(Тоҷикӣ) БАРРАСИИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР КУРСИ ОМӮЗИШӢ БО ИШТИРОКИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

15 апрели соли 2026 дар Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и шаҳри Ҳисор, дар доираи татбиқи барномаи “Худшиносӣ омили таҳкими Истиқлол ва давлатдории миллӣ”, бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни курси мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” маърӯза намуд. Зимни баромади худ ӯ таъкид кард, ки ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили калидии устувории давлатдорӣ ба шумор рафта, танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдат ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ метавон истиқлоли давлатиро пойдор нигоҳ дошт. Ҳамзамон, мавсуф нақши ҷавонон ва занонро дар раванди бунёди ҷомеаи муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки курси омӯзишӣ ба густариши ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст.
Дар анҷоми курси омӯзишӣ иштирокчиён доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда иброз доштанд.
Бояд қайд намуд, ки курси омӯзишӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ, инчунин мушаххас намудани самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза, аз 13 апрел оғоз гардида, то 18 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.
  
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон