(Тоҷикӣ) АРЗЁБИИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲИБКОРӢ, БАХШИ ХУСУСӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ: АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат натанҳо яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, балки яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мо, ироа шудани Паём аз ҷониби Роҳбари давлат ва дар доираи он мустақилона муайяну мушаххас намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бешубҳа баёнгари амалӣ шудани мақсаду Ҳадафҳои Рушди устувор дар кишвар мебошад.
Зеро ҳамасола дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои аҳаммияти стратегидоштаи Паёми Пешвои миллат, яъне аз Паём то Паём, тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа ба дастоварду пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини рушди тамоми бахшҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.
Аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун як ҳуҷҷати фарогири воқеан амалишаванда, барномаи мушаххаси кории тамоми ниҳодҳо, таҳлилу арзёбикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, муайянкунандаи самтҳои асосии рушди устуворӣ ҳар як соҳа, инчунин ироакунандаи дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу тавсияҳои зарурӣ ҷиҳати ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина таъмини дурнамои рушди устувори кишвар унвон намуд, зеро ҳамасола дар натиҷаи татбқи вазифаҳои дар Паём ироагардида, тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бахши иқтисодии мамлакат ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.
Масалан, соли 2025 маҳз иштироки фаъоли бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя имкон фароҳам овард, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ин давра муътадил нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқии иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,4 дарсад таъмин гардад.
Пешбинӣ гардидааст, ки чунин тамоюли рушди иқтисодиёт сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, натанҳо дар соли 2026, балки дар маҷмуъ панҷ соли минбаъда низ нигоҳ дошта шуда, дар ин замина ҳаҷми ММД накамтар аз ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам карда шавад.
Тавре ки ба мову шумо маълум аст, ҳамасола дар баробари дигар бахшу соҳаҳо, таҳлилу амиқу дақиқи вазъ ва дурнамои рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дастовард ва масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодиёт яке аз бахшҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Зеро ҳоло дар мамлакат 80 дарсади истеҳсоли молҳо ва 70 дарсади шуғли аҳолӣ бевосита аз ҳисоби бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар таъмин мегардад.
Ногуфта намонад, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат вожаҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ 31 маротиба зикр гардида, ки ин нисбат ба Паёми соли 2024-ум 24 фоиз бештар аст.
Зимни ибрози чунин вожаҳо, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ, ки санаи 28 декабри соли 2024 сурат гирифта буд, дар баробари дастоварҳои дигар самтҳо, аз нақши барҷастаи соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ёдовар шуда, саҳми соҳибкорони мамлакатро дар иҷрои ҳамаи корҳои хайру ободонӣ ниҳоят бузург хонда, ба онҳо барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Дар ин раванд, бо дарназардошти нақши муҳим доштани бахши зери таҳқиқ қароргирифта, масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки дар соли 2025-ум ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд, ки муҳимтарини онҳоро дар маҷмуъ чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ;
- Тавассути такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо ба истиснои хавфҳои андозӣ, боз ҳам маҳдуд намудани шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо;
- Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт эълон намудани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»;
- Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1-уми январи соли 2027-ум эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
- Таҳия ва қабул намудани “Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040;
- Андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъсис додани ташкилотҳои қарзӣ ва зиёд кардани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст;
- Ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
- Дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи саноат;
- Дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар самти коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат;
- Баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ғайра.
Акнун саволи матраҳ ин аст, ки то кадом андоза мақсаду вазифаҳои нави гузошташуда ҳаллу фасл гардида, дар ин замина ин бахши муҳимми иқтисодиёт, ҳамчун омили муҳимми расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат, ба кадом дастоварду комёбиҳои нав дар соли 2025-ум ноил гардид?.
Бинобар ин, ман мехоҳам диққати Шуморо ба дастоварҳои ин бахши муҳимми иқтисодиёт дар давоми соли 2025, ки заминаи асосии онро ҳалли масъалаҳои дар Паёми соли 2024 пешниҳод гардида, ташкил медиҳад, ҷалб намоям.
Тибқи таҳлилҳо соли 2025-ум дар натиҷаи татбиқи босамари дастуру супоришҳо ва таклифу ҳидоятҳои зарурии дар Паёми соли 2024-ум манзур намудаи Пешвои миллат, ин бахши муҳимми иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Ба фаъолият оғоз намудани намояндагии Ассотсиатсияи федералии соҳибкории хурду минаи Олмон дар Душанбе. Зикр намудан ба маврид аст, ки ниҳоди мазкур дар заминаи 300 намоядагиҳо беш аз 3,3 миллион корхонаҳои хурду бузурги Олмонро дар худ мутаҳид сохта, бо ин мақсад ҳамасола дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз 2000 конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳои мусоидаткунанда ба рушди соҳибкории хурду миёна баргузор менамояд;
- Ба фаъолият оғоз намудани ҶСП “Фридом Бонки Тоҷикистон” дар заминаи «Фридом Бонки Қазоқистон». Пешбинӣ гардидааст, ки дар доираи фаъолияти муассисаи мазкур лоиҳаҳои оғози фаъолият, яъне стартапҳо аз ҳар ду ҷониб пешниҳодгардида барассӣ ва дастгирӣ карда шаванд, ҳамзамон хизматрасони молиявии инноватсионӣ аз ҷумла ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамии автомобилӣ, ҳуҷҷатҳои рақамӣ, бонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ ва дигар хидматрасониҳои муосир аз ҷумла ҳадафҳои асосии бонки мазкур ба ҳисоб меравад;
- Ба фаъолият оғоз намудани IT Park дар Душанбе. Бояд қайд намуд, ки парки мазкур якумин маркази мукаммали инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёт ва технологияҳои рақамӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, дар доираи он, бахусус барои стартапҳо, яъне оғози фаъолияти соҳибкорӣ кафолату имтиёзҳои зарӯрӣ пешбинӣ гардидааст;
- Эълон гардидани маратория ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз барои давраи то соли 2027. Ногуфта намонад, ки иқдоми мазкур 5-мин ташаббусӣ Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад;
- Тавсиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия»; - Ба тавсиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030”. Бо ин мақсад танҳо дар соли 2025-ум 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум, аз ҷумла шумораи гарантҳо 80 адад ва ҳаҷми мабалғгузорӣ бошад 3 баробар зиёд мебошад;
- Таҳияи «Стратегияи ҷалби сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040». Ҳадафи асосии стратегияи мазкур, мусоидат ба баланд бардоштани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок мебошад;
- Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ва «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ»;
- Ҷорӣ гардидани аввалин барномаи мобилӣ зери унвони (предлажения) “Андози ман” дар низоми пардохти андоз;
- Муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар дар заминаи ташкилу баргузории беш аз 12 форуму ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо иштироки доираи васеи соҳибкорону сармоягузоронӣ ватанию хориҷӣ. Ногуфта намонад, ки танҳо дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар маҷмуъ 52 созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 4,1 млрд доллар ба имзо расид.
- Бори аввал ташкилу баргузор намудани нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ, намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ дар Душанбе бо иштироки намондагони заиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла беш аз 200 коршиносони байналмилалӣ 50 ширкати истеҳсолӣ ва зиёда аз 100 соҳибкорони ватанӣ;
- Таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе;
- Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ҳаҷми 3,8 млрд. доллар пешниҳоди қарз ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ки ин нисбат ба соли гузашта, 400 млн. сомонӣ ё тақрибан 11,8 фоиз зиёд мебошад. Аммо бовуҷуди ин, ҳоло ҳам ҳиссаи соҳаи истеъмолот дар ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодгардида нисбат ба соҳаҳои истеҳсолӣ зиёд мебошад;
- Аз 371,6 ҳазор адади соли 2024 то ба 382,8 ҳазор адад афзоиши ёфтани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кмшвар;
- Ташкили беш аз 400 адад корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 3420 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бо иштироки фаъоли соҳибкорони ватанӣ.
- Ниҳоят дар доираи татбиқи барномаи дуюми ҳамкорӣ, маъқул донистани лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 50 млн. доллар аз ҷониби Бонки рушди Осиё ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави кории сабз, хусусан барои занҳо, пешниҳоди кумакпулиҳо барои субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи сабз, таъмини устувории фаъолияти тиҷоратӣ ва диверсификатсия бозор, таъсиси маркази дастгирии содиркунандагони хурд дар мамлакат.
Ҳамин тавр, аз факту рақам ва дастовардҳои баёнгардида метавон хулоса намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат, ҳамчун як барномаи мушаххаси воқеан амалишаванда ба ҳисоб рафта, натаҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, балки ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ва дар ин замина боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муҳиму ҳалкунанда дорад.
Ҳамзамон, ба андешаи мо чунин дастовардҳои зикргардида, танҳо дар давоми як сол, яъне аз Паём то Паём, ки заминаи асосии онро ҳали дастуру супориш ва ҳидоятҳои аҳаммияти стратегидоштаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, бори дигар собит менамоянд, ки Ҳукумакти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои Миллат ташаббускорӣ ҳали масъалаҳои марбуд ба таъмини рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Ин нуктаро боз ба он метавон асоснок намуд, ки Пешвои миллат ҳанӯз соли 2018-ум зимни ироаи Паёми навбатии худ, аз ҷумла иброз намуда буданд, ки ҳукумати кишвар доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодиёт буда, ислоҳотро дар ҷода минбаъд низ, яъне то вақте, ки бахши хусусии мамлакат, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид нагардад, идома хоҳем дод.
Дар ниҳоят, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки ҳоло бо вуҷуди он, ки дар нишондиҳандаҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва саҳми бузурги он, ки заминаи асосии онро мунтазам анденшидани чораҳои мушаххаси дастгирии давлатӣ, ташкил медиҳад, дар ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тамоюлҳои мусбат ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, вазъи пешгӯйи нашавандаи ҷаҳони муосир ва то рафт авҷ гирифтани рақобатҳои шадиди тиҷоратию иқтисодӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт пайваста дар талош бошем. Зеро дар шароити рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, рақобатпазир гардонидани иқтисоди миллӣ, ки бевосита ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя вобаста аст, имконпазир мебошад.
Одиназода А.И.
н.и.и., сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ