(Тоҷикӣ) АҲАММИЯТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР ҶОМЕАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

“Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хоссаи худро ба базургию зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи байналмилалии занон ҳар сол 8-уми март дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин рӯз на танҳо ҳамчун ҷашни зебоӣ ва меҳрубонии занон, балки ҳамчун рамзи мубориза барои ҳуқуқ, баробарӣ ва қадршиносии нақши зан дар ҷомеа маъруф аст. Таърихи пайдоиши ин ид ба аввали асри ХХ бармегардад, вақте ки занон барои беҳтар шудани шароити кор, ҳуқуқи овоздиҳӣ ва баробарии иҷтимоӣ мубориза мебурданд.
Дар ибтидо ин рӯз ҳамчун ҳаракати иҷтимоӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои занон оғоз ёфт. Бо гузашти вақт, он ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар он саҳми занон дар рушди ҷомеа, илм, фарҳанг ва иқтисод қадр карда мешавад. Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон дар бисёр кишварҳо ҳамчун иди давлатӣ ё ҷашни муҳими иҷтимоӣ таҷлил мегардад.
Занон дар ҷомеа нақши бисёр муҳим доранд. Онҳо ҳамчун модар, омӯзгор, табиб, муҳандис, олим ва роҳбар дар пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз меҳрубонӣ, сабр ва хирадмандии занон ба тарбияи насли солим ва пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи зан-модар боло рафта, имкониятҳои нав барои фаъолият, таҳсил ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занони тоҷик бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият дар рушду нумуи кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Маҳз бо саҳми зан-модар омӯзиши муҳаббат, садоқат ба Ватан эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва посдории арзишҳои миллӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, таҳкими мақоми зан-модар на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳимми пешрафти соҳаҳои гуногуни давлат ва ҷомеаи соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Тазаккур бояд дод, ки рушди иқтисодӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бо иштироки фаъоли занон дар ҷомеа ба таври назаррас арзёбӣ мегардад. Имрӯз занон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, барои пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо на танҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, балки дар иқтисод, соҳибкорӣ, илм ва идоракунии давлатӣ низ нақши муҳим доранд.
Имрӯз бисёре аз занон лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодии худро пешниҳод намуда, барои рушди ҷомеа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум талош мекунанд. Иштироки фаъолонаи занон дар чунин ташаббусҳо нишон медиҳад, ки онҳо қодир ҳастанд дар пешбурди корҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Воқеан ҳам, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар усули идоракунии демократиро ҳамчун шакли тамаддун қабул намуд ва истифодаи баробарии имкониятҳоро барои рушди занон дар баробари мардон муҳайё сохт. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ дар таъмини ҳуқуқу имкониятҳои занон нақши муҳим бозида, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Санадҳои мазкур бозгӯи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа мебошанд. Аз ҷумла, муҳимтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт инҳоянд:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли1994;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.
Имрӯз занони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, ки ин аз масъулияти баланди ватандорӣ ва аҳаммияти баробарии гендерӣ дар сиёсати кишвар шаҳодат медиҳад. Бо иштирок дар кори муассисаҳои давлатии сатҳҳои гуногун, онҳо на танҳо ба татбиқи сиёсати нав мусоидат мекунанд, балки ҳамчун шахсиятҳои бонуфуз ва намунаҳои илҳомбахши ватандӯстӣ барои насли оянда намунаи ибрат мегарданд.
Ҳамзамон, занон дар ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ нақши муассир гузошта, ташаккули онҳо то андозае ба фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии занон вобастагӣ дорад. Занон ҳамчун ҳомиёни анъанаҳо, расму ойинҳо ва арзишҳои маънавӣ дар тарбияи насли наврас ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки зани тоҷик бо покӣ ва зебоӣ, шаъну шараф, фурӯтанӣ ва дониш ба ҳаёти ҷомеа тозагӣ ва покӣ меорад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба таҳсилоти занон аҳаммияти махсус дода, кӯшиш мекарданд, ки занонро дар ҷомеа пешрав гардонанд. Зеро занон олиҳае мебошанд, ки дар садафашон ганҷҳои гаронбаҳои инсоният, рушд ва такмил ёфта, ҷаҳонро равшан месозад.
Нозимзода Файзулло Ҳамро,
сармутахасиси Раёсати таҳлил ва
ояндабини масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон