(Тоҷикӣ) МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШАРТИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, 12-уми июни соли 2026 дар толори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – шарти рушди устувори давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидани соли 2026 баргузор шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Алишер Мирзонабот, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия – Фотеҳ Қувватзода, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ – Ораз Муртазозода ва раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози қисми расмӣ иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои дастӣ ва дастовардҳои ноҳияи Дарвоз боздид намуда, бо имкониятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии минтақа шинос шуданд.
Нахуст раиси вилоят Алишер Мирзонабот меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро ба ноҳияи Дарвоз хайрамақдам гуфта, баргузор гардидани чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар маърузаи худ таҳти унвони «Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» масъалаҳои муҳими давлатсозии навини тоҷиконро баррасӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба бунёди низоми нави ҳуқуқӣ ниёз дошт. Дар ин раванд нақши Пешвои миллатро ҳамчун меъмори давлатдории муосири тоҷикон метавон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз сиёсати ҳуқуқмеҳвари роҳбарияти кишвар ба таҳкими сулҳу субот мусоидат намуд. Дар баромад таъкид гардид, ки эҳтиром ба қонун ва волоияти ҳуқуқ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошад. Ҳамчунин ба нақши қонунҳо дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки рушди минбаъдаи Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони шарафманди вилоят вобастагӣ дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудоба Мукаррам дар мавзуи «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши маърифати ҳуқуқӣ» суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки маърифати ҳуқуқӣ танҳо донистани қонунгузорӣ набуда, балки эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва давлатро низ дар бар мегирад. Ба андешаи номбурда, худшиносии миллӣ заминаи муҳимми ташаккули шахсияти фаъол ва қонунмадор мебошад. Дар баромад робитаи зичи байни худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун шарҳ дода шуд. Зикр гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ метавонад сатҳи қонуншиканиҳоро коҳиш диҳад. Ҳамчунин ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Номбурда аз аҳаммияти омӯзиши арзишҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ ёдовар гардида, таъкид намуд, ки ҷомеаи дорои худшиносии баланд ҳамеша ба рушди устувор ва суботи сиёсӣ ноил мегардад.
Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода дар маърузаи худ «Дурнамои рушди иқтисодии ҷомеа ҳамчун заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» масъалаи робитаи иқтисод ва маърифати ҳуқуқиро таҳлил намуд. Ӯ таъкид кард, ки рушди иқтисодӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ду унсури ба ҳам вобастаи пешрафти ҷомеа мебошанд. Номбурда изҳор дошт, ки рушди иқтисодӣ бе риояи қонун ва шаффофияти муносибатҳои ҷамъиятӣ имконнопазир аст. Ҳамчунин нақши қонунгузорӣ дар танзими фаъолияти иқтисодӣ шарҳ дода шуд. Ӯ зикр намуд, ки баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ метавонад ба коҳиши муноқишаҳои иқтисодӣ мусоидат намояд. Дар маъруза инчунин зарурати мутобиқ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ба талаботи бозори меҳнати муосир таъкид гардид. Ба андешаи ӯ, рушди устувори иқтисодӣ танҳо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд имконпазир аст.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Фотеҳ Қувватзода дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – омили бунёди ҷомеаи мутамаддин» маъруза намуд. Ӯ зикр кард, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи мутамаддин танҳо дар сурате шакл мегирад, ки шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб донанд. Ӯ таъкид кард, ки риояи қонун бояд ба меъёри рафтори ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Дар суханронӣ ба масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ низ диққат дода шуд. Ӯ қайд кард, ки шаҳрвандони ҳуқуқдон метавонанд дар рушди ҷомеа нақши созанда дошта бошанд. Дар анҷоми суханронӣ ҳамкории тамоми ниҳодҳои ҷомеа барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муҳим ва зарурӣ дониста шуд.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар маърузаи худ ба масъалаи муносибати дин ва ҳуқуқ таваҷҷуҳ намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар таълимоти исломӣ эҳтиром ба адолат, масъулият ва риояи ҳуқуқи дигарон ҷойгоҳи махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, арзишҳои динӣ метавонанд дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд. Дар баромад зикр гардид, ки ислом мардумро ба риояи қонун, поквиҷдонӣ ва адолат даъват мекунад. Номбурда таъкид намуд, ки ҳуқуқ ва ахлоқ дар бисёр мавридҳо якдигарро такмил медиҳанд. Ӯ ҳамчунин аз аҳаммияти тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ сухан гуфт. Дар маъруза таъкид гардид, ки арзишҳои диниву миллӣ метавонанд барои таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат намоянд ва рушди устувори давлат бе ахлоқи баланд ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон душвор аст.
Ҳамин тариқ, ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Дарвоз ба минбари муҳимми мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ табдил ёфт. Мавзуъҳои баррасишуда нишон доданд, ки рушди устувори давлат, таҳкими суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиву фарҳангӣ бевосита ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста аст.
Дар қисмати музокира намояндагони занону ҷавонон ба муҳокима баромада, доир ба маърифати ҳуқуқӣ, роҳҳои баланд бардоштани он дар миёни аҳолӣ, аз ҷумла қишри ҷавони кишвар ва масъалаҳои таҳкими ваҳдат ва сулҳу суботи миллӣ табодули афкор намуда, баргузор гаштани чунин ҳамоишҳо ва инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин заминаҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.