(Тоҷикӣ) МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИРО ОИД БА ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ БАРГУЗОР НАМУД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 11 марти соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Масоили амалии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» бо иштироки кормандони Марказ баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба аҳаммияти гузариш ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ватанӣ дар самти татбиқи ҳукумати рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои рақамикунонии идоракунии давлатӣ, ташаккули низоми бюрократияи электронӣ ва бартариҳои гузариш ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар рафти чорабинӣ инчунин ҷанбаҳои амалии истифодаи низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва тарзи дурусти корбарии он ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, аҳаммияти ин раванд барои такмили фаъолияти идоракунӣ ва рушди ҳукумати рақамӣ таъкид гардид.

Раёсати коргузорӣ ва назорати
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон