(Тоҷикӣ) ҶОЙГОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМ
“Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Паёмҳои солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба шумор меравад. Паём дар доираи васеъи масъалаҳои сиёсию иҷтимоии кишвар ироа гардида, ҳамчун дастури мукаммал ва фарогири тамоми соҳаҳо, нақшаҳо ва барномаҳои соли минбаъдаро муайян менамояд. Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 аз бинои «Парламент» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паём дар он зоҳир мегардад, ки дар он бевосита ба муътамадтарин факту рақамҳои соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва иҷтимоиёт такя карда мешавад. Тавре аз Паём бармеояд, ҳар нуктаи иброзгардида, иборат аз таҳлили амиқи ҳамаҷонибаи соҳаҳо буда, ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад. Коршиносони ватанӣ қайд менамоянд, ки тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия, консепсияву стратегияҳои соҳавӣ ва Паёмҳои солонаи Президенти кишвар ҳамчун санади ҳаётан муҳим сарчашма мегиранд.
Ҳамасола дар Паём нуктаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ аз қабили баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, баррасии масоили иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф, забон, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, дар сиёсати хориҷӣ масоилӣ вазъи кунунии минтақа, масоили байналмилалӣ ва монанди инро дар бар мегирад.
Қобили таъкиди хос аст, ки ҷавҳари рушди тамоми соҳаҳо ба масъалаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагии зич дорад, ки дар Паёмҳои Президенти мамлакат ҳамасола баррасӣ мегарданд. Ваҳдати миллӣ ва суботи мамлакат масъалаҳои тавъам алоқаманд буда, дар ҳар давр бақои минбаъдаи давлат ба он алоқамандӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ ин падидаи мураккаби иҷтимоӣ сиёсист, ки дар ҷавҳари он масъалаи муттаҳид будани аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат барои ҳифзи манофеи миллӣ ва рушди давлатдорӣ меистад. Ҷузъи муҳимми ваҳдати миллиро сулҳу субот ташкил медиҳад. Дар таърихи ҳар миллату давлат лаҳзаҳои ҳассос меистад, ки маҳз бо мавҷуд будани ваҳдати миллӣ ин масъалаҳо роҳи ҳалли доимии худро меёбанд. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки ваҳдати миллӣ рукни аслии таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун маҳаки асосии пешрафти давлати соҳибистиқлол ва ҳамзамон рукни асосии татбиқи ҳадафҳои бузурги созандаи кишвар маҳсуб меёбад.
Ба ибораи дигар ваҳдати миллӣ омили таъмини сарҷамъии миллат дар зери ҳадафҳои умумимиллӣ мебошад. Ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз авлавиятҳо дар сиёсати давлат ба шумор рафта, дар шароити кунунӣ ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ, таҳкиму густариши якпорчагии кишвар ва давлатдории миллӣ аз ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани имиҷи мусбати кишвар низ ба таҳкими ваҳдати миллӣ алоқаманд аст.
Шароити пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз ва пайдоиши хатарҳои нав ба нав дар зиндагии инсоният масъалаи аҳаммият ва таҳкими бештари ваҳдати миллиро ба миён мегузорад. Ҳамин аст, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз бомдоди таърих давлатдор буданд, ки инро дар мисоли шоҳаншоҳи ориёӣ – Куруши Кабир ва эъломияи он дидан мумкин аст. Қобили таъкид аст, ки 2500 сол пеш дар Эъломияи Куруши Кабир сулҳу ваҳдат ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, амнияти ҷомеаро ба он рабт доданд.
Зарурият ва муҳиммияти ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар он манфиати умумимиллӣ нуҳуфта шуда, ифодагари манфиатҳои тамоми халқ аст. Аз ин лиҳоз масъалаи ваҳдати миллӣ хусусияти универсалӣ дошта, ҷиҳати бақои минбаъдаи давлат нақши бориз дорад. Танҳо дар ҳолати таъмин будани ваҳдати миллӣ, поянда нигоҳ доштани давлат мумкин аст.
Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки дар аксар кишварҳо масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботи сартосарӣ ба якчанд омили дигар тавъам алоқаманд аст. Ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои муваззафро зарур аст, ки таҳдидҳоро ба ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ пешгирӣ ва бартараф намоянд. Давлатҳое, ки ба таъмини ваҳдати миллӣ муваффақ шуданд, рушди тамоми соҳаҳои дигарро барои оянда танзим намуданд. Акнун замони он фаро расидааст, ки мо дарк намоем, ки таҳкими ваҳдати миллӣ шарти ҳатмии зиндагии минбаъадаи тамоми қишри ҷомеа аст. Таҷрибаи начандон дури таърихии миллати мо нишон медиҳад, ки дар такя ба ваҳдати миллӣ мо тавонистем роҳи минбаъдаи рушдро тай намоем. Дар ин росто мо аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабақи махсуси таърихи гирифтем. Ин ҳодисаи нангин бори дигар ба мо аҳаммияти ваҳдати миллиро собит сохт.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих ва таммадуни миллат метавонад ба раванди таҳкими ваҳдати миллӣ замина гузорад.
Ҳамин аст, ки имсол Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи нақши қонунгузорӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нигоҳи ҷиддӣ андохтанд. “Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад”.
Аз ин лиҳоз, таҳлили фарогир ва пайвастаи қонунгузорӣ дар кишвар таъкид гардида, такмили онҳо дар ин росто ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ишора гардид. Ҳамчунин такмили қонунгузорӣ ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар замина мегузорад. Ҳамзамон дар масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ба қонунгузорӣ аз ҷониби коршиносон низ нигоҳ андохта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз нақши ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба таҳкими сулҳу суботи мамлакат ёдрас шуда, таъкид доштанд, ки маҳз риояи ҳамаҷонибаи қонунҳои ҷории кишвар ба ваҳдати миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ замина мегузорад.
Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон изҳор намуданд, ки ”Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”.
Ҳамин тавр дар баробари дигар масъалаҳо нақши ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ дар Паёми Президенти мамлакат мақоми хос касб кардааст. Тамоми дастовардҳои кунунии миллати тоҷик аз сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи асосии бунёдкорӣ ва сарҷамъии мардуми мо иброз мегардад. Зарурати ваҳдати миллиро коршиноси ватанӣ Усмонзода Х,У., чунин иброз медорад, ки : “Маҳз бо такя аз мафкураи ваҳдатгароӣ, низоми имрӯз ҷории кишварамон барои дар мизони эътидол нигоҳ доштани унсурҳои шарикии низоми истеҳсолоти давлатию хусусӣ бо ҳамоҳангсозии онҳо бо хусусиятҳои маҳаллӣ кӯшиш менамояд”. Заминаи муҳимми рушди мамлакат аз ваҳдати миллӣ вобаста буда, бо ташаккули хатарҳои нав он аҳаммияти аввалиндараҷаро касб мекунад. Акнун замони ташаккули ҳар чи бештари мафкураи ваҳдатгароӣ фаро расидааст, то ки мо тавонем дар якҷоягӣ хатарҳои ҷаҳониро пешгирӣ намоем.
ШАРИФХОНЗОДА МОҲИРА
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон