(Тоҷикӣ) БАЙНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ВА АКАДЕМИЯИ ЧИНИ МУОСИР ВА ТАДҚИҚОТИ ҶАҲОНӢ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин натиҷаҳои назаррас ба даст овард. Дар натиҷаи ин сафар, 31 санади нави ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо гардид.
Ҳамзамон, роҳбарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин, зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чинро имзо карданд. Ин санад бо шиори «Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ» амали хоҳад дошт.
Яке аз натиҷаҳои муҳим ин имзои Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин мебошад.
Ҳадафи ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум ин аст, ки Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ин иқдом барои густариши имкониятҳои ҳарду тараф дар соҳаи тадқиқоти академӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидааст.
Ёддошти тафоҳум ҳамчунин имкон медиҳад, ки захираҳои таҳқиқотӣ муттаҳид ва истифодаи муштарак шаванд, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ байни марказҳои таҳлилии ду кишвар густариш ёбад. Ин раванд саҳмгузорӣ дар татбиқи модернизатсия бо усули чинӣ ва пешбурди ҷараёни саноатикунонии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2040-ро таъмин менамояд.
Татбиқи ин ҳамкорӣ заминаи устувори таҳқиқотӣ ва стратегӣ барои рушди иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Чин мегузорад.

 

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон