(Тоҷикӣ) ҲАМОИШИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6 марти соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар мизи гирд таҳти унвони «Саҳми занон дар ташаккули арзишҳои миллӣ (бахшида ба таҷлили 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Марказ Хайриддин Усмонзода, ифтитоҳ намуда, бонувони муассисаро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуда, зикр кард, ки ин рӯз рамзи эҳтиром, муҳаббат ва қадршиносии модарон мебошад ва нақши беназири онҳо дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷгузорӣ мегардад.
Хайриддин Усмонзода дар суханронии худ модаронро на танҳо сарчашмаи ҳаёт ва оила, балки пояи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа номид. Ба гуфтаи ӯ, модарон бо меҳру садоқат ва матонат насли ояндаро тарбия намуда, бо ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ дар пешрафт ва созандагии давлат саҳм мегузоранд.
Ҳамчунин зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Ин сиёсати давлат заминаи устувори рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварро таъмин менамояд.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода бонувонро ташвиқ намуд, ки бо илҳоми модарона ва ҷасорати хоса дар корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, ҳисси масъулият ва созандагии худро барои бунёди ҷомеаи муосир ва пешрафтаи Тоҷикистон ба кор гиранд. Дар анҷом, ӯ ба ҳамаи модарон саломатӣ, саодат, хушбахтӣ ва комёбиҳои беандоза орзу кард ва таъкид намуд, ки эҳтиром ва қадрдонӣ аз модарон бояд ҳар рӯз таҷассум ёбад.
Дар ҷараёни мизи гирд мутахассисони Марказ бо маърузаҳо дар мавзӯъҳои «Антропологияи созандагӣ – зани тоҷик ҳамчун созандаи арзишҳои миллӣ», «Нақши занон дар рушди иқтисоди миллӣ: аз арзиши маънавӣ то неруи стратегии давлатдорӣ» ва «Нақши занон дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ» баромад намуданд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯриҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷомеаи пешрафта бидуни иштироки фаъолонаи занону бонувон рушд карда наметавонад. Зеро занону духтарон қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта буда, маҳз бо дарназардошти ҳамин нақши сарнавиштсоз, Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Имрӯз фаъолияти пурсамари занону бонувон дар тамоми зинаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ баръало мушоҳида мешавад. Онҳо ҳамчун аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин дар соҳаҳои бонкдорӣ ва соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Дар бахши музокира иштирокчиён дар бораи мақому манзалати Зан Модар андешаронӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба бонувон гулдастаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамоиш таъкид намуд, ки эҳтиром ва қадрдонии модарон бояд ҳар рӯз таҷассум ёбад ва саҳми занон дар рушди ҷомеа ҳамеша қадр карда шавад.








Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон