(Тоҷикӣ) ҲАМГИРОИИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТ — ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

21-уми майи соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи «Ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот дар доираи барномаҳои давлатӣ» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илм ва маориф аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор мераванд. Қайд гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муҳими рушди илму маориф ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа қарор дошта, тақвияти ҳамгироии илм ва таҳсилот барои таъмини рушди устувори миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Зикр шуд, ки ҷалби доираи васеи коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ба баррасии масъалаҳои мазкур имконият фароҳам меорад, то пешниҳодҳои илмӣ ва амалии таҳияшуда дар раванди қабули қарорҳои муҳими давлатӣ истифода гарданд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар самти рушди илму маориф, инноватсия ва таҳкими робитаи муассисаҳои таълимӣ санадҳо ва барномаҳои муҳим қабул гардидаанд, ки барои пешрафти ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён доир ба мавзуҳои “Ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот: уфуқҳои соҳибихтиёрии когнитивӣ”, “Механизмҳои ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши истеҳсолӣ дар заминаи стратегияҳои давлатӣ”, “Пайванди илм, истеҳсолот ва инноватсия дар ташаккули экосистемаи инноватсионӣ”, “Омода намудани мутахассисони таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар”, “Рушди илму маориф дар замони соҳибистиқлолии мамлакат” ва “Илм, технология ва инноватсия ҳамчун омили рақобатпазирии миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ” маърӯза ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир, ки бо пешрафти босуръати илму техника ва рақобати шадиди иқтисодӣ тавсиф меёбад, ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот ба як омили калидии рушди устувор ва инаватсионии ҳар як кишвар табдил ёфтааст. Ин сегонаи муҳим имкон медиҳад, ки донишҳои нави илмӣ ба техналогияҳои амалӣ табдил ёфта, тавассути системаи таҳсилот кадрҳои баландихтисос омода гарданд ва дар ниҳоят, ба афзоиши иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Инчунин қайд карда шуд, ки тайёр намудани мутахассисони касбу ҳунарҳои гуногуни ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ имрӯз дар сиёсати давлатии Чумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ бо афзоиш додани маблағгузории ҳамаи зинаҳои таҳсилот навгониҳоро пайваста ҷорӣ менамояд. Бо мақсади пешрафти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани нерӯи зеҳнӣ ва касбии коргарони кишвар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як раванди муҳим ва стратегӣ мебошад, ки ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунад. Барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои андешидашуда заминаи мустаҳкамеро барои ин ҳамгироӣ фароҳам овардаанд. Бо вуҷуди ин, барои баланд бардоштани самаранокии ин раванд, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор зарур аст. Таваҷҷуҳи бештар ба инноватсия, рушди технологияҳои нав ва омодасозии кадрҳои баландихтисос имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳадафи чоруми стратегии худ – саноаткунонии босуръат ноил гардад ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшад.
Дар фарҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва бахши истеҳсолот, инчунин ҷалби бештари сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон