(Тоҷикӣ) ҶАВОНОН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР: ИМКОНИЯТҲО ВА МУШКИЛОТ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар ҷомеа ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ нақши худро иҷро мекунад, ва ҷавонон ба ҳайси қишри фаъоли ҷомеа нақши махсус доранд. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ, ҷавонон гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоӣ-демографие ҳастанд, ки аз овони наврасӣ ба камолоти иҷтимоӣ мегузаранд. Ҷавонон ҳамчун унсури муҳими сохтори иҷтимоии ҷомеа бо раванди инкишофи ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо, худмуайянкунии касбӣ ва иштироки фаъол дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақоми худро дар ҷомеа меёбанд. Дар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” омадааст, ки “ҷавонон – гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад”. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”. Моддаи 1).
Ҷавонон насли ояндасозе мебошанд, ки ба ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷомеа қадамҳои нахустини худро мегузоранд ва бо талошу кӯшиш мавқеи худро дар ҷомеа устувор месозанд.
Аз нигоҳи илмҳои иҷтимоӣ ҷавонон чанд вазифа ва ё рисолати муҳимми иҷтимоиро дар ҷомеа иҷро мекунанд, ки иборатанд:
– ҷавонон нигаҳдоранда ва интиқолдиҳандаи анъанаҳо, дониш, таҷриба, забон, фарҳанг ва таърихи миллат мебошанд;
– онҳо баъд аз гирифтани маълумот мутахассисони нави соҳаҳои гуногуни ҳаёт мегарданд, ки барои ҳар як давлат заруранд;
– насли бунёдгузори андешаҳои нав, қобилиятҳои нав, муҷаҳҳаз бо технология ва усулҳои кории нав мебошанд;
– ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ иштирок намуда, масъулияти шаҳрвандиро эҳсос мекунанд ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳмгузор мегарданд.
Тибқи қонунгузорӣ ҷавонон на танҳо ба таҳсил, балки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ҳатто аз синни 14 солагӣ ба меҳнат ҷалб гардида, бо ҷои кор таъмин карда шаванд: “Нисбати шаҳрвандони ҷавон, ки муассисаи таҳсилоти умумиро хатм карда, синну солашон ба 16 расидааст ва бори аввал ба кор мераванд, инчунин нисбати ноболиғоне, ки синну солашон ба 14 расида, берун аз вақти таҳсил дар мактаб кор мекунанд, тадбирҳои афзалиятноки давлатии таъмини ҷавонон бо ҷои кор татбиқ мегарданд”. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”. Моддаи 16).
Ҳамин тариқ, ҷавонон дар ҷомеа дар баробари гурӯҳи иҷтимоӣ будан аз нигоҳи синну сол, мақоми иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар ҷомеа фарқ мекунанд. Ҷанбаи муҳими нақши ҷавонон дар замони муосир дар он ифода меёбад, ки онҳо иштирокчии фаъол ва бомароми дигаргуниҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ҷавонон имрӯз ҳамчун ташаббускорони лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳаракатҳои гуногуни волонтёрианд. Ин иқдомот на танҳо барои иҷро намудани масъалаҳои мубрами ҷомеа, балки барои дарки масъулият барои ояндаи кишвар мебошад.
Инчунин ҷавонон ба таври фаъол ба тамоюлҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд ва бо тағйиротҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд рӯ ба рӯ мешаванд ва бо онҳо мутобиқ мегарданд. Ин раванд чунин ҳолатро ба вуҷуд меорад, ки насли калонсол ҷавононро эътироф кунанд ва ба онҳо гӯш диҳанд. Маҳз чунин муколамаи созанда дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи устувор ва фарогир мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҷавонон қувваи ҳаракатдиҳандаи дигаргуниҳо ва навовариҳо ҳастанд. Дар баробари ин нақши ҷавононро нодида гирифтан низ ғайриимкон аст. Чунки бевосита ҷавонон дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб гардидаанд.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар аксар маврид ба минбаре барои ибрози андеша, мубодилаи таҷриба ва рушди ҷаҳонбинии ҷавонон табдил ёфтаанд. Ҷавони муосир бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда неру ва андешаҳои худро баён намуда, дар ташаккули тамоюлҳои нав дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми назаррас мегузорад. Ҷавонон муҳимтарин субъектҳои муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошанд, ки бевосита дар ҳаёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Дар кишвари мо ҷавонон унсури муҳимми сохтории ҷомеа буда, дар ҳамаи табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ намояндагӣ мекунанд.
Маълум аст, ки масъалаи ҷавонон дар замони муосир дар худ хусусияти глобалӣ ва умумибашарӣ касб намуда, дар маркази таваҷҷуҳи тамоми кишварҳо ва ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ҷавонон дар ҷаҳони муосир объекти муҳими тағйиротҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва рушди босуръати иҷтимоӣ, ҷавонон на танҳо ба қисмати аз ҳама бештар қабулкунандаи тағйирот дар ҷомеа, балки ба омили калидии пешрафти минбаъдаи он табдил меёбанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои таҳсил, худшиносии касбӣ ва иштироки шаҳрвандӣ ба тарбияи насли дорои масъулияти иҷтимоӣ, босаводи сиёсӣ ва рақобатпазир, ки қодир ба таъмини рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад, мусоидат мекунад.
Барои рушди бемайлони насли наврасу ҷавон ва муҳайё намудани шароити мусоид дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст. Аз он ҷумла, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, барномаҳои давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъсис додани ниҳоди махсус барои пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, таъсиси квотаҳои президентӣ оид ба фарогирии ҷавонон ба таҳсил, таъсиси стипендияи президентӣ оид ба ҳавасмандкунии ҷавонони болаёқат, таъсис додани “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ”, роҳандозӣ намудани озмунҳои маърифатии ҷумҳуриявӣ ва ғ.
Ҳадаф ва мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, чуноне ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» зикр гардидааст, аз инҳо иборат мебошад:
-мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон;
-ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
-муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
-дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои аҳаммияти иҷтимоидоштаи онҳо”.(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”. Моддаи 3).
Дар баробари фарогирии ҷавонон ба таҳсил, инчунин тадбирҳои муҳим ҷиҳати тақвияти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон амалӣ гардида истодаанд. Бешубҳа, сиёсати маърифатпарварона ва самараноки давлатии ҷавонон яке аз омилҳои муҳими пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла радикализм ва экстремизм дар байни ҷавонон ба шумор рафта, барои рушду камолоти онҳо заминаи мусоид фароҳам месозад.
Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд:
«Бо дарназардошти он, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, масъалаи илму маориф ва рушди неруи инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати моро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар 35 соли истиқлол шумораи мактабҳои олӣ дар кишвар аз 13 то 48 адад афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба зиёда аз дусаду бисту панҷ ҳазор нафар расидааст. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир пайваста талош меварзад… Ҳоло зиёда аз чил ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти олии 47 кишвари дунё машғули омӯхтани илму дониш мебошанд». (Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин 12.05.2026. Манбаъи электронӣ: https://president.tj/event/speeches/55566).
Ҳамин тариқ, дар кишвар имкониятҳои васеъ барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва касбии ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, ҷавонон, ҳамчун субъектҳои тағйироти иҷтимоӣ-сиёсӣ имрӯз дар кишвари мо гурӯҳи фаъоли иҷтимоиро ташкил медиҳанд, ки ба рушди ҷомеа ва давлат таъсири назаррас мерасонанд. Насли ҷавон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ иштирок карда, барои роҳандозӣ намудани ғояҳои нав дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Онҳо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва корхонаҳо гардида, саҳми худро дар иқтисодиёти мамлакат мегузоранд. Воқеан чунин иштироки ҷавонон дар ҳаёти чомеа боиси пешрафти иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат мегардад.
Воқеияти ҷаҳони муосир онро нишон дод, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ягон кишвар аз таъсири равандҳои номатлуб ва манфии ҷаҳони муосир дар канор буда наметавонад. Дар ин замина, боиси таассуф аст, ки ҷавонон аз кишвари мо низ бо сабабҳои омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва иттилоотӣ ба ҳаракатҳои тундрави экстремистӣ дучор гардида, дар зери таъсири онҳо қарор гирифтанд. Ин ташкилотҳои номатлуб ҳанӯз ҳам кӯшиш мекунанд, ки ҷавонони ноогоҳро гумроҳ созанд. Ҷалби ҷавонон ба созмонҳои экстремистӣ тавассути роҳҳои гуногун ба анҷом расонида мешавад, ки бевосита ба амнияти ҷомеа ва давлат таҳдид эҷод менамояд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳаракатҳои миллатгароӣ, нажодпарастӣ, террористӣ, экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуб фаро гирифтаанд, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин иддае аз ҷавонони ноогоҳро пойбанди ақидаҳо худ намуда, онҳоро бар зидди ин арзишҳо равона мекунанд. Ҳамин тариқ, ин равандҳо ва падидаҳои номатлуб ба асл ва бунёди ҷомеаҳо хатар ворид намуда, аз он ҷумла ба арзишҳои маънавӣ ва милливу фарҳангӣ, ки ватандӯстӣ низ ба онҳо алоқаманд аст таъсири ногувор мерасонанд.
Қобили зикр аст, ки ҷавони муосир, пеш аз ҳама бо бархӯрди арзишҳо рӯ ба рӯ мегардад. Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз падидаҳои муҳимми иҷтимоии замони муосир аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишвари мо, ки аксарашон ҷавонон мебошанд ба кишварҳои муштаракулманофеъ, Русия, кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва дигар кишварҳо сафарбар мегарданд. Муҳлати муқаррарии будубоши муҳоҷири меҳнатӣ тақрибан аз шаш моҳ то як сол мебошад. Мо хоҳем ва ё нахоҳем дар ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, таъсири равандҳои он ба мо мерасад.
Мувофиқи назарияи ҷомеашиносон имрӯз ҷомеаҳои як қатор кишварҳои аврупоӣ, ҳамчун ҷомеаи “постмодерн” (яъне ҷомеаи “Замони нав”) ба шумор мераванд. Албатта ин як назарияи илмии донишмандон аст, ки онҳо пешниҳод намуда буданд, вале нишонаҳои он дар ин ҷомеаҳо ба назар мерасад. Ин назария асосан аз ҷониби файласуфони фаронсавӣ Жан Франсуа Лиотар (1924-1998), Мишел Фуко (1926-1984) ва Жан Бодрийяр (1929-2007) пешниҳод гардида буд.
Ҷомеаи посмодерн ҷомеаест, ки дар он таъсири институтҳои иҷтимоӣ ба монанди оила, дин, давлат ва фарҳанги миллӣ заиф мегарданд. Арзишҳои ҷамъӣ (коллективӣ) низ дар ҷомеа заиф гардида, бештар манфиат ва фоидаҳои шахсӣ афзалият пайдо мекунанд. Дар баробари ин, яке аз хусусиятҳои ҷомеаи посмодерн аз он иборат аст, ки инсон дар он худро мансуби ягон миллат, фарҳанг ва давлати муайян надониста, балки вай ҳамчун “шаҳрванди ҷаҳон” маҳсуб меёбад. Инчунин чунин ҷомеа дар асоси маълумот, технологияи рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият дода мешавад, ки модели нави муносибат ва ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул медиҳад.
Муҳим он аст, ки зиндагӣ кардан дар чунин ҷомеа дар шуури ҷавонон дигаргуншавии низоми арзишҳоро ба вуҷуд меорад, ки пеш аз ҳама манфиати шахсӣ ҷои тамоюлҳои анъанавии ахлоқию маънавиро мегирад. Дар натиҷа арзишҳои анъанавӣ ба монанди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, бунёди оила, манфиатҳои ҷамъӣ ва ғ. Коста мегарданд.
Мушкилоти дигаре, ки дар ҷомеаи муосир ба назар мерасад, ин коҳиш ёфтани муносибати байни наслҳо, коҳиши робитаҳои хешутаборӣ ва арзишҳои оилавӣ мебошанд. Ин ҳолат ба нодида гирифтани хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ мегардад, ки ба таҳкими ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон муносибатҳои хешутаборӣ бо наздикон, махсусан эҳтироми падару модар, пайвандон, эҳтироми калонсолон заиф мегардад. Дар чунин ҳолат ҷавонон бояд дарк намоянд, ки маҳз калонсолон буданд, ки бо меҳнати худ онҳоро ба воя расониданд ва сабаби рушди онҳо гардиданд. Акнун вазифаи ҷавонон аст, ки аз аҳволи калонсолон дар айёми пирӣ бетавофовут набошанд.
Масъалаи дигар бо назардошти он, ки технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дастоварди бузурги инсоният мебошад, дар баробари ҷанбаҳои мусбат доштан, ҷанбаҳои манфиро низ дунболагирӣ мекунад. Муносибати тӯлонӣ ва вобастагӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи рақамӣ тадриҷан нақши муносибати зиндаи инсониро аз байн мебарад. Чунин ҳолат тадриҷан ҳисси масъулият, арзишҳои ахлоқии инсониро дар насли ҷавон заиф менамояд, ки он зарбаест барои таҳкими ҷомеа.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари масъалаҳои зикргардида, боз мушкилоти зиёде дар рӯ ба рӯи ҷавонон истодааст. Асосан ин мушкилот иборат аст аз мушкилотҳои иқтисодӣ, таъмини ҷои кор, истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир, тобеият ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман он мушкилоте, ки кулли ҷомеа бо онҳо мувоҷеҳ аст.
Дар натиҷа ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҷавонон насли фаъол ва дорои қобилиятҳои қавӣ дар ҳар давру замон мебошанд. Аз ин рӯ, барои сафарбар намудани онҳо дар руҳияи созандагӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва таҳкими ҷомеа ва давлат чанд корҳоро бояд тақвият бахшид, ҳарчанд дар ин самт корҳои назаррас аз ҷониби давлат ба анҷом расонида шудааст. Ҳамин тариқ:
– тақвияти робитаҳо ва муносибатҳои байни наслҳо, махсусан робитаҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа;
– боз ҳам ҷоннок намудани барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ дар байни ҷавонон барои соҳибкасбу соҳибмаълумот шудани онҳо ва дар ин замина фаҳмонидани моҳияти номатлуби ҷаҳолатпарастиву хурофот;
– тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати шарҳу баррасии моҳияти арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва арзишҳои давлатдорӣ;
– боз ҳам ба вуҷуд овардани шароит барои ташаккули шахсияти ҷавонон ҳам аз ҷиҳати таълимӣ ва ҳам касбӣ, дастгирии ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
– барои тарбияи насли наврас ва ҷавон, ки ояндаи ҷомеа ва давлат мебошанд, зарур аст, ки ҳамаи институтҳои иҷтимоӣ оила, давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа мусоидат намоянд.
Зокирзода Н.М.,
номзади илмҳои фалсафа