(Тоҷикӣ) РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

22 майи соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди дипломатияи варзишӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи гирд директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфтанд.
Зимни суханронии худ мавсуф аз дастовардҳои ҷавонони кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, нақши сиёсати давлатии ҷавононро дар рушди неруи зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии онҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва насли ояндасози миллат дар пешрафти давлат ва таҳкими суботу ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, илмомузӣ, рушди қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шуданд. Дар ин замина, як қатор стратегияҳо, барномаҳо ва санадҳои муҳими давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон қабул ва амалӣ гардида, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин мутахассисони Марказ дар мавзуҳои “Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ”, “Нақши ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар рушди дипламатияи варзишӣ тавассути футбол” ва “Рисолати ватандӯстонаи ҷавонон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир” маърӯза ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар таърихи давлатдориву ҷомеасозии ҳар як миллат нақши ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ва ояндасози кишвар бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷавонон нерӯи бузурги иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, сарнавишти давлатҳо ба ҷаҳонбинӣ, дониш, маърифат ва масъулияти онҳо вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷомеаи муосир масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба ҷавонони худ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат менигарад. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи анъанаҳои давлатдорӣ, ҳомии арзишҳои миллӣ ва бунёдгарони фардои Ватан мебошанд. Дар замоне, ки ҷаҳон бо таҳаввулоти босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва технологӣ рӯ ба рӯ гардидааст, нақши ҷавонони соҳибилм, худшинос ва ватандӯст боз ҳам бештар мегардад.
Имрӯз дар ҷаҳон 1,2 миллиард ҷавонони аз 15 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки 16 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 70% -и аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳад, ки ин аз нерӯйи бузурги иҷтимоӣ будани ҷавонон дар ҷомеаи мо шаҳодат мекунад.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат ҷиҳати дастгирии ҷавонони боистеъдод тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад моҳи феврали соли 1998 Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин моҳи марти ҳамон сол Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавононе, ки дар соҳаи илм ва техника, эҷодиёт ва рушди ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, таъсис ёфт. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои ҳавасмандгардонӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва ташаккули насли ҷавони соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахассисони сатҳи гуногун ва дорои таҳсилоти олӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Масалан, то замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз бошад, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 48 расида, теъдоди донишҷӯён зиёда аз 214 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, ки ин аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар анҷоми мизи гирд миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, зимни он доир ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ва иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ибрози назар карда шуд.
Қайд гардид, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо донишу малака, ҷаҳонбинии муосир ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар арсаҳои гуногуни илм, маориф, варзиш, технология ва идоракунии давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир фаъолона саҳмгузор бошанд ва ҳамчун нерӯи созанда дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир гузоранд.
   
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон