(Тоҷикӣ) ИРТИБОТ ВА ЭЪТИМОД — ОМИЛИ МУҲИМИ ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

20 майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Иртибот, роҳбарӣ ва эътимод дар низоми идоракунии давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои такмил” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муҳаққиқон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ширкат варзида, дар мавзуи “Пешвои миллат ва эҳёи давлатдории миллӣ” суханронӣ кард.
Зимни суханронии худ Файзулло Баротзода нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули давлатдории навини миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва интихоби роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ махсус таъкид намуд.
Қайд гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон барои барқарории сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини суботу амнияти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ба гуфтаи мавсуф, маҳз ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз роҳи минбаъдаи рушди давлатдории миллиро муайян намуда, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шароити мусоид ба вуҷуд овард.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ пойдории истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди тафаккури дунявӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд. Дар ин замина зарурати таҳияи асосноккунии илмӣ-методологӣ ҷиҳати таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ва наздикшавии қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба ҳадафҳои миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Файзулло Баротзода инчунин иброз дошт, ки дар доираи тафаккури дунявӣ бояд барои рушди андешаи солим, муҳокимаронии мантиқӣ ва таҳкими фарҳанги сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мубориза бо андешаҳои тундрав ва тақвияти арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад.
Дар фарҷоми баромад зикр гардид, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, рушди давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон