стратегии кишвар дар он зоҳир гардид, ки ин уҳдадориҳои байналмилалӣ ба бахши ҷудонашавандаи консепсияи давлатсозии миллӣ табдил ёфтанд.
Маҳз тавассути ирода ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, заминаҳои сохторӣ барои баробарҳуқуқии занону мардон дар сатҳи олии қонунгузорӣ устувор карда шуданд. Ин раванд дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, сипас дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалӣ намудани онҳо” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” инъикоси худро ёфт.
Агар аз манзари амнияти минтақавӣ ва сохтмони сулҳ назар андозем, банду басти сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон бо Қатъномаи 1325-и Шӯрои Амнияти СММ “Занон, сулҳ ва амният” ҳамоҳангии комили амалӣ дорат. Ин қатъномаи таърихӣ се меҳвари асосиро пешбинӣ мекунад:
– Иштироки фаъоли занон дар равандҳои тасмимгирии сиёсӣ ва сулҳхоҳӣ;
– Ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти занон дар шароити буҳрону низоъҳо;
– Ҷалби занон ба равандҳои барқарорсозии пас аз буҳрон.
Таҳлили муқоисавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки модели тоҷикистонии ҳамгироии занон ба сохторҳои амниятӣ дорои хусусияти беназири пешгирикунанда (превентивӣ) мебошад. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба таври махсус зикр гардидани нақши оила ва занон дар пешгирии таҳдидҳои мафкуравӣ, нишондиҳандаи он аст, ки давлат занро на ҳамчун қурбонии заифи низоъҳо, балки ҳамчун меъмори аслии суботи стратегӣ ва амнияти зеҳнӣ эътироф намудааст.
Натиҷаи амалии ин роҳи стратегӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи устувори квотаҳои давлатӣ барои духтарони кӯҳистон таҷассум ёфтааст. Вазифа ва мақсади асосии ин фишанги сохторӣ шикастани монеаҳои ҷуғрофиву иҷтимоӣ, таъмии дастрасии баробари духтарони минтақаҳои дурдаст ба таҳсилоти олии академӣ ва омода намудани кадрҳои ватандӯсту соҳибмаърифат барои эҳтиёҷоти маҳаллӣ буд. Дар давоми 28 соли амалӣ шудани ин ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат, натиҷаи он собит сохт, ки ҳазорон духтарони навовару соҳибистеъдоди кӯҳистон имкон пайдо карданд, ки аз доираи маҳдуди анъанавӣ берун омада, соҳибмаълумот гарданд ва ҳамчун мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар сатҳи маҳалливу миллӣ фаъолият намоянд.
Дар марҳилаи навбатии ин занҷираи стратегӣ, Ҳукумати кишвар механизми Грантҳои Президентиро барои дастгирии соҳибкории занон роҳандозӣ намуд. Вазифа ва мақсади ин василаи ҳуқуқӣ таъмини мустақилияти иқтисодии бонувон, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои тиҷоратӣ дар деҳот ва табдил додани зан ба субъекти фаъоли иқтисодӣ ва таъмии ҷойҳои нави корӣ мебошад. Натиҷаи татбиқи ин грантҳо нишон дод, ки занони тоҷик на танҳо устувории молиявии хонаводаҳои худро баланд бардоштанд, балки бо ворид шудан ба бахши соҳибкории хурду миёна, эҳёи ҳунарҳои милливу рушди инфрасохтори деҳот, сармояи ҳаётии худро ба як фишанги пуриқтидори рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими пойдории Ваҳдати миллӣ табдил доданд.
Дар солҳои 1992–1997, вақте ки низоъ сохторҳои расмии идориро дар баъзе минтақаҳо заиф ё фалаҷ намуда буд, ҷомеаи Тоҷикистон тавассути сохторҳои ниҳонии ризоияти дастҷамъона ва хотираи фарҳангӣ-таърихии худ кишварро аз фурӯпошии куллӣ ҳифз кард. Дар ин марҳилаи ҳассос, маҳз занон ба сифати кафилони устувории иҷтимоӣ ва миёнаравҳои фитрӣ ба майдон омаданд, ки дар ин арса мо метавонем се механизми асосии фаъолияти занонро дар ҳифзи ин хотираи таърихӣ қайд намоем:
Механизми аввал — интиқоли забон ва устувории маърифатӣ: Дар шароити парешонии иҷтимоӣ ва муҳоҷирати иҷбории дохиливу хориҷӣ, занони тоҷик унсури марказии ҳувият забони ноби тоҷикиро дар дохили хонаводаҳо зинда ва бегазанд нигоҳ доштанд. Забон дар ин муҳити буҳронӣ на танҳо воситаи муоширати маишӣ буд, балки ҳамчун рамзи ягонагӣ, хотираи таърихӣ ва дастури маърифатии (зеҳнии) миллат хизмат мекард, ин фидокорӣ имкони аз байн рафтани ягонагии миллӣ ва маҳвшавии ҳувияти миллиро дар баробари таҳдидҳои мафкуравии бегона ба куллӣ рафъ намуда, устувории маънавии насли навро кафолат дод.
Механизми дуюм — ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва эҳёи ҳунарҳои суннатӣ: Вақте ки инфрасохтори расмии иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бар асари низоъҳо дучори таназзул гардид, занон нигоҳдории ҳунарҳои миллиро (ба мисли чакандузӣ, атласу адрасбофӣ, намадбофию қолинбофӣ), ки имрӯз ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудаанд, ба уҳда гирифтанд. Ин устувории фарҳангӣ на танҳо асолати таърихиро зинда нигоҳ дошт, балки ба як манбаи таъмини иқтисодӣ барои хонаводаҳо табдил ёфта, занонро аз ҳолати буҳрони иқтисодӣ берун овард ва ба соҳибкорони аввалини марҳилаи эҳёи милливу Ваҳдат табдил дод.
Механизми сеюм — дипломатияи мардумӣ ва миёнаравҳои суннатӣ: Дар минтақаҳои наздимарзӣ ва маҳаллаҳое, ки зиддиятҳои қавмӣ ё гурӯҳӣ мавҷуд буданд, занон аввалин шуда аз механизмҳои дипломатияи мардумӣ (сохторҳои суннатии машварат, расму оинҳои ҳамсоядорӣ, пайвандҳои хешовандӣ) истифода бурданд. Онҳо дар сатҳи маҳаллӣ низоъҳои обиву заминиро тавассути гуфтушунидҳои ғайрирасмӣ ҳал мекарданд, ки ин таҷрибаи микро-иҷтимоӣ баъдан барои таҳкими Ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. Занони тоҷик исбот намуданд, ки сулҳ на танҳо дар мизи гуфтушунидҳои сиёсии сатҳи баланд, балки дар умқи ҳар як хонавода ва маҳалла тавассути иродаи созандаи онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихии сулҳсозии хонаводагӣ ҳамчун заминаи аслии муқовимат ба таҳдидҳои нави замони муосир хизмат мекунад, зеро имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва инқилоби рақамӣ суръати бесобиқа гирифтаанд, дидгоҳи амнияти миллӣ аз ҳудудҳои анъанавии ҳарбӣ ва иқтисодӣ фаротар рафта, ба фазои шуури инсонӣ ворид шудааст. Дар ин муҳити нави таърихӣ, устувории давлатҳо на танҳо бо зарфияти мудофиавии силоҳ, балки бо қобилияти ҳифзи соҳибихтиёрии зеҳнии ҷомеа ва муқовимат ба таҳоҷуми равонӣ чен карда мешавад. Ин падида дар стратегияҳои муосири муҳофизати ҷомеа, таъмини амнияти зеҳнӣ арзёбӣ мегардад, ки меҳвари онро ҳифзи шуури ҷамъиятӣ аз зеҳнсозии бегона, ҷангҳои гибридӣ ва идеологияҳои харобкор ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад ва аз назари таърихиву ҷуғрофӣ бо минтақаҳои ба буҳрон печида ҳамсарҳад мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин марзи амиқи бехатарӣ ва таҳкими амнияти зеҳнӣ унсури калидии пойдории давлатдорӣ ва суботи Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Барои дарки амиқи ин раванд, зарур аст, ки занҷираи сабабу натиҷавии таҳдидҳои маърифатиро дар шароити муосир шарҳ диҳем:
1. Сабаби якум (геополитикӣ ва технологӣ) паҳншавии босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастрасии оммавӣ ба иттилооти полоишнашуда, ки аз ҷониби марказҳои геополитикии хориҷӣ ва гурӯҳҳои тираандеш ҳамчун силоҳи мафкуравӣ истифода мешаванд. Ин марказҳо ҳадафмандона ниҳодҳои калидии фазои маҷозии моро нишонрас мекунанд.
2. Сабаби дуюм (равонӣ ва иҷтимоӣ) – кӯшиши қудратҳои хориҷӣ барои рабудани таваҷҷуҳ ва тасарруфи зеҳнии наврасону ҷавонон, ки ба ин васила ҷойгузин кардани арзишҳои сохтаву бегонаро ҳадаф доранд, ин раванд боиси гумроҳии ҳувиятӣ гардида, насли навро аз хотираву решаҳои таърихию фарҳангии миллӣ ҷудо месозад.
3. Натиҷа (таҳдид ба Ваҳдат) – агар ин омилҳо пешгирӣ карда нашаванд, натиҷаи он дар шакли гирифтории зеҳнии ҷавонон ба андешаҳои бегона, коҳиши ҳисси ҳувияти миллӣ, заиф шудани ватандӯстӣ ва дар ниҳоят коста гардидани устувории иҷтимоии ҷомеа зоҳир мегардад, ки ин мустақиман ба амнияти миллии кишвар хатар дорад.
Дар ин набарди ниҳонӣ, ки барои шуури инсонҳо идома дорад, зан-модар нақши аввалиндараҷа ва стратегиро ҳамчун полоишгари маърифатии ҷомеаи муосир иҷро менамоянд. Далелҳои илмӣ собит месозанд, ки пойдевори амнияти зеҳнии инсон маҳз дар ҳафт соли аввали зиндагӣ дар оила шакл мегирад. Аз ин рӯ, зан шахси аввалинест, ки барномаи тафаккур ва меъёрҳои ахлоқиро (фарқ кардани неку бад, эҳтироми калонсолон ва арзишҳои миллӣ) ба кӯдак меомӯзад, ки ин ба ҷомеа масъуният аз таҳдидҳо медиҳад.
Аз манзари таҳлили стратегӣ, ин равандро метавон ҳамчун механизми ташаккули масунияти маънавӣ арзёбӣ кард. Вақте ки зани тоҷик дар ҳафт соли аввали ҳаёти фарзанд муҳтавои зеҳнии ӯро тавассути меҳру садоқат ва ҳикмати суннатӣ тарбия ва назорат мекунад, дар шуури кӯдак як монеаи табиии равонӣ ба вуҷуд меояд. Ин монеаи ботинӣ дар оянда, вақте ки наврасу ҷавон ба фазои рақамӣ ва шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид мешавад, ба таври худкор ӯро аз қабули маводҳои ифротгароӣ, бегонапарастии фарҳангӣ ва таблиғоти тираандешон муҳофизат менамояд. Ба ин тартиб, устувории маърифатие, ки модар дар ниҳоди оила меофарад, мустақиман ба сипари устувори амнияти миллии давлат табдил ёфта, кафили суботи дарозмуддати Ваҳдати миллӣ мегардад.
Аммо барои он ки ин полоишгари маърифатӣ (зан) вазифаи стратегии худро дар асри технологияҳои гибридӣ самаранок иҷро карда тавонад, давлатро зарур аст, ки тавассути барномаҳои маориф, саводнокии рақамӣ ва амнияти иттилоотии худи занонро, махсусан дар деҳот, ба таври ниҳодӣ дастгирӣ намояд. Аз ин рӯ, таҳкими сармояи ҳаётию маърифатии занон на танҳо як масъалаи иҷтимоӣ, балки талаботи воқеии манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон аст. Вақте ки зан дорои саводи баланди рақамӣ, дониши амиқи сиёсӣ ва устувории равонӣ мебошад, ӯ метавонад хонавода ва оиларо аз воридшавии вируси мафкуравии экстремизм ва радикализм ҳифз кунад.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки занонро «ҳомиёни фарҳанги миллӣ ва тарбиятгари насли оянда» эълон намуданд, маҳз бар ҳамин диди стратегии дурбин хос аст. Ин дастур нишон медиҳад, ки оила таҳти роҳбарии зани оқилу маърифатӣ метавонад то 70 фоизи ҳолатҳои ҷалби ҷавононро ба гурӯҳҳои харобкор дар сатҳи аввалия пешгирӣ намояд.
Имрӯз Тоҷикистон набояд амнияти маърифатиро танҳо бо усулҳои техникӣ (бастани сайтҳо ё маҳдудиятҳо) таъмин кунад. Абзори асосии мо ин эҳёи хотираи таърихию фарҳангӣ аст. Занони рӯшанфикр, кадрҳои илмӣ-таҳлилӣ ва коршиносони соҳавии мо имрӯз бояд контенти рақамии миллиро фаъол намуда, бо сабки зиндаву ҷозибадор онро таҳия созанд. Истифодаи намунаҳои бузурги таърихи фарҳангамон аз ҳикмати сулҳҷӯёнаи Шоҳномаи Фирдавсӣ то фалсафаи инсондӯстии Мавлоно ва низоми давлатдории таҳаммулпазири Сомониён дар шакли рақамӣ (видеоҳо, подкастҳо, маводҳои таҳлилии кӯтоҳ), метавонад масъунияти зеҳнии ҷомеаро дар баробари таҳоҷуми хориҷӣ мустаҳкам кунад.
Эълон гардидани «Солҳои рушди маориф ва илми фановарӣ (2020–2040)» аз ҷониби Сарвари давлат заминаи сохториро фароҳам овард, ки занону духтарони тоҷик ба соҳаҳои амнияти киберӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳлили додаҳо (data analysis) фаъолона ворид шаванд. Имрӯз, духтари тоҷик, ки дар донишгоҳҳои кишвар ё марказҳои таҳлилии минтақавӣ илм меомузад, на танҳо як мутахассис, балки сарбози хати аввали ҷабҳаи амнияти маърифатии кишвар аст. Ваҳдати миллӣ дар асри рақамӣ маҳз тавассути ҳамин ҳамоҳангии омезиши технологияҳои муосир ва асолати таърихию фарҳангии миллӣ устувор ва ҷовидон боқӣ мемонад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди давлатсозӣ дар Тоҷикистон ва феномени Ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамчун як падидаи таърихӣ, балки як абзори динамикӣ, зинда ва стратегияи дарозмуддати рушди устувор мебошад. Сулҳ ва ризоияти дастҷамъона, ки бо ташаббус ва модели беназири Пешвои миллат тарҳрезӣ ва амалӣ гардид ва нақши занон дар он боризу калидӣ аст, исбот намуд, ки хотираи фарҳангию таърихии миллат метавонад дар шароити буҳронӣ бузургтарин синергияи созандаро ба вуҷуд орад.
Таърих собит намуд, ки зани тоҷик дар раванди ташаккули Ваҳдати миллӣ ҳамчун субъекти калидии стратегӣ ва нигоҳдорандаи амнияти маърифатии давлат нақш мебозад. Сармояи ҳаётии занон, ки се қабати асосиро (биологию репродуктивӣ, маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсӣ) фаро мегирад, шоҳсутуни устувории ҷомеа дар шароити трансформацияи арзишҳо мебошад. Ин сармоя дар асри рақамӣ ҳамчун полоишгари зеҳнӣ бар зидди идеологияҳои харобкор хизмат мекунад. Модели давлатдории Тоҷикистон нишон дод, ки қонунгузории миллӣ (аз ҷумла Қонуни ҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон”) бо санадҳои олии байналмилалӣ (ба мисли Конвенсияи CEDAW ва Қатъномаи 1325-и Шӯрои Амнияти СММ) на танҳо ҳамоҳанг аст, балки дар бахшҳои пешгирии экстремизм ва таҳкими амнияти маърифатӣ таҷрибаи пешсафи минтақавиро пешниҳод менамояд.
Барои табдил додани нерӯи занон ба сипари устувори амнияти зеҳнии кишвар дар фазои рақамӣ, зарур аст, ки сиёсати давлат дар заминаи ҳамбастагии усулҳои пешгирикунанда (превентивӣ) роҳандозӣ шавад. Ин раванд, ба мисоли татбиқи Барномаи миллӣ ва дар дигар шакл «Маърифати рақамии модари тоҷик» -ро ҷиҳати баланд бардоштани масунияти иттилоотии занони деҳот, рақамӣ кунонидани хотираи таърихӣ тавассути сохтани муҳтавои муосири миллии рақамӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва тавсияи ниҳоди «Шӯрои занони сулҳофар» дар минтақаҳои наздимарзӣ дар доираи Қатъномаи 1325-и Созмони Милали Муттаҳид тақозо менамояд. Кафолати устувории ин занҷираи стратегӣ аз роҳандозии мониторинги мунтазами сотсиологии дигаршавии арзишҳо аз ҷониби марказҳои таҳлилии кишвар ниҳоят вобаста аст, то қарору барномаҳои пешгирикунандаи давлатӣ на дар асоси тахминҳо, балки дар заминаи додаҳои дақиқи оморӣ амалӣ гардида, сармояи ҳаётию маърифатии зани тоҷикро ҳамчун полоишгари аслии зеҳнии ҷомеа ва кафили амнияти геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри нав устувор нигоҳ дорад.
Хатти таҳлилии ин пажӯҳиш собит месозад, ки феномени Ваҳдати миллӣ ва амнияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон падидаҳои собит ва шахшуда набуда, балки стратегияҳои динамикиву зиндаи давлатдорӣ мебошанд, ки устувории онҳо мустақиман ба сифати сармояи ҳаётии зан-модар гиреҳ хӯрдааст. Дар замони муосир, ки ҷангҳои равонӣ ва мафкуравӣ аз марзҳои ҷуғрофӣ гузашта, фазои шуури ҷомеаро нишонрас кардаанд, маҳз зани тоҷик ҳамчун «полоишгари аслии маърифатӣ» ва сипари аввалияи муҳофизатии оила баромад менамояд. Аз ин рӯ, тавсияҳои пешниҳодшуда аз роҳандозии барномаҳои рақамисозии маърифати модарон дар деҳот то эҷоди муҳтавои миллии инноватсионӣ ва мониторинги оморӣ на танҳо талаботи прагматикии рушд, балки кафолати сохтории зиндамонии маънавии миллат дар асри рақамӣ ба шумор мераванд.
Имрӯз, дар остонаи ҷашнвораҳои муқаддаси миллии кишвар, метавон бо ифтихори том гуфт, ки модели сулҳофарии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва амалӣ гардид, беҳтарин намунаи эҳёи тамаддуниву таърихист. Ин ҷашни муқаддаси Ваҳдат ва Истиқлолият, пеш аз ҳама, ҷашни пирӯзии хираду иродаи созандаи зан-модари тоҷик аст, ки бо заҳмати хомӯшона ва фидокории беназири худ тухми оштиро дар ниҳоди ҷомеа парвариш намуд. Ҳамбастагии сиёсати дурбинонаи давлат ва сармояи ҳаётию маърифатии бонувон кафолат медиҳад, ки тоҷикон на танҳо соҳибихтиёрии сиёсии худро ҳифз мекунанд, балки Ваҳдати миллиро ҳамчун зиреҳи ҷовидонии зеҳнӣ ва сипари устувори амният ба насли оянда ба таври комил интиқол хоҳанд дод.
Сардори раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират
ва омӯзиши афкори оммаи МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холматиён Камола