(Тоҷикӣ) ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАККОНБАХШИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН
Ваҳдати миллӣ чароғи равшани роҳи миллат буда, қалбҳоро ба ҳам меорад ва сарнавишти мардумро бо риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мепайвандад. Он неруест, ки аз миёни душвориҳо умед меофарад ва аз парокандагӣ якпорчагӣ месозад. Бо шарофати ваҳдат орзуҳо ҷилвагар мешаванд, сулҳ устувор мемонад ва фардои дурахшон бунёд мегардад. Ваҳдати миллӣ на танҳо арзиш, балки рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст, ки ҳифзу гиромидошти он Ватанро ободу ором ва сарбаланд нигоҳ медорад.
Маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо суханони таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман ба шумо сулҳ меорам» оғози марҳилаи нави сулҳу ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ин суханони Сарвари давлат сароғози ташаккули идеологияи сулҳ ва ваҳдат дар давлатдории навини тоҷикон гардиданд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрванди ба даст овардани сулҳу ваҳдат кори саҳлу осон набуд. Он бо ҷоннисориҳо ва талошҳои зиёди фарзандони содиқи миллат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконпазир гардид. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва хиради миллати сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад”.
Ваҳдати миллӣ маънои онро дорад, ки тамоми шаҳрвандони кишвар, новобаста аз миллат, забон, дин ва фарҳанг худро як ҷузъи ҷомеаи ягона эҳсос намоянд. Ин эҳсоси ҳамдигарпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои якдигар заминаи асосии сулҳу суботро ташкил медиҳад. Дар ҷомеае, ки ваҳдат ҳукмфармост, ихтилофҳо бо роҳи муколама ва якдигарфаҳми ҳал карда мешаванд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ваҳдати миллӣ халалдор гардад, ҷомеа ба буҳрон рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи Ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои таҳкими он бояд ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва фарҳанги миллӣ дар дили ҳар як инсон шуълавар бошад.
Ваҳдати миллӣ пояи асосии рушди давлат ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Ҳифз ва таҳкими он на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо қаноатманди метавон гуфт, ки дар сурати ҳифзи Ваҳдат метавонем ояндаи дурахшон ва устуворро барои наслҳои оянда таъмин намоем.
Лозим ба ёдоварист, ки иқтисодиёти кишвар дар натиҷаи он рӯйдодҳои фоҷеабор зарари ниҳоят вазнин ва ҷуброннопазир дид, ки паёмадҳои он солҳои зиёд эҳсос мегардиданд. Ин вазъ боис гардид, ки тақрибан 1 миллион нафар аз аҳолии осоишта хона ва макони зисти худро аз даст дода, ба гуреза табдил ёбанд. Ҳамчунин, зиёда аз 25 ҳазор зан бе сарпаноҳи оилавӣ монда, зиндагии сангину душворро паси сар карданд. Беш аз 55 ҳазор кӯдак аз меҳру муҳаббати падар маҳрум гардида, ятим монданд, ки ин яке аз талхтарин паёмадҳои он давра ба ҳисоб меравад.
Мутаасифона паёмадҳои ин фоҷеа танҳо ба оилаҳо маҳдуд намонд, балки тамоми сохтори иҷтимоиву иқтисодии кишварро сахт заиф сохт. Зиёда аз 35 ҳазор манзили истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ сӯхтаву валангор гардида, садҳо шаҳру деҳот ба хароба табдил ёфтанд. Ин ҳолат боиси қатъ гардидани фаъолияти бисёр корхонаҳо, коҳиши истеҳсолот ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ҳамзамон, хисороти умумии расида ба кишвар беш аз 10 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ки ин рақам на танҳо нишондиҳандаи зарари молиявӣ, балки рамзи бузургии фоҷеа ва шикасти сохторҳои ҳаётии давлат дар он давра мебошад. Барқарорсозии ин хисоротҳо бошад солҳо заҳмат, сармоягузорӣ ва талошҳои пайгиронаро талаб менамуд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо, мардуми кишвар бо иродаи қавӣ ва ваҳдату ягонагӣ тавонистанд, ки тадриҷан ҳаёти осоиштаро барқарор намоянд ва ба роҳи рушди устувор баргарданд.
Натиҷаҳои чунин иқдомҳо дар он зоҳир мегарданд ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 1,787 миллиард сомони дар соли 2000 ба 176,9 миллиард сомонӣ расид, ки дар соли 2025 тақрибан 100 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, ММД ба ҳар сари аҳолӣ то 16,4 ҳазор сомонӣ боло рафта, суръати рушди воқеии иқтисод дар соли 2025 ба 8,4 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳандаи рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Илова бар ин, даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳамин давра ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2000 мутаносибан 218 маротиба зиёд гардидаанд. Ҳиссаи воридоти андоз дар таркиби буҷети давлатӣ дар соли 2025 ба 62,19 фоиз расида, ки ин ҳолат аз таҳкими низоми молиявӣ ва баланд шудани сатҳи худтаъминкунии буҷет шаҳодат медиҳад.
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 нисбат ба соли 2000 ба таври назаррас афзоиш ёфта, 7,4 баробар зиёд гардид. Ҳаҷми он аз 1 млрд, 459,3 млн доллари ИМА дар соли 2000 то ба 10 млрд, 793,1 млн доллари ИМА дар соли 2025 расонида шуд. Ин нишондиҳанда аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа ва дар заминаи ин, рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ва густариши мубодилаи молу маҳсулот шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлоли як қатор санадҳои муҳим аз ҷумла қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин Консепсияҳои рушди соҳаҳои гуногун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, заминаи устувори ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисоди миллӣ фароҳам овардаанд.
Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ асоси сулҳу субот ва пешрафти давлат буда, ҷомеаро ба сӯи якпорчагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамуй месозад. Дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гувоҳи равшани самараи сулҳу субот Ваҳдати миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдат рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, кафолати ояндаи дурахшони наслҳои минбаъда мебошад.
Махсуддинов Ораз,
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон