(Тоҷикӣ) МАСЪАЛАҲОИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ҳар сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми хешро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, бо ишора ба рушди устувори иқтисоди кишвар ва саҳми муассири соҳибкорон дар бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва рушду тараққии иқтисодиёт ироа гардид. Дар суханронии худ, Президенти мамлакат изҳор намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда, то имрӯз беш аз 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидаанд.

Дар баробари ин, Сарвари давлат қайд намуданд, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад. Чунин факту рақамҳо бевосита баёнгари нақши муҳим ва ҳалкунанда доштани фаъолияти соҳибкорӣ дар роҳи расидан ба мақсаду ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат мебошад.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми арзандаи бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ қайд намуданд, ки ҳоло ҳиссаи он дар сохтори истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва таъмини шуғли аҳолӣ 70 фоиз арзёбӣ мегардад. Дар ин радиф, ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳоди ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок зиёд карда шавад.

Ҳамзамон, ҳукумат ва масъулини соҳаро муваззаф намуданд, ки минбаъд ба ҳалли масъалаҳои зерин, аз ҷумла:

  • Осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ.
  • Таъсиси “Фонди кафолати қарзҳо” ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз. Зеро ҳоло бовуҷуди он, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил намуда бошад ҳам, вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояду халос.
  • Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи ва қабули “Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030 ва “Стратегияи рушди бозори сармоя”, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Дар натиҷаи мунтазам андешидани чораҳои мушаххас доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар мамлакат мунтазам афзуда, танҳо ба ҳолати 1 октябри соли 2025-ум 382,8 ҳазор ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14848 адад ё зиёда аз 4 дарсад зиёд мебошад.

Агар ин нишододро дар давоми чор соли охир аз рӯйи шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки муҳтавои он дар диаграммаи 1 оварда шудааст таҳлил намоем, пас дар ин давра шумораи шахсони ҳуқуқӣ 17 дарсад ва соҳибкорони инфиродӣ бошад ба андозаи 22396 адад ё  7 фоиз зиёд гардидааст.

Диаграммаи 1. – Шумораи субъектҳои  соҳибкории дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2021-2024 [2, с. 59, 63].

Тавре, ки аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 ба назар мерасад дар давоми солҳои 2021-2024 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар 28535 адад зиёд гардидааст, ки аз мавҷуд будани фазои хуб дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат дарак медиҳад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳо ба масълаи ҷалби ҳарчи бештари сармояи  ватанию хориҷӣ  ба  рушди иқтисодӣ кишвар аҳаммияти хосса зоҳир гардида, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, таъсиси корхонаҳои нави коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъданҳои фоиданок, металлҳои ранга ва қимматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахш бояд аҳаммияти муҳим зоҳир карда шавад”.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои зарӯрӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди иқтисоди кишвар сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Масалан, то соли 2024 дар кишвар 2,7 ҳазор адад корхонаҳо бо саҳми сармояи хориҷӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, соли 2024 ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми 5073,8 млн. доллар сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ 459,1 млн. доллар ворид гардидааст (диаг. 2).

Диаграммаи 2. Ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар дар солҳои 2021-2024

Сарчашма: таҳияи муаллиф тибқи маълумоти [3]

Тавре, ки аз диаграммаи 2 ба назарар мерасад, солӣ 2021 ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар 718,3 млн. доллар бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 5073,8 млн. доллар расид, ё ин ки  зиёда аз 7 маротиба нисбати соли 2021 афзоиш ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки танҳо дар нимсолаи якуми  соли 2025 дар заминаи қабули “Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ба кишвар дар ҳаҷми 3303,9 млн. доллар сармояи хориҷӣ  ворид шуд, ки ин нишондиҳада нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 59,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, мунтазам баланд гардидани сатҳи ҳавасмандии бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ замина гузошта, боиси он гардид, ки ҳаҷми ММД дар соли 2025 ба 173 млрд. сомонӣ расида, ки ин нисбат ба соли 2024 ба миқдори 8.3 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамин тавр, аз факту рақамҳои оварда метавон хулоса намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун як барномаи мушаххас ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Зеро, маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида, ин бахши такондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои нав ноил мегардад. Ҳамзамон, аз Паём то  Паём дар мамлакат бо иштироки бевоситаи соҳибкорон садҳо коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мегардад, ки ин ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ғани гардидани имкониятҳои буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

 

  1. https://prezident.tj/ [Захираи электронӣ], (Санаи муроҷиат 24.12.2025)
  2. Маҷмӯаи оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Январ-июн соли 2025, АОНПҶТ, с.62;
  3. https://investcom.tj/presscenter/news/596-ambasti-natiaoi-faolijati-kumitai-davlatii-sarmojaguzor-va-idorai.html

 

Бобоёров С.А.,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии

масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон