18 апрели соли 2026 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозагӣ ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастгирии ибтикороти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии пойтахт роҳандозӣ гардид.
Зимни ҳашар кормандон утоқҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, инчунин гирду атрофи бинои Марказро аз партову хазонрезаҳо тоза намуда, бехи дарахтон ва ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карданд ва ба муҳити атроф ҳусни тоза бахшиданд.
Ин иқдом бозгӯи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳми фаъолонаи кормандони Марказ дар татбиқи сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар ва ободонии пойтахти мамлакат мебошад.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон