(Тоҷикӣ) ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ КИБЕРӢ: ОСЕБШИНОСИИ ПАДИДҲО, ТАҲДИДҲОИ ГИБРИДӢ ВА АМНИЯТИ КИБЕРӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ваҳдати миллӣ пояи суботи давлат аст. Ҳифзи он тавассути механизмҳои оқилона ва дурбинона таъмин шуда, таҳким ва рушди он вазифаи асосии давлату миллат маҳсуб мешавад. Ваҳдати миллӣ ва миллати воҳид асосии бақо ва рушди давлати миллӣ ба шумор мераванд. Иттиҳод ва иттифоқи миллӣ асоси ваҳдати миллиро ташкил дода, дар ин самт зарур аст, то раванди ваҳдатгароӣ бар ивази касратгароӣ тақвият бахшида шавад.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ дар фазои киберӣ маҷмуи чораҳои давлатӣ барои таъмини истиқлоли иттилоотӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим аз ҳамлаҳои беруна ва саркӯб кардани таъсири харобиовари идеологӣ мебошад, ки метавонад оромии ҷомеа, сулҳу субот ва назми иҷтимоиро халалдор кунад.
Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ равиши ҳамаҷонибаро талаб карда, бо мураккаб гардидани вазъи геосиёсии олам, шиддат гирифтани набардҳои иттилоотӣ муҳиммияти он ҳар чӣ бештар меафзод.
Дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ маънои ҳифзи шаҳрвандон, муассисаҳои давлатӣ ва ҳамоҳангии ҷамъиятиро аз киберҷиноятҳо, дезинформатсия ва ҳамлаҳои киберӣ дорад. Дар асри рақамӣ, соҳаи иттилоот ба майдони асосии мубориза табдил ёфтааст, ки дар он иттилоот ҳамчун силоҳи стратегӣ хизмат мекунад. Маҳз бо эътибори ҳамин парадигма ҳифзи ваҳдати миллӣ ба манфиати ҳаётан муҳим табдил меёбад.
Ваҳдати миллӣ падидаи ғоявӣ-мафкуравӣ буда, ҳамеша аз таҳдиду чолишҳои мафкуравӣ-иттилоотӣ осеб мебинад. Бо туфайли рушди ҷаҳонишавии иттилоотӣ ва ташаккули фазои ягонаи умумиҷаҳонии маҷозӣ, ки марзҳои давлатҳои миллиро убур намудааст ва махсусан ба сатҳи осон даромадани корбарию истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳу нохоҳ ба афкори миллӣ ва андешаи ваҳдати миллӣ таъсир мерасонад.
Таблиғоти киберӣ ва ташвиқот истифодаи платформаҳои рақамӣ барои таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ, эътиқод ва рафтор буда, бар хилофи ВАО-и анъанавӣ, интернет имкон медиҳад, ки бо дақиқияти баланд ва беномӣ манипулятсияи оммавӣ анҷом дода шавад. Бо дарки ҳамин масъала замоне мардум корбари воситаҳои интернетӣ мебошанд ва ҳамарӯза зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ қарор доранд, муҳтавои маводи пахшшуда ҳамвора ба андешаи онҳо таъсир расонида, дар ташаккули ақида, руҳия, сабки ҳаёт, ахлоқ мусоидат мекунад. Дар шароите, ки ба масоили марбут ба дохили фазои маҷозӣ бо диди оқилона муносибат намекунанд, шабакаи иҷтимоӣ барои “шуури сода” воситаи асосии ташаккули ақидаву рафтор маҳсуб мегардад. Гузашта аз он неруҳои махсус фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва имконияҳои онро барои нооромкунӣ ҷиҳати ноил гардидан ба манфиатҳояшон истифода мебаранд.
Дар тафовут аз шароити гузаштаи инкишоф, ки табодулу таҳмили андешаву фарҳанг ба ақвому миллатҳои дигар ба осонӣ ба даст намеомад, фазои нави иттилоотӣ бо шарофати ҷаҳонишавии иттилоотӣ амри мазкурро осон намудааст. Ба шакли анъанавӣ ҳифз намудани ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатӣ дар шароити инқилобҳои иттилоотӣ кори саҳл нест. Субъект ва объекти таҳдид дар шароити навин метавонад дар шакли гибридӣ (омехта) баромад намояд, ки ҳолати мазкур дар шинохти таҳдидҳо мушкилот эҷод мекунад. Ҳолати мазкур водор менамояд, ки ба шароити сифатан нав мутобиқ гардид, то бартарафкунии хатарҳои киберӣ имконпазир бигарданд.
Шароити муосири даврон далели возеҳу равшан аст, ки таҳдидҳои ғоявӣ-мафкуравӣ дар ноором шудани кишварҳои алоҳида ва дучори буҳрон намудани ваҳдати миллии онҳо саҳми асосӣ гузошта, ҳатто иқтидори ҳарбии кишварҳо натавонист пеши роҳи чунин хатарҳоро гирад. Масъала дар он аст, ки бо равиши анъанавӣ бо падидаҳои хавфбарангези муосир муқовимат намудан мушкил аст. Шароити нави мафкуравии дунё механизм ва технологияи нави таҳкими ваҳдати миллиро тақозо менамояд, ки дар ин ҷода шинохти амиқи вазъият масъалаи асосист.
Вобаста ба матлабҳои мазкур, маврид ба зикр аст, ки ваҳдати миллӣ дар фазои киберӣ раванди ташаккули ҳувияти миллӣ-шаҳрвандӣ аст, ки бар пояи таблиғи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва эҷоди масунияти рақамӣ бар зидди муҳтавои харобиовари таҳдидҳои киберӣ асос ёфтааст.
Ҳифз намудани ваҳдати миллӣ дар муқобили буҳрони иттилоотӣ қобилияти ҷомеаро барои муқовимат бо хабарҳои қалбакӣ, воҳимаандозӣ/ҳангома ва кӯшишҳои нооромкунӣ ва махсусан эътимоди мутақобилаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаро дар масири пасисарнамоии тавтиаҳои ғоявӣ-мафкуравӣ талаб мекунад.
Муҳимтарин масъала дар самти ҳифзи ваҳдати миллӣ ин шинохти дуруст ва баҳодиҳии таҳдидҳои гибридӣ мебошад. Таҳдидҳои гибридӣ бахшҳои муҳимми ваҳдатсози ҷомеаро тахриб карда, руҳияи ноумедиро ташаккул медиҳад. Дар муқобили падидаи ваҳдатгароӣ касратгароиро ташвиқ карда, дар ҷомеаи парокандагӣ эҷодӣ мекунад. Маҳз ҳамон парокандагӣ дар ҷомеа тавассути иттилооти бардуруғ (дезинформатсия ва фейкҳо) бавуҷуд оварда шуда, ба саҳна овардани мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ тамоюли мазкурро тақвият медиҳад. Дар чунин ҳолат шинохту бартарафнамоии мушкилоти мазкур идоракунии зидибуҳрониро тақозо менамояд, ки тибқи он мебояд на бо пайомадҳои равандҳо, балки бо омилҳо ва заминаҳои буҳронзо муқобилият кард. Мубориза бо пайомадҳои таҳдидҳои омехта раванди муқовиматро мураккаб ва зиддиятнок намуда, падидаҳои мухталиф ва субъектҳои ноаёни гуногунро фаъол мекунад, ки дар умум инкишофи буҳронро тақвият медиҳад.
Дар чунин шароит нақши таблиғот ва ташвиқоти ҳадафнок, ки ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ мақоми калон доранд. Дар чунин ҳолат бояд ҳамеша ба PR-миллӣ такя кард ва набояд ягон таблиғот ва ташвиқоти ғайрибумӣ афкори миллии ҷомеаи кишварро ташаккул диҳад.
Дар роҳи ҳифзи ғояи ваҳдати миллӣ дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳои гибридӣ ва хосатан киберию иттилоотӣ муассир намудани PR-и миллӣ дар раванди ваҳдатгароӣ бисёр муҳим аст.
PR-и миллӣ (тақвияти ҳувияти умумимиллӣ) воситаи асосии тақвияти ваҳдати миллӣ мебошад. Он барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ-фарҳангӣ, коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ ва таблиғи арзишҳои муштарак, аз қабили ватандӯстӣ, кӯмаки мутақобила ва хотираи таърихӣ равона шудааст. Ҳадафи асосии он ташаккули миллати воҳид ва раднамоии ҳамагуна тамоюлҳои касратгароӣ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр, бо дарки маталбҳои макзкур ин ақида афзалият пайдо мекунад, ки ваҳдати миллӣ ин асоси бақои миллат ва давлат мебошад. Замоне ҳар кадом умумияти иҷтимоӣ ба ваҳдат ноил нагардидааст, он сазовори номи миллат буда наметавонад. Ваҳдат ба сифати система сарҷамъкунандаи унсурҳо ва ба назм даровардани онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз ҳифзи пайвандӣ ва сарҷамъӣ аз дидгоҳи системавӣ қонунияти асосии ваҳдат мебошад. Эҷод шудани мушкилиҳо ва иллатҳо дар пайвандии система ба ваҳдати миллӣ осеб мерасонад. Вобаста ба он ки ваҳдат пайванди субъективии миёни аъзои ҷомеа аст, зарур аст, ки бар ивази ихтилофот ҳар чӣ бештар думболи қаробат, наздикӣ ва рафоқат бошем. Чун иттифоқи миллӣ боиси шаклгирии қудрати сиёсӣ мегардад ва ин дастоварди асосии миллат барои бақо аст.
Карим Қ.Н., сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.