(Тоҷикӣ) УЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ДУРНАМОҲОИ НАВИ ИТТИФОҚ ВА ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Имрӯз, 12 марти соли 2026, дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Узбекистон, дар Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Узбекистон — Тоҷикистон: дурнамоҳои нави иттифоқ ва ҳамкории минтақавӣ» баргузор мегардад.
Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Маркази байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар ҷараёни форум вазъият ва дурнамоҳои ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, пешниҳодҳое таҳия мегарданд, ки ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба равона шудаанд.
Дар кори конференсия намояндагони расмӣ, сохторҳои парлумонӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, мутахассисони муассисаҳои таҳлилӣ ва илмӣ-таҳқиқотии ҳар ду кишвар, инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва марказҳои фарҳанги миллӣ иштирок хоҳанд кард.
Чорабинӣ дар се бахши мавзӯӣ баргузор мешавад: «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: ба сифати нави шарикии иттифоқӣ»; «Имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ»; «Тақвияти ҳамкории ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ».
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ
при Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон