(Тоҷикӣ) БОРБАДИ МАРВАЗӢ ВА ҲИФЗИ МУСИҚИИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВИИ ФАРҲАНГӢ
“… бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 16.12.2025
Ҳифзи мусиқии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ раванди мураккабест, ки барои нигоҳдории ҳувияти фарҳангӣ, садоҳои беназир, созҳо ва анъанаҳо дар шароити бартарии фарҳанги мусиқии бегона ва стандартизатсияи сабкҳои мусиқӣ равона шудааст. Ҷаҳоншавӣ хатари бетафовут кардани хусусиятҳои миллиро ба бор меорад, аммо ҳамзамон воситаҳоеро барои пешбурди эҷодиёти маҳаллӣ дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Мусиқии халқӣ хотираи зиндаи як халқ аст, ки таърих, забон, арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти беназири онро нигоҳ медорад. Он хиради наслҳо, расму оинҳоро инъикос мекунад ва эҳсоси ҷомеаро ба вуҷуд меорад. Бе он ҳувият, рамзҳои фарҳангӣ ва робита бо решаҳо аз байн мераванд.
Дар замони шуравӣ ва шароити баъдишуравии инкишоф бо тақвият ёфтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва хусусан вестернизатсияи фарҳангӣ (ғарбикунонӣ) дар баробари модернкунонии соҳаҳои ҳаёт бахши фарҳанг низ зери таҳмили фарҳангӣ қарор гирифт. Дар зарфи якчанд сол таъсири тарҳи фарҳангӣ-мусиқии бегона ба шароити фарҳангии кишвар ба таври махсус эҳсос карда шуд. Сабкҳо ва навъҳои гуногуни мусиқӣ аз қабили поп, хипхоп, эстрада ва ахиран реп дар фазои фарҳангӣ-мусиқии кишвар таъсиргузор гадиданд.
Бо назардошти хатарҳои фарҳангӣ ба санъати миллӣ ҳукумати кишвар ба эҳё ва густариши жанрҳои мусиқии миллӣ аз қабили шашмақом, фалак ва овозхонии мардумӣ таваҷҷуҳӣ хос зоҳир намуд, ки дар воқеъ иқдоми шоён дар ҳифзи амнияти фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Ҳифзи мусиқии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ раванди мутобиқ кардани анъанаҳо ба шароити муосир тавассути тафсири нав, синтез бо технологияҳои нав ва оммавинамоии фаъол мебошад. Нигоҳ доштани оҳангҳои халқӣ ва дастрасии онҳо ба аудиторияи ҷаҳонӣ тавассути этно-фолклор, маориф ва мубодилаи фарҳангӣ муҳим аст.
Дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ эҳё ва посдории дастовардҳои фарҳангӣ-таърихӣ бо шумули мусиқии миллӣ аҳаммияти калон дорад. Бо назардошти ҳамин ҷиҳат, ки “фарҳанг ҳастии миллат аст”, мусиқии миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанг зарурат ба инкишоф ва муҳофизат дорад. Дар ин росто, шинохти мусиқидонони бостонии ниёгон ва бузурдошти онҳо дар шароити муосири таҳмилҳои фарҳангии зовияи филармонӣ зарур аст. Пайванд кардани шароити имрўзаи инкишофи мусиқии миллӣ бо дастовардҳо ва осори мусиқии бостонии миллат боиси ҳифзи хусусиятҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангӣ мегардад.
Вобаста ба фароҳам омадани чунин ҳолат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар санаи 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, ки “…бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Ҳамчунин афзуданд, ки “Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.”
Борбад мусиқидон, барбатнавоз, сароянда ва шоири давраи Сосониён буд. Ӯ дар Хуросон таваллуд шудааст ва дар он замон ӯро “гасан” меномиданд, ки маънояш “нависандаи суруд” аст. Яке аз омилҳое, ки Борбадро дар ҷавонӣ шукуфоӣ бахшид, равнақи мусиқӣ дар шаҳри Марв буд. Борбад узви як табақаи ҳунармандон буд, ки онҳоро “гасан” ва дар забони форсии миёна ё паҳлавӣ “хониёр” меномиданд. Ин ҳунармандон достонҳои Эрони қадимро азёд карда, ба шеър табдил медоданд ва онҳоро дар шакли суруд ва ҳамроҳ бо созҳо месароиданд. Борбад яке аз машҳуртарин мусиқидон дар замони худ буда, бо додани маънои нав ба достонҳо, ӯ тағйироти бузурге дар шеър ва иҷрои мусиқӣ ба вуҷуд овард.
Бояд гуфт, ки аз замони Куруши Кабир то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд. Омӯзиши масъалаҳои консептуалӣ дар таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи жанрҳои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ, инчунин таҳқиқи ҷанбаҳои каммаълуми шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии анъанавӣ ташаббусҳое мебошанд, ки таҳқиқоти амиқи муқоисавии таърихиро талаб мекунанд..
Барои аҷдодони тоҷикон мусиқӣ ва ҳунар санъати воло ҳисобида мешуданд, ки орзуҳо, амалҳо ва андешаҳои мардумро бо тарзи ғанӣ ифода мекарданд. Вобаста ба ин дар шароити навин ба кори асосгузорони мусиқии анъанавӣ, ки пешқадами онҳо Борбади Марвазӣ, мусиқидони Шарқ буд, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, осори вай аз умқи таърих ва сарчашмаҳои қадим мавриди омўзиш қарор дода мешавад.
Борбад дар рушд ва ғанӣ гардонидани санъати эҷод ва иҷрои мусиқии касбӣ, васеъ кардани доираи сабкҳо ва тамоюлҳо дар иҷро, шаклҳо, жанрҳои мусиқӣ ва шеър нақши муҳим бозидааст.
Борбад ҳамчун як донандаи мусиқӣ барои ҳар рӯзи ҳафта оҳанг эҷод мекард ва ин ҳафт оҳанг бо номи Тариқ ал-Мулукия маълуманд. Борбад инчунин 30 оҳанг эҷод кардааст, ки ба шумораи рӯзҳои моҳ ва 360 оҳанг мувофиқанд, ки ба шумораи рӯзҳои сол рост меоянд.
Мақомхонӣ ва фалаксароӣ намунаи маҳсули эҷоди гузаштагони дури мо, аз ҷумла Борбади Марвазӣ буда, дар тӯли таърих таҳаввулу ташаккул ёфтааст ва дертар дар шакли дувоздаҳмақому шашмақом маъмул гардидааст.
Баробар бо ривоҷи мақомхонӣ тавассути ҳунармандон асбобҳои нодири мусиқӣ барои ин навъи санъат пайдо шуданд, ки асрҳост ба қалби одамон шодиву сурур ва рӯҳу илҳом мебахшанд. Ба ҳамин монанд дар сарзамини тоҷикон намунаҳои зиёди касбу ҳунарҳо пайдо шудаанд, ки қисме аз онҳо то замони мо расидаанд ва баъзеяшон бояд эҳё карда шаванд.
Дар робита ба ҳолатҳои мазкур омўзиши осори таърихии мусиқӣ дар чорчубаи барномаи давлатии рушди мусиқии миллӣ муҳим буда, корбурди осори мусиқии Борбади Марвазӣ ва истифодаи исми ин шахсият дар ниҳодҳои мухталифи мусиқии кишвар иқдоми муҳим аст.
Карим Қ.Н.,
сардори Раёсати коргузорӣ ва
назорати Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.