(Тоҷикӣ) РУШДИ СОҲАҲОИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР – ШАҲРИ ДУШАНБЕ (бахшида ба рӯзи Пойтахт ва 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ)

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар таърихи давлатдории ҳар як халқу миллат Пойтахт яке аз рамзҳои муҳим ба ҳисоб рафта, симои давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки халқу миллати тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ бо истифода аз санъати меъмории хусусиятҳои миллидошта шаҳру пойтахтҳо бунёд намудаанд, ки аз он шаҳри Душанбе ба насли имрӯз мерос мондааст. Чуноне таърихшиносон қайд менамоянд, номи Душанбе бори аввал дар мактуби хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи рус Федор Алексеевич ёд мешавад. Ин мактуб имкон медиҳад, ки бо назардошти қонунҳои илми таърих, шаҳри Душанберо дорои таърихи 400-сола гӯем. Тибқи сарчашмаҳои дигари таърихӣ Душанбе (солҳои 1929–1961 Сталинобод) яке аз ҷавонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бошад ҳам, дар ҳудуди имрӯзии он тақрибан 2300–2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол маркази сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, дар саросари ҷаҳон яке аз шаҳрҳои зебо ва бехатар пазируфта шудааст. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат дар муттаҳидсозӣ ва ташаккули неруҳои пешбарандаи ватан нақши калон дошта, барои рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар саҳми назаррас мегузорад. Ин аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои орому осуда ва ботантана гузаронидани чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд доир мегардад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад, ки соли равон ин рӯз ба 18 апрел рост меояд.

Маврид ба қайд аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар саросари кишвар, аз ҷумла, дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои бунёдкориву созандагӣ, бунёди инфрасохтори наву замонавӣ ва ғайраҳо корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлол ва пойтахти кишвар вазифаи худро барои рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, бахусус, маорифу тандурустӣ бо муваффақ иҷро намуда, ҷиҳати пешрафти ин соҳаҳои калидӣ саҳми калон дорад.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат мебошад, ки рушди он аз омилҳои гуногун вобаста буда, рушди босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи кишвар доимо дар зери назорати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, омода намудани мутахассисони касбҳои гуногун, тақвият бахшидани заминаи моддию техникии соҳа чораҳои зарурӣ ва саривақтиро меандешанд. Ин иқдом дар саросари кишвар, аз ҷумла, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо маром роҳандозӣ мегардад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Душанбе 178 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла, 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 72 муассисаи томактабии хусусӣ ва 10 муассисаи томактабӣ дар назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 36613 нафар тарбиятгирандагон ва 2153 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд. Ин шумора дар соли 2021 – 141 ададро ташкил медод, ки аз он 93 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 37 муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 муассисаи томактабӣ дар назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 28063 нафар кӯдак ва 1630 нафар мураббияҳо фаъолият мекарданд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар соли 2010 ҳамагӣ 137 ададро ташкил дода, дар он 18632 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шуда буданд.

Дар соли 2025 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе 208 ададро (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус) ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 172 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 36 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ мебошад. Дар маҷмуъ, дар ин муассисаҳои давлатӣ 320712 нафар хонанда, аз ҷумла, 168968 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Шумораи умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба 12852 нафар баробар гардидааст.

Соли 2020 бошад, шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти миёна 182 ададро ташкил дода, аз он 158 адад муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 24 адад муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо фарогирии 253205 нафар хонанда фаъолият менамуданд ва шумораи умумии омӯзгорон 11080 нафарро ташкил медоданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давоми нуҳ соли охир бо бунёди беш аз 54 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 94,2 ҳазор хонанда дар ду баст ва 42 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 8,5 ҳазор тарбиятгиранда бевосита аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони саховатманди пойтахти азизамон шароити мусоиди таҳсил ва корӣ фароҳам оварда шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Ин аст, ки дар соли 2025 танҳо хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ, дар маҷмуъ 304 нафар иштирок намуда, аз онҳо 110 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 10 нафар бо медали тилло, 28 нафар бо медали нуқра ва 72 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Албатта, чунин натиҷаҳои назаррас дар байни хонандагони синфҳои поёнӣ низ мушоҳида мешаванд.

Самти дигари рушди соҳаи маорифи пойтахти кишварамон рақамикунонии соҳа ба ҳисоб рафта, айни замон дар самтҳои гуногуни он дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” фаъолияти босамар идома дошта, дар бахши маориф “таълими ҳушманд” ба роҳ монда шудааст. Дар доираи “таълими ҳушманд” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” ҷорӣ гардидааст, ки марҳилаи нави рақамикунонии низоми таҳсилот ба шумор меравад. Ҳадафи асосии барномаи электронии “eDonish” баланд бардоштани сатҳи идоракунии муассисаҳои таълимӣ равона гардида, дар он давомот ва даромаду баромади хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ назорат гардида, барои муайян намудани рейтинги хониши мактаббачагон ба муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ёрӣ мерасонад.

Айни замон, бо ҷорӣ намудани барномаи мазкур татбиқи рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсӣ, қайди давомот ва низоми рейтинг, истифодаи дафтару журналҳои коғазӣ ба ҳадди ақал расонида шудааст ва маълумотҳои ба даст омада дар шакли рақамӣ сабт ва ҳифз карда мешаванд. Ҳоло аз 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, 194 муассиса ба барномаи «eDonish» пайваст мебошанд, ки 93,3%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии корбарони барнома аз ҳисоби омӯзгорон ба 14 292 нафар, хонандагон 309 025 нафар, волидайн 288 461 нафарро ташкил дода, ба барномаи электронии мазкур пайваст карда шудаанд.

Вазъи демографӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои беҳтар намудан ва рушду фаъолияти он дар саросари кишвар, аз ҷумла дар пойтахти азизамон пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ вазъи демографии шаҳри Душанбе давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтар гардида, аҳолии он то 1 январи соли 2025-ум ба 1267,5 ҳазор нафар баробар гардидааст. Ин шумора дар соли 1991 – 584,3, соли 2000 – 561,2, соли 2010 – 724,0 ва соли 2020 – 863,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Суръати афзоиши табиии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон, афзалиятҳои соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, рушди захираҳои инсонӣ, азнавсозии инфрасохтори соҳа, пешгирии бемориҳои гуногун, рақамикунонӣ, рушди соҳаи дорусозӣ ва ғайра равона гардидааст. Ҷиҳати пешбурди соҳаи мазкур дар пойтахт Раёсати тандурустии шаҳр фаъолият менамояд, ки самтҳои фаъолияти он бевосита ба афзалиятҳои дарҷгардида равона гардидааст.

Яке аз вазифаҳои асосии он таъмини муассисаҳои тиббии шаҳр бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбии тиб мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар муассисаҳои тиббии пойтахт дар соли 2024 ҳамагӣ 8943 нафар табибон ва 12312 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд, ки ба 10 000 нафар аҳолӣ 71,3 табиб ва 98,1 нафар кормандони миёнаи тиб рост меояд. Ин шумора даҳ сол пеш, яъне дар соли 2014 табибон 6282 нафар ва кормандони миёнаи тиб 6453 нафарро ташкил медоданд, ки ба 10 000 нафар аҳолӣ 79,7 табиб ва 81,8 нафар корманди миёнаи тиб рост меомад.

Дар соли 2025 аз шумораи умумии субъектҳои хусусии тиббӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ 919 ададро ташкил медиҳанд, дар шаҳри Душанбе 274 адад бо 11 филиал фаъолият доранд. Ҳамзамон, аз 138 адад муассисаҳои бистаринамоӣ 32 адад дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, ки дар онҳо 663 кати бистаринамоӣ мавҷуд аст. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3492 муассисаи фарматсевтӣ дорухонаҳо фаъолият намуда, аз он 804 адад дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.

Дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ бошад, шаҳрдории пойтахт ва Раёсати тандурустии шаҳр дар доираи ташаккули ҳукумати электронӣ ва тадбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 тасдиқ шудааст, амалӣ гардида истодааст.

Дар умум, бояд қайд намуд, ки имрӯз соҳаҳои гуногуни иҷтимоии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бомаром рушд ёфта, давра ба давра ба пешравиҳои назаррас ноил гардидани он сокинону меҳмононро рӯҳбаланд мегардонад.

 

Сарчашмаҳои истифодашуда

  1. Ғафуров А. Аз таърихи шаҳри Душанбе. https://amit.tj/tj/az-tarikhi-shakhri-dushanbe-0 (санаи муроҷиат 14.04.2026).
  2. Минтақаҳои ҶТ. Маҷмуаи оморӣ. 2025, -337 с.
  3. Натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021: нишасти матбуотӣ. https://dsc.tj/nati-a-oi-rushdi-i-timo-i-tisodii-sha/ (санаи воридшавӣ 14.04.2026).
  4. Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. https://www.facebook.com/DUSHANBECAPITAL/posts/ (санаи муроҷиат 14.04.2026).
  5. Тандурустӣ дар ҶТ. 30-соли Истиқлолияти давлатӣ. Маҷмуаи оморӣ. 2021, -147 с.
  6. Тандурустӣ дар ҶТ. Маҷмуаи оморӣ. 2025, -85 с.
  7. Ҳисоботи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, с. 2025.

Назирова М.Н. – муовини

сардори Раёсати таҳлили

масъалаҳои иҷтимоӣ