(Тоҷикӣ) НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нуқтаи гардиши сарнавиштсоз гардид. Ин рӯйдоди муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои бунёди давлати муосир, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа замина фароҳам овард. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлоли кишвар масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини амният буд, пас баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллат имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омаданд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Барои миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ кафили сулҳу субот ва заминаи асосии эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ имкониятҳои мусоид фароҳам омаданд, ки таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба масъалаҳои эҳёи ҷашнҳои миллӣ, хотираи таърихӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ, омӯзиши хатту алифбои ниёгон, ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва тарбияи ҳисси ифтихору худшиносии миллӣ бештар гардида, дар натиҷа таърих, фарҳанг, забон ва суннатҳои миллӣ ҳамчун ҷузъҳои муҳими ҳувияти миллӣ дубора эҳё ва густариш ёфта дар сатҳи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шуданд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди бузурги сиёсӣ, балки омили муҳимми эҳёи тамаддуни ориёӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Зеро маҳз дар фазои сулҳу субот миллат имконият пайдо кард, ки ба таърихи худ рӯ оварад, арзишҳои фарҳангии худро эҳё намуда, ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷаҳони муосир пайдо намояд.
Тамаддуни ориёӣ аз ҷумлаи тамаддунҳои куҳанбунёди башарият ба шумор рафта, дар ташаккули фарҳанг, давлатдорӣ, илм ва маърифати халқҳои минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим гузоштааст. Тоҷикистон ҳамчун вориси яке аз марказҳои муҳимми ин тамаддун, дорои мероси ғании таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Аз ҳамин муҳити тамаддунсоз шахсиятҳои барҷастаи тоҷик ба монанди Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Абӯмансури Мотуруди, Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Носири Хусрав ва дигар мутафаккирон ба камол расидаанд. Осори онҳо на танҳо ба фарҳанги тоҷикон, балки ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири амиқ расонидааст. Маҳз дар шароити Ваҳдати миллӣ омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси илмӣ ва фарҳангии чунин абармардони таърих вусъати тоза пайдо намуда, барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва муаррифии таърихи миллат бештар гардид. Эълон шудани соли 2006 ҳамчун «Соли тамаддуни ориёӣ», таҷлили ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006), 5500-солагии Саразм (соли 2020) ва 3000-солагии шаҳри Ҳисор (соли 2015) барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихии ҷомеа аҳамияти калон доштанд. Ин ҷашнҳо ба рамзи зиндаи пайванди гузашта ва имрӯз табдил ёфта, собит сохтанд, ки танҳо дар шароити сулҳу ваҳдат миллат метавон таърихи худро эҳё намуда, аз мероси тамаддунии худ ифтихор карда онро ба наслҳои оянда ба таври шоиста мерос гузошт.
Инчунин Ваҳдати миллӣ барои эҳёи арзишҳои маънавии миллат низ шароити мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ва Сада дубора эҳё гардида, ба унсури муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа табдил ёфтанд.
Дар миёни ҷашнҳои бостонии мо Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад. Ин ҷашни куҳан, ки решаҳои он ба фарҳанги ориёӣ мерасад, имрӯз ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва эҳёи табиат дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бостони ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид.
Маҳз Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки ин ҷашнҳои куҳан аз доираи хотираи таърихӣ берун омада, ба як рукни муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва омили таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёбанд. Таҷлили чунин ҷашнҳои бузург дар саросари кишвар барои ҳифз ва эҳёи суннатҳои ниёгон мусоидат намуда эҳсоси ифтихор аз таърихи миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии аҷдодӣ ва ҳамбастагии ҷомеаро тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, эҳёи чунин арзишҳои фарҳангӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони Ваҳдати миллӣ буда, ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва таҳкими пайванди наслҳои имрӯз бо таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд.
Яке аз рукнҳои асосии худшиносии миллӣ забон мебошад, ки на танҳо воситаи муошират, балки ҳомили таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат аст. То замоне, ки забон зинда аст, ҳувияти миллӣ низ пойдор мемонад.
Дар солҳои истиқлолият мақоми забони давлатӣ боз ҳам таҳким ёфт. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва татбиқи он барои рушди забон ва густариши истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат намуд.
Дар чунин шароит, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти бузурги фарҳангиву маънавӣ мебошад. Забони форсӣ-тоҷикӣ барои миллати тоҷик натанҳо воситаи муошират, балки яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳуввияти миллӣ ва мероси гаронбаҳои тамаддунии мо ба шумор меравад. Маҳз тавассути ҳамин забон таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои маънавии ниёгон аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.
Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва эҳёи хатти форсӣ аҳамияти махсус дорад. Садҳо осори адабӣ, илмӣ ва таърихии гузаштагони мо бо ҳамин хат навишта шудаанд. Маҳз дар шароити Ваҳдати миллӣ барои ҳифз ва рушди забони давлатӣ, омӯзиши хатти ниёгон ва эҳёи мероси хаттии миллат заминаҳои воқеӣ фароҳам омаданд. Ин раванд ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ мусоидат намуда яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи таҳкими истиқлоли фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин инъикоси бештари меъроси таърихи ва фарҳанги тамаддуни ориёи ташаббусҳои муҳими фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин бунёди «Маркази байналмилалии Наврӯз» ва «Конуни тамаддуни ориёӣ» дар шаҳри Душанбе аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Ин иқдомҳо на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ мебошанд, балки барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти бузург доранд.
Ҳамзамон, нашри оммавии китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ барои бедории ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ саҳми назаррас гузошт. Ин асарҳо имрӯз низ барои тарбияи насли ҷавон ва омӯзиши таърихи миллат аҳамияти калон доранд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳифз ва рушди мероси моддии миллат низ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар солҳои истиқлолият садҳо ёдгориҳои таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд шудаанд.
Эълон гардидани соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Ин ташаббус аз таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангии миллат шаҳодат медиҳад. Дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ чунин иқдомҳо барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи устувори суботи сиёсӣ барои ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат нақши калидӣ бозида, маҳз дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ арзишҳои тамаддуни ориёӣ дубора мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бунёди марказҳои фарҳангӣ, нашри осори миллӣ ва татбиқи барномаҳои худшиносӣ ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ мусоидат менамоянд.
Ваҳдати миллӣ ба рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ мусоидат намуда, инчунин барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар шароити фароҳам овардааст. Дар фазои сулҳу субот роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ бунёд гардиданд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ин обрӯву нуфуз низ маҳсули суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Миллате, ки дар дохили худ муттаҳид аст, метавонад арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Барои миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ маҳз ҳамон неруест, ки заминаи эҳёи тамаддуни ориёӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди устувори давлатро фароҳам овардааст.
Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, кафили субот, пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад. Маҳз тавассути таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, заминаҳои мусоиди пешрафти давлат ва ҷомеаро барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин кард, то мероси гаронбаҳои таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои тамаддуни тоҷикон дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ҳифз ва такмил ёбанд.
Сармутахассиси раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои амнияти
минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Темиров Амонҷон Амирҷонович