(Тоҷикӣ) БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-ТАҲЛИЛӢ ДАР МУЛОҚОТИ НАВБАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЧИН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

25 феврали соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ, тақвияти табодули иттилоот ва таҳкими робитаҳои дуҷониба мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар мулоқот мушовири директори Марказ Саидмурод Фаттоҳзода ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Бахтиёр Ҳамдамов бо сардори шуъбаи сиёсати Сафорат Ли Нан, котиби якум Лю Янбин ва атташеи Сафорат Ли Тсзэнъюй суҳбати судманд анҷом доданд.
Зимни суҳбат Саидмурод Фаттоҳзода намояндагони Сафоратро ба муносибати Соли нави суннатии Чин бо тақвими қамарӣ – Иди бостонии Баҳор табрик гуфта, изҳор дошт, ки Соли Аспи оташбор рамзи нерӯ, тавоноӣ ва ҳаракат ба пеш мебошад. Ӯ ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот ва пешрафти пойдор орзу карда, саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар пешбурди ташаббусҳои глобалии созанда баланд арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ пайваста рушд ёфта, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки музокироту тамосҳои сатҳи олӣ дар оянда ба ғанӣ гардидани муҳтавои амалии ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.
Дар заминаи ҳамкориҳои илмӣ байни Марказ ва ниҳодҳои таҳлилӣ ва зеҳнии Чин як қатор шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расидаанд, ки барои густариши таҳқиқоти муштарак ва табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамзамон, дар солҳои 2024–2025 як силсила чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла конфронсҳо, форумҳо ва мулоқотҳои расмӣ бо ҳайатҳои илмӣ ва сиёсии Чин баргузор гардиданд. Чорабиниҳо дар доираи барномаҳое, ки ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ мусоидат мекунанд, шакл гирифтаанд.
Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба сатҳи нав расидааст. Онҳо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун шарикони стратегӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва илм ҳамкориҳои мутақобилан судманд доранд. Ҳамзамон, омодагии ҷониби Чин барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар самти таҳлил ва тадқиқоти илмӣ, изҳор карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва тавсеаи равобити стратегӣ таъкид намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон